Толеъномаи 28 сентябр 2018

Ҳамал  ( 21 март-20 апрел)

Марҳилаи хубест, барои ба даст овардани малбағҳои калон. Ҳама фикратонро ба пул банд накунед. Муҳаббатеро, ки дар паси даратон истодааст, қабул кунед. Дар роҳ ҳамеша эҳтиёткор бошед. Вақти дар сари чамбари мошин будан худатонро ба даст гиред.

Савр ( 21 апрел – 22 май) 

Саврҳо дар имрӯз хеле серташвиш мешаванд. Дар коргоҳ ва хона корҳои нотамомашон аз нав рӯ мехезад. Беҳтараш ҳамаашро ба як рӯз намонда, тақсим кунед, зеро дар ин фасли  қувваи зиёд сарф кардан, ба саломатиатон каме хатар дорад. Сарвҳо бояд ҳангоми рондани мошин боэҳитиёт бошанд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар соҳаи тиҷорат муваффақиятҳо шуморо ҳамсафар мешавад. Дар муҳаббат каме  нофаҳмиҳо дар байнатон  пайдо мешавад. Роҳбаратон барои ба кори дигар гузаштанатон норозигиашро баён медорад. Дар муносибат бо атрофиён эҳтиёткор бошед, зеро ранҷиши онҳо ба пешрафтатон монеъа  мешавад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Саратонро рӯзи пурбарор интизор аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки корҳое, ки дар нақша доред, ба баъд гузоред. Беҳтараш имрӯз ба тамошои табиат бароед, то ҳолати рӯҳиятон хуб шавад. Дар коргоҳ муносибати худро тағийр диҳед, зеро ин рафтори шумо ба кори ояндаатон халал мерасонад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Кӯшиш кунед, корҳои тиҷоратиро ба баъд  нагузоред ва лоиҳаҳои навро ба роҳбаратон пешниҳод намоед. Дар вақтҳои холӣ ба тамошо, сайру гашт, вохӯрии шиносон рафтанро фаромӯш накунад. Барои маблағе, ки сарф мешавад, зиёд  ғам нахӯред. Ситораҳо ба даст омадани даромади пулиро пешгӯйӣ мекунанд. Нисбати маҳбубаи худ бепарво набошед, зеро ҳар як занги шумо ба ӯ неруи  тоза мебахшад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ситораҳо ба нафароне, ки зери ин бурҷ қарор доранд ва ҷойи кори худро иваз карданианд, тавсия медиҳанд, ки аз ҳозир ҳуҷҷатҳояшонро омода намоянд. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон муносибати хубро ба роҳ монед. Ҳар як қадами шумо дар таҳти назорат аст. Пеш аз   ҳар сухане, ки мегӯед, фикр кунед. Супоришҳоро саривақт иҷро намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи навин бароятон  мушкилиҳоро пешгӯйӣ мекунанд, вале аз ин дилсард нашуда, барои ба ҳадаф расидан талош намоед. Чанд вақт аст, ки сару либоси нав хариданиед, акнун фурсаташ фаро расидааст. Муносибати дағалро аз худ дур кунед. Ҳамеша камбудии дигаронро кофтан низ дарди саратон мешавад.

Ақраб  ( 24 октябр- 22 ноябр)

Бо сабабҳои номаълум аввали рӯз худро нороҳат ҳис мекунед, вале дар миёни рӯз аз дур хабаре мешунавед, ки рӯҳияи шуморо дигар мекунад. Ҳангоми сари чанбари мошин нишастан, ҳамаи мушкилиҳоятонро як тараф гузоред, то аз хатар эмин бошед.

Қавс  ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар муносибати ошиқона каме нофаҳмиҳо ба миён меояд. Дар ин лаҳза худатонро ба даст гиред. Вақтҳои охир саломатиатон шуморо азият медиҳад. Нисбати ин чизи қиматҳо бетараф набошед. Дар охири рӯз ба аёдати падару модар рафтанро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аввали рӯз бо муноқиша рӯ ба  рӯ мешавед. Дар як муддати кӯтоҳ мегузарад, чунки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аз нобарории корҳоятон ғамгин нашавед. Бо атрофиён муносибати хуб фаромӯш намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аввали рӯз бо муноқиша рӯ ба  рӯ мешавед. Дар як муддати кӯтоҳ мегузарад, чунки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аз нобарории корҳоятон ғамгин нашавед. Бо атрофиён муносибати хуб фаромӯш намоед. Барои мулоқотҳои ошиқона мувофиқ нест.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар рӯзҳои истироҳат ба худатон ҷабр накунед. Корҳоятонро дар доираи вақти муайян иҷро намоед, чунки мондашавии зиёд, хастагии рӯҳиро ба миён меорад. Ҳутҳои  заҳматталаб бояд ба саросемагӣ роҳ надиҳанд, зеро хушмуомилагӣ ва ширинзабониатон душманонатонро зиёд мегардонад. Ба гапҳое, ки дар бораатон мегӯянд, аҳамият надиҳед. Вақт довар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *