Толеъномаи 28-уми июни соли 2022
Ҳамал
Дар ин рӯз бояд аз пайи беҳтар сохтани вазъи молиявӣ шавед. Нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, соҳиби вазифаи беҳтаре гашта метавонанд. Тарсу ҳароси беҳударо аз дил дур созед, муваффақ мегардед. Аз истеъмоли хӯрокҳои тунду шӯр худдорӣ намоед.
Савр
Рӯзи бобарор аст, орзуҳоятон амалӣ ва нақшаҳоятон татбиқ мегарданд. Ба ҳар гапе, ки нисбати худ мешунавед, диққат додаву руҳафтода нагардед. Хариди калон ба буҷаи оилавиятон таъсири калон мерасонад. Эҳтимоли руҳафтодагӣ ва каме нотоб шуданатон дар назар аст.
Ҷавзо
Дар ин рӯз имкони ба нафаре кумак расонидан ва дастгирӣ карданро пайдо менамоед. Зимни робита бо дӯстон гузашт карданро омӯзед. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ ва маблағгузории бебарор дучори руҳафтодагӣ мегардед. Айни замон ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон лозим нест.
Саратон
Дар ин рӯз нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Зукоми муқаррарӣ метавонад ба бемории ҷиддӣ мубаддал гардад, аз ин рӯ, сари вақт ба табиб муроҷиат карда, табобат гиред. Бештар истироҳат карда, нерӯятонро барқарор намоед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.
Асад
Дар ин рӯз бо тамоми ҳастӣ ба рӯзгори хушу пурсаодат майл мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат аз ишқбозиҳои яклаҳзаина худдорӣ намоед, вагарна аз яке мондаву аз дигаре ронда мешавед. Хабаре шуниданатон эҳтимол дорад, ки ба зиндагиву вазъи қарордоштаи шумо таъсири тақдирсоз мерасонад. Имкони хубро аз даст надиҳед.
Сунбула
Дар ин рӯз ҳаҷми хароҷот ва маблағеро, ки ба даст меоред, муқоиса намоед. Эҳтимол молеро харидорӣ мекунед, ки баргардониданаш имконнопазир мегардад. Ҳаёти шахсии худро зери назорат гирифта, дӯстдоштаи худро зиёд танқид накунед. Худ низ танқидро ба дил наздик қабул накунед.
Мизон
Дар ҳама кор дӯстони ҷонӣ дастгиру мададгоратон мегарданд. Шумо ҳатто имкони аз касе мадад пурсиданро пайдо намекунед. Муҳити оилавӣ аз чӣ гуна будани табъи мизонҳо вобастагӣ дорад. Агар назди худ мақсад гузоред, натиҷаҳои зиёдеро ноил мегардед. Зимни гуфтор дурандешона ҳарф ба забон оред.
Ақраб
Дар ин рӯз дучори мушкилиҳои муваққатии молиявӣ мегардед. Қарз гирифтану чизеро гарав монданро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди душвор будан мустақилона роҳи ҳалро пайдо намоед. Дар ҳаёти оилавӣ бо рафъ намудани мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногувор мешунавед.
Қавс
Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед. Дар роҳ ба вазъияти хатарнок дучор шуданатон имконпазир аст. Дар дохили шаҳр хеле боэҳтиёт бошед. Ҳодисаҳои манфии рӯзро ба дил наздик қабул накунед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, заҳмати зиёдатон сарф мегардад.
Ҷаддӣ
Қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйироти куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.
Далв
Дар ин рӯз ҳамкорон ба шумо сахт ҳасад мебаранд. Аз дастоварду зиёдшавии маоши худ ба касе чизе нагӯед. Ҳангоми ҳазлу шӯхӣ кардан андозаро нигоҳ доред. Тамоми нерӯи худро ҷамъ карда, аз уҳдаи рафъ сохтани мушкилиҳо ва фитнаву иғво мебароед. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед.
Ҳут
Дар ин рӯз ба комёбиҳои дигарон ҳасад набурда, софдилона меҳнат кунед. Барои нигоҳ доштани меҳру муҳаббат нисбати ёратон аз тамаъкориву манфиатҷӯӣ худдорӣ намоед. Агар дар масъалаҳои молиявӣ сари қарори дуруст биёед, сарватманд мегардед. Рағбати ҷинсиятон дар ин рӯз хеле зиёд мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ