Толеъномаи 28 июн 2018
Дар атрофи шумо ошиқон ва умуман шумораи онҳое, ки ба шахсиятатон таваҷуҳи зиёд доранд меафзояд. Имрӯ аз намояндагони ҷинси муқобил таърифу тавсифи зиёде хоҳед шунид. Ҳарчанд шумо корӣ вазнини ҷисмонӣ намекунед, вале кори фикрӣ одамро зиёддтар хаста меунад. Барои дамгирӣ ҳатман вақт ҷудо кунед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз кор ба ҷойи дувум мегузарад, ҳатто барои сарвҳои кордӯстдор ва ҷиддӣ. Зеро ба таври ногаҳонӣ ошиқи шайдои ҳамкоратон ё шарики нави кориатон шуда, ҳама фикру зикратон ба ӯ банд хоҳад шуд. Худатон хуб медонед, ки чӣ ба саломатиатон зиён меоварад ва чи не, бинобар ин ин қоидавайронкунӣ накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дилатон ҳамеша дар таҳлукаву дар саратон фикрҳои манфӣ. Ин тарсу ваҳм ва хобҳои ошуфтаи шумо ягон сабабе надорад. Кӯшиш кунед фикрҳои мағшушро аз сар дур намуда дар фикри ҷиҳатҳои хушии зиндагӣ шавед. Вагарна ба ҳолати равониатон таъсири ногусастанӣ хоҳад гузошт.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои расидан ба мақсад аз таҷрибаи онҳое, ки роҳҳои кӯтоҳу то андозае мамнӯъро истифода мебаранд кор нагиред. Шумо имрӯз бояд барои дигарон намунаи хубӣ, ростқавлӣ ва мардигарӣ бошед. Нимаи дувуми рӯз маҷбур мешавед аз бюарои яке аз азизонатон нақшаи кориатонро вайрон кунед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Имрӯз шумо бояд интихоб кунед, ки аз паси дилхушӣ ва хушгузаронӣ мешавед ё вақтатонро пурра ба фаъолияти корӣ бахшед. Агар имрӯ ба қавле аз қафои ду харгӯш давед ягонтоашро ба даст намоваред. Ҳамчунин ҳангоми харид бояд байни интихоби либоси зебо ва мувофиқ интихоб кунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз шумо маҷбӯр мешавед, ҳама мушкилотатонро дар алоҳидагӣ рафъ кунед, зеро вазъиятҳои ногаҳонӣ шахсҳои мададгоратонро аз шумо дур мекунад. Лекин аз лиҳози дастгирии маънавӣ ва рӯҳӣ камбудие намебинед. Нимаи дувуми рӯз таваҷӯҳи зиёди ҷинси муқобил бовариатон ба худро зиёд мекунад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ҳаёти шахсиатон навгониҳои хурде бавуқӯъ омада, муносибататонро бо одамоне, ки бароятон азизанд хуб мегардад. Сабабҳои зиёде барои хушгузаронӣ пайдо мешавад, аммо вақт ба он мусоидат намекунад. Зеро дар коргоҳ корҳоятон хело зиёд шуда, барои хушгузаронӣ фурсат намеёбед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дахолати бадхоҳон имрӯз рафти корҳои шуморо мушкил мекунад. Шумо одати ноҳурматӣ кардан нисбати онҳое, ки дар мақом аз шумо болотар ҳастанд ба саратон бало меоварад. Эҳтимол бо роҳбар ва ё ҳамкорон баҳс мекунед. Дар муошират бо азизи дилатон эҳтиёткор бошед, зеро агар имрӯз дилашро ранҷонед як умр фаромуш нахоҳад кард.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Одати худхоҳӣ ва колангирии шумо боиси ҷанҷолу хархаша дар байни оилаву авлод мешавад. Зеро шумо мехоҳед дар болои ҳар касе ҳукмрон бошед. Эҳтимол маблағ ё ягон чизи меросӣ боиси нофаҳмие шавад. Коре, ки мехоҳед ба анҷом расонед бисёр паҳлӯҳои норавшан дорад. Беҳтараш шитобкорӣ накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар назди шумо саволе гузошта шудааст, ки ҷавоби фавриро талаб мекунад, аммо шумо наметавонед ба он ҷавоби дуруст диҳед, зеро маълумоти дақиқу даркориро надоред. Ҳарчанд мефаҳмед, ки вақтро кашол додан ба манфиати кори шумо нест. Нимаи дувуми рӯз дарки маънавиатон чунон баланд мешавад, ки агар ба эҳсосот роҳ надиҳед метавонед ба осони ғалабаро ба даст оваред.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Шумо бо иштиёқи тамом ба ину он дар бораи бурд ва дасмтоварҳои кориву шахсиатон наул мекунед. Мутаасифона ин коратон сафи душманон ва бадхоҳонатонро зиёд мекунад. Ва бо гирифтани маълумот аз даҳони худатон кӯшиш мекунанд ба шумо зарар расонанд. Хосориро пеша кунед аз оне, ки дастовардҳоятонро ба ҳамагон намегуед чизеро аз даст нахоҳед дод.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ғайрат ва нотарсиатон имрӯз дар ҳама корҳо ба шумо барор меоваранд. Шумо ба осонӣ ба корҳое дастмезанед, ки дигарон ҳатто дар борааш фикр карданба меҳаросанд. Нимаи дувуми рӯз мулоқотҳои ғайри расмӣ ва ошиқона шуморо интизор буда рӯз хушу хотирмон мегузарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ