Толеъномаи 28-уми ноябри соли 2023
Ҳамал
Дар ҷодаи касбӣ ва муносибатҳои ошиқона шуморо бурдборӣ интизор аст. Ҳамаи ин натиҷаи кӯшишу заҳматҳои рӯзҳои қаблиятон аст. Рафту то ба имрӯз даст болои ҳам гузошта нишаста бошед, ба умеди муъҷиза нашавед. Баъзеҳоро вохӯриҳои ногаҳонӣ интизор аст. Бемориҳои сарзадаро музмин накарда, дарҳол ба табиб муроҷиат намоед.
Савр
Дар ин рӯз роҳҳои расидан ба қуллаи музаффариятро пайдо месозед. Ба пешравиҳоятон нафарони зиёде ҳасад мебаранд. Барои баъзе саврҳои муҷаррад рӯзи тақдирсоз аст. Эҳтимоли иваз намудани ҷойи зист, фурӯши хона ё бастани ақди никоҳ дар назар аст. Таваккалан ба коре машғул нашавед.
Ҷавзо
Ба касе чизеро ваъда надиҳед ва ба гапи атрофиён бовар накунед. Бо коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, машғул нашавед, инчунин ба ҷойҳои шубҳанок наравед. Агар тавсияҳои қайдшударо риоя намоед, рӯзи бобарор мешавад. Наздикон дар ҳама кор дастгирӣ мекунанд.
Саратон
Дар касбу коратон ягон тағйироти ҷиддӣ дида намешавад, вале беҳтар мебуд, ки бо корҳои аз уҳдааш мебаромада машғул шавед. Дар ҳаёти шахсиятон баъзе нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Хиёнати шахси дӯстдошта қалбатонро озор медиҳад. Беҳуда худро азоб надиҳед, руҳафтодагӣ боиси бемориятон мегардад.
Асад
Рӯзи бобарорест, пешравиҳои касбу коратонро ба атрофиён гуфта меболед. Кӯшишу ғайрати худро ба корҳое равона созед, ки самарабахш бошанд. Баъди нисфирӯзӣ нафаре ба вохӯрӣ даъват мекунад, ки сахт ба ӯ эътимод доред. Қарз додану қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.
Сунбула
Дар масъалаҳои молиявиатон воқеаи гуворо рух медиҳад. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, рӯзҳои наздик оиладор мешаванд. Тамоми мушкилоте, ки азиятатон медиҳад, ҳарчӣ зудтар рафъ карданатон лозим аст. Мушкилиҳои ҳуқуқӣ бе душворӣ рафъ мегарданд.
Мизон
Дар як ҷой истоданро маслиҳат намедиҳем. Шумо имкониятҳои беҳтарро аз даст додаед, аз ин рӯ, бо доштаи худ қаноат намоед. Бар зидди ҳунару маҳорати шумо рақибон чизе гуфта наметавонанд. Дар масъалаҳои молиявӣ бодиққат бошед, қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.
Ақраб
Хеле рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои сарзадаро бо осонӣ бартараф месозед. Ҳатто дар мушкилоти оилавӣ ҷиҳатҳои мусбиро пайдо намуда, дар масъалаҳои молиявӣ бошад, дӯсти наздикатон кӯмак мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат ба инҷиқӣ роҳ надиҳед, вагарна дӯстдоштатон аз шумо гурезон мешавад.
Қавс
Дар ин рӯз худро хеле хуб ҳис намуда, аз уҳдаи кори зиёде мебароед. Нофаҳмиҳое, ки дар ҷойи кор рух медиҳад, муваққатӣ аст, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли ба сафари берун аз шаҳр баромаданатон вуҷуд дорад. Нисбати шахси дӯстдошта меҳрубонӣ зоҳир намуда, бар ивазаш меҳрубонӣ мебинед.
Ҷаддӣ
Рӯзи пур аз воқеаҳои аҷибу хурсандибахш аст. Аз баҳсу мунозира бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон худдорӣ намоед. Дар ин рӯз ба хӯроки худ диққати хоса доданатон лозим аст. Баъди нисфирӯзӣ бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул шуда, хастагиро фаромӯш месозед. Ошиқон аз дидори ҳамдигар болидаруҳ мегарданд.
Далв
Рӯзи пур аз шодиву нишот аст, табассуми хурсандибахш ягон лаҳза шуморо тарк намесозад. Фаромӯш насозед, ки шуморо дӯст медоранду ба қадратон мерасанд ва муҳимаш аз ними гап мефаҳманд. Ягона чизе, ки шуморо ташвиш медиҳад, вазъи молиявӣ аст. Ба нозу нузи дӯстдоштаатон диққат надиҳед.
Ҳут
Ба супоришу дархости нафароне, ки дар таги дасташон кор мекунед, масъулияти бештар зоҳир намоед. Роҳбарият кӯшиши шуморо ҳатман қадр мекунад. Аз нафароне, ки пайваста аз зиндагӣ шиква мекунанд, дурӣ ҷӯед. Ба саломатӣ диққати бештар дода, ба хастагӣ роҳ надиҳед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ