толеънома

Толеъномаи 28-уми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки машғул мешавед, муваффақ мегардед. Уҳдадориҳои зиёдро ба дӯш нагиред, кореро, ки иҷро карда наметавонед, ба дӯш нагиред. Табъи нохуши худро дар коргоҳатон монда, оташи қаҳру ғазабатонро ба сари наздикон нарезед.

Савр (21 апрел-22 май)

Ҳалли масъалаҳои душворро то давраи мусоидтар мавқуф гузоред. Ба дурӯягӣ ва мунофиқӣ роҳ надиҳед. Агар ба ваъдаи додаи худ вафо накунед, обрӯятон дар назди атрофиён мерезад. Тамоми мушкилоти корӣ ва рӯзгорро яку якбора рафъ карда наметавонед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба мушкилоти вобаста ба касбу кор равона созед. Корҳоятон барор мегиранд. Агар дар рафъ нмудани мушкиле душворӣ кашидед, аз ҳамкорони худ кумак пурсида метавонед. Дӯстдоштаатон ташаббускории шуморо қадр мекунад, вале бемасъулиятиятон ғазабашро меорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба назаратон чунин мерасад, ки чархи гардун аз гардиш мондааст. Дар ин рӯз навигарие рух намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки коре накарда, бепарвоӣ намоед. Бо аҳли оила ва дар ҳузури шахси дӯстдоштаатон худро бо дили пур эҳсос мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар масъалаҳои зиёде бурд мекунед, вале беҳтараш бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдааш ба хубӣ баромада метавонед. Ба дӯстдорони машрубот дар ин рӯз нӯшидани бисёр хуб нест. Ба мулоқоти ошиқона рафтану изҳори муҳаббат карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар назди худ мақсадҳои дастрас мемонед, вале барои амалӣ сохтанаш зӯратон намерасад. Дар натиҷа душвориҳо зиёд гашта, сарҳисоби корро гум мекунед. Аз ин лиҳоз, ба шитобкорӣ роҳ надиҳеду эҳсосоти манфиро аз худ дур намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз қоидаҳои одии бехатарии техникиро риоя намуда, шумо аз ногувориҳо эмин мемонед. Худро аз нафарони бадқаҳру бадҷаҳл дур гиред. Рӯзи хубест барои харид кардану ба мағозаву бозор рафтан. Саломатии наздиконро таҳти назорати худ гиред, эҳтимоли бемор шудани нафаре вуҷуд дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон самимӣ бошед. Ба амалҳое, ки баъдан боиси сархамиву пушаймониятон мегарданд, даст назанед. Пешгирӣ намудани бемориҳои сироятиро фаромӯш накунед, вагарна табобат тӯл кашида, маблағи зиёдро талаб мекунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Тақдир нисбати шумо бениҳоят боилтифот мегардад. Агар лозим бошад, шарм надошта, аз дӯстону наздикони худ кумак пурсидан гиред. Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки нақши худро дар зиндагиятон мегузорад. Саломатии худро эҳтиёт намуда, бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо вуҷуди он, ки дар ин рӯз ташвишатон зиёд мегардад, саросема шуда, сари қарори қатъӣ наоед, вагарна ба худ зарар мерасонед. Аз атрофиёни худ талаби зиёд накунед. Шахси дӯстдоштаатон мушкили зиёде эҷод мекунад, беҳтараш нағмаҳои ӯро ба дил наздик нагиред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона ва корҳои эҷодӣ. Рафтори ғайриодии шуморо атрофиён хуб қабул мекунанд. Далвҳои муҷаррад ҷуфти худро пайдо месозанд. Нисбати бадхоҳони худ ботаҳаммул бошед, худро беҳуда сафед накунед, ҳақиқат рӯзе рӯи об мебарояд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Корҳоятон ба шарте бомуваффақият пеш мераванд, ки бо роҳи рост амал намоед. Шумо дар дилёбӣ хеле моҳир ҳастед ва ин хислататон дар бисёр масъалаҳо кумак мекунад. Бо шахси дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед. Вохӯриву шиносиҳои ногаҳонӣ имкон доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *