толеънома

Толеъномаи 28-уми марти соли 2024

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Агар вақтҳои охир дар ҳалли масъалае душворӣ мекашидед, имрӯз кор ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, нисбати наздикон ботаҳаммул бошед, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Мушкилиҳои сарзадаи рӯзгорро бо қувваи худ рафъ карда метавонед. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Дар ин рӯз табъи дил истироҳат ва бо дӯстону шахси дӯстдошта вохӯрӣ карда метавонед. Шумо аз доираи нафароне ҳастед, ки ҳар як ҷашну маҳфилро ранги тоза мебахшед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме камбудӣ пайдо шуда, хушбахтона роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Реҷаи рӯзро риоя карда, аз бемориҳои зиёд эмин мемонед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар ин рӯз имкони пулкоркунӣ наёфта, чӣ кор карданро намедонед. Аз фикру хаёли зиёд бо наздикон муноқиша карданатон имконпазир аст. Хушбахтона кор ба муноқишаи ҷиддӣ намерасад. Нисбати тавсия ва маслиҳати табибон фориғболӣ накунед, нишонаҳои бемориҳои сарзадаро ба эътибор гиред. Мулоқоти ошиқона хастагиятонро рафъ месозад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Дар ин рӯз натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад. Нисбати дӯстдоштаи худ рашкро раво дида, бо ин роҳ муҳаббати худро собит намудан мехоҳед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, пурхӯрӣ низ ба саломатиятон зарар мерасонад. Бо нафароне, ки то ин дам забон ёфтанатон душвор буд, муросо карда метавонед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Вазъият тавре сурат мегирад, ки мушкилиҳои сарзадаро оромона рафъ карда метавонед. Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани муноқишаву баҳс ва нофаҳмӣ зиёд аст. Аз макру ҳиллаи нафароне, ки хуб намешиносед, эҳтиёт шавед. Худатон низ ҳангоми муошират ба касе фишор наоред. Вақте расидааст, ки ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоед. Баъди нисфирӯзӣ харидҳоятон бобарор мешавад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Ҳангоми рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба роҳи макру фиреб наравед ва ба таваккал роҳ надиҳед. Ҳамзамон барои амалӣ сохтани нақшаҳои дигарон низ кӯшиш ба харҷ надиҳед. Ба коре, ки дилатон моил нест, даст назанед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хуб ҷараён гирифта, дар ягон мавзӯъ баҳс намекунед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, худро хуб ҳис мекунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз беҳад серкор мешавед. Корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем. Аз касе қарз нагиред, вагарна дар баргардонидани пул душворӣ мекашед. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пушед. Нисбати дӯстдоштаатон рашки зиёд накунед, вагарна танҳо мемонед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Дар ин рӯз ба хотири наранҷидани дигарон худро дар азоб намонед. Ба хотири ба даст овардани маблағи калон саломатиро аз даст надиҳед. Бо вуҷуди серкорӣ дар вақташ истироҳат кардану хӯрок хӯрданро фаромӯш накунед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре шинос мешавед, ки дар як дам ошиқи шайдо гашта, табъатон болида мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед ва саломатиро дар хатар нагузоред. Дар масъалаҳои пулӣ ба хароҷоти беҳуда роҳ дода метавонед. Вохӯриҳои тақдирсоз зиндагиятонро тағйир медиҳанд. Ба нафаре, ки аз шумо кӯмаку дастгирӣ мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз аз баҳсу мунозираи зиёд худдорӣ намуда, беҳтараш истироҳати бофароғат кунед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, хароҷотатон калон мешавад. Ягона чизеро, ки дар ин рӯз хариданашро тавсия медиҳем, ин асбобҳои техникӣ аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед. Дар табобати бемориҳо маблағи зиёд сарф мекунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Мушкилиҳое, ки дар зиндагии шахсиятон сар мезананд, таъсирашро дар пешравии корҳоятон мегузоранд. Бо нафаре аз ҳамкорон муносибати ошиқона карданро тавсия намедиҳем. Аз ҳамкорони худ бе ибо маслиҳат пурсидан гиред. Сафарҳое, ки бо мақсади истироҳат мекунед, бобарор меанҷоманд. Дар дил кинаву адоват гирифтан боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Нафаре ба зиндагиятон бармегардад, ки пештар муносибати ошиқона доштед. Бо сабаби нофаҳмиҳои рухдода муносибати худро бо наздикон вайрон насозед. Ба бегонагон имкон надиҳед, ки ба зиндагиву корҳоятон дахолат намоянд. Бо худтабобаткунӣ машғул шуда, табобати бемориятонро душвортар месозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *