Толеъномаи 28-уми апрели соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар дилатон майлу хоҳиши расидан ба вазифаҳои баланд ва ба даст овардани мансаб пайдо мешавад. Барои расидан ба дастовардҳои беназир ва беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ҳама гуна роҳу воситаҳоро истифода бурдан мехоҳед. Ба кумаку дастгирии ҳамсар ё наздикони худ умед баста метавонед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи хубест барои сафар. Дар хонаатон низ муҳити гуворо ҳукмфармо мегардад. Барои истироҳат ва кори эҷодӣ мусоид аст. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор ҳастанд, дар ин рӯз муваффақ мегарданд. Баъзе зодагони мучали савр дар вазифа боло мераванд ё бо нафарони дар вазифа болотар робитаи хуб барқарор менамоянд.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз эҳтимоли хуруҷ намудани бемориҳои дандону устухонҳо дар назар аст, инчунин бо сабаби истеъмоли ғизои номукаммал ё камхобӣ худро бад ҳис мекунед. Нисбати маҳсулоте, ки истеъмол мекунед, бодиққат назар намуда, хӯрокҳои худро гуногунранг гардонед. Барои хубтару бароҳат гаштани хобатон дар ҳавои тоза сайругашт намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нафароне, ки бо пешаи омӯзгорӣ ва таълиму тарбия машғул ҳастанд, маблағи хуб ба даст меоранд. Дар масъалаҳои молиявӣ пинҳонкор бошед, вагарна дахолати дигарон сабаби аз даст додани пулҳоятон мегардад. Дар масъалаи васиятнома ё андоз дучори муноқиша шуда метавонед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Бо роҳбарияти худ дағалӣ накунед, уҳдадориҳои худро сидқан ба анҷом расонед, он гоҳ ба мақсад расида метавонед. Шумо хеле кам ба амалҳои ҷасуронаву хатарнок даст мезанед. Як қоидаи муҳимро фаромӯш насозед, барои комёб гаштан бояд таваккал карданро омӯзед. Ба дӯстон кумак расонед, оид ба мушкили худ рӯирост гап занед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Зодагони мучали мизон бо атрофиён забон ёфта наметавонанд, вақте расидааст, ки вазъиятро ислоҳ кунед. Бештар бо одамон вақт гузаронед, барои пешниҳод кардани мавзуҳои нав барои суҳбат шарм надоред. Қабл аз он ки сари қарори муҳиме меоед, бо наздикони худ маслиҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва ҷасурӣ дар ин рӯз корҳои зиёдеро анҷом дода метавонед. Дар корҳои шубҳанок ширкат наварзед, беҳтараш аз рӯи нақшаи муайян амал намоед. Шумо одати дар сари эҳсосот ба қарори нодуруст омаданро доред, беҳтараш сари ҳар қарори худ нағзакак андеша намоед. Пулҳои худро барои чизҳои нодаркор сарф накунед, аз мағозаву бозоргардӣ худдорӣ намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шумо пайваста ба муошират ниёз доред, дар маркази диққати дӯстону наздикон будан хушатон меояд. Мушкилиҳои оилавӣ сабабгори ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон мегардад. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонҳоро интизор шавед. Ҷасурона шиносҳои нав пайдо карда метавонед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Маблағи пулии худро сарф накунед, беҳтараш аз ҳама гуна хароҷоти молиявӣ худдорӣ намоед. Рӯзи хубест барои ором сохтани асабҳо, ҷасурона ба ҳаммом рафта, истроҳат кунед. Барои бозору мағозагардӣ ва хариди чизҳои даркорӣ рӯзи мусоид аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Зодагони мучали далвро лозим аст, ки дар ин рӯз ба ғайбату овозаҳо эътибор надиҳанд. Атрофиён аксаран зодагони мучали далвро истифода мебаранд, вале онҳо инро дарк карда наметавонанд. Ҳама гуна иттилое, ки мешунавед, нағзакак санҷида бинед, вагарна дучори ғайбатҳои ногувор мегардед. Мулоқоти ошиқонаро ба таъхир гузоред.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯз бо моҷаро оғоз меёбад, агар боақлона амал кунед, муноқиша давом намеёбад. Нимаи дуюми рӯз пурмаҳсул меояд, мушкилоти молиявии худро ҳаллу фасл карда метавонед. Маблағи иловагие ба даст оварда метавонед, ки барои мағозаву бозоргардӣ сарф карда метавонед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ