Толеъномаи 28-уми октябри соли 2023
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Ҳангоми сарф кардани маблағ боэҳтиёт бошед, имрӯз шумо пулро беҳуда сарф мекунед. Барои он ки чунин нашавад, қабл аз бозор ё мағоза рафтан рӯихати харидҳоятонро тартиб диҳед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ, дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромад шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Ошиқатон бо туҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби шумо ҳам мешавад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Шомро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷанҷол карданатон дар назар аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ақрабҳои муҷаррадро шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рӯятон механдад, кӯшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон худдорӣ намоед. Ба хабаре, ки охири рӯз мешунавед, тамоман бовар накунед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз бояд хеле босабру таҳаммул бошед. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад. Бо нафаре, ки дар наздатон дигаронро бадгӯӣ мекунад, риштаи дӯстиро канда созед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Барои он ки далвҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ӯро босаброна таҳаммул сохта тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд. Руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед. Беҳтараш ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред. Ба дӯстдоштаатон зуд-зуд занг заданро фаромӯш накунед, вагарна боз меранҷад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз дар ҳаётатон навигариҳои зиёд рух медиҳад. Агар зиракӣ кунед, пули муфт ба даст меоред. Шахсеро, ки дӯст мешуморед, бо ғайбату масхара аз пасатон душманӣ мекунад. Ҳутҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки бо як нигоҳ дилашонро ба ларза меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ