Толеъномаи 28-уми майи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нимаи аввали рӯз барои робитаву вохӯриҳо мусоид аст. Агар дӯстон ё ҳамкорон ба кори муштарак даъват намоянд, саросемавор розӣ нашавед. Баъди нисфирӯзӣ нерӯи ҳаётиятон паст гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Маблағи пулие, ки интизор ҳастед, имрӯз ба даст оварда наметавонед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи санҷишу имтиҳон, тавбаву истиғфор аст. Аз тамоми ташвишу мушкилоти рӯзгор худро канор гиред. Маҳз бо ҳамин амал вазъиятро ҳаллу фасл карда метавонед. Дар хоб дидани раъду барқ ё осмони софу беғубор аз рух додани ҳодисаҳои ногувор дарак медиҳад. Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи бобарор аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз шумо ҳамсуҳбати хуб намешавед, зеро нуқтаи назари худро ҳатто дар масъалаҳое, ки чизеро намефаҳмед, пайгирӣ мекунед. Бо ин сабаб муноқиша рух медиҳад. Бо вуҷуди асабонияти зиёд худро ба даст гиред. Дар масъалаҳои ошиқона рӯзи бобарор аст. Маблағи худро захира намоед, аз пеш хариди калон карданатон имкон дорад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз нафароне, ки бо хирагӣ ба шумо наздик шудан мехоҳанду ба доираи дӯстонатон дохил намешаванд, ҳадяву туҳфаҳоро қабул накунед. Нафаре, ки ба шумо туҳфа медиҳад, бо ин роҳ мехоҳад шуморо муттаҳам намояд. Ҳодисаҳои ногувор муносибататонро бо дӯстон вайрон месозад.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи хубест барои истироҳати фаъол, корҳои вазнини ҷисмонӣ ё фаъолият дар ҳавои тоза. Имкони муноқиша карданатон ё дилранҷӣ бо дӯстон имкон дорад, зеро пайгирӣ намудани нуқтаи назаратон боиси асабонияти эшон мегардад. Агар харидани чизеро дар нақша дошта бошед, аз паяш шавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар вақтҳои охир машақцати зиёд мекашида бошед, вақте расидааст, ки истироҳат кунед. Зиндагии худро рангину гуворо созед. Аз робита бо нафароне, ки ғашатонро меоранд, худдорӣ намоед. Баъди нисфирӯзӣ ташвишу хавотирии зиёд меорад. Дар муносибатҳои ошиқона ҳама чиз аз шумо вобастагӣ дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба кумаку дастгирии нафаре сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. Дар ин давраи умр маҳз дӯстону шиносон ба кумакатон мешитобанд. Мушкилиҳои хурд ташвиши зиёд меоранд. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз кореро ба нақша нагиред. Чандон рӯзи бобарор нест ва бар замми ин, бемадориву камқувватиро эҳсос карда, эҳтимоли нотоб шуданатон зиёд аст. Аз ин рӯ, истироҳати бофароғат кунеду аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Нафароне, ки бо фурӯши маҳсулоти хӯрока машғуланд, маблағи хуб ба даст меоранд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар касбу коратон муваффақияти зиёд ба даст намеоред, вале натиҷаҳои хуб ба даст оварда метавонед. Уҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, бо ин амалатон дар назди ҳамкорону роҳбарият обрӯ намеёбед, баръакс мушкилатон зиёдтар мегардад. Табъатон хираву камқувватиро эҳсос мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Нимаи аввали ҳафта чандон мусоид нест, дар амалӣ сохтани орзуву ниятҳоятон камбудиҳои ночизу нофаҳмиҳо халал мерасонанд. Хастагиву асабоният боиси он мегардад, ки бо шахси бароятон азиз муноқиша мекунед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи душвор аст, уҳдадориву ташвишҳои иловагӣ ба саратон бор мегардад. Хабари ногувор ё маълумоти дурӯғ сабабгори ба ғалат роҳ доданатон мегардад. Маблағи зиёдатонро сарф кардан лозим меояд. Қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯйхати чизҳои даркориро тартиб дода, хароҷоти беҳуда накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи хуб аст, қисмати зиёди вақтатонро бо кори хонаву истироҳат сипарӣ менамоед. Барои ба сафар баромадану аёдати хешовандон ва нафарони бемор рӯзи бобарор аст. Ба нафароне, ки бахти худро пайдо кардан мехоҳанд, кунҷи хона нишастанро тавсия намедиҳем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ