Толеъномаи 28-уми сентябри соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи пур аз ташвиш аст. Аз пайи анҷом додани корҳои нотамом шавед, вагарна рӯзҳои наздик тамоман вақти холӣ пайдо карда наметавонед. Барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Ба шахси дӯстдоштаи худ меҳрубонӣ зоҳир намоед, дар ҷавоб ҳатман меҳрубонӣ мебинед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи ором аст. Бо коре машғул шавед, ки аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Барои ҳаллу фасл намудани нақшаҳои дарозмуддат рӯзи хуб аст. Дар ҷодаи муҳаббат фиреб хӯрданатон имкон дорад, аз ин рӯ, бодиққат бошед. Имкон надиҳед, ки дар бораи шумо фикри бад кунанд, обрӯятонро нарезонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз на танҳо маблағ, балки вақтро сарфа карданатон лозим аст. Ба ҳаёт бо дили гарм нигаред ва зиндагиятон ранги дигар мегирад. Дар ҳаёти шахсӣ раҳмдилӣ ва нозукдилӣ ба фоидаатон мегардад. Агар бегоҳирӯзӣ сафари дур дошта бошед, пешакӣ тайёрӣ дида, баъдан ба роҳ бароед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба мушкилиҳое, ки дар касбу коратон пайдо мешаванд, омода бошед. Ба умеди кумаки нафаре нашавед. Нафароне, ки ҳамроҳатон кор мекунанд, садди роҳи пешравиҳоятон мегарданд, вале ин маънои онро надорад, ки аз мубориза даст кашед. Дар ҷодаи муҳаббат ба рашк роҳ надиҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар бисёр ҷодаҳои зиндагиятон муваффақ гашта, аз натиҷаи заҳматҳои худ қаноатманд мегардед. Танқиде, ки аз ҳамкорон нисбати худ мешунавед, дар сурати ҳақиқат доштанаш оромона қабул намоед. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед. Эҳтимоли нохуб гаштани саломатиятон вуҷуд дорад, аз шамолкашӣ ва бемориҳои музмин эҳтиёт шавед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Барои он ки ба ғалату камбудӣ роҳ надиҳед, аз хатоҳои пешинаи худ андеша намоед. Дар касбу кор хеле боэҳтиёт бошед, зеро хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Аз намудҳои фаъоли варзиш худдорӣ намоед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон дар ин рӯз зиёд аст. Бегоҳирӯзӣ бо собиқ дӯстдоштаи худ вомехӯред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз агар хоҳиш дошта бошед, куҳро зада талқон мекунед. Агар ба садои қалби худ гӯш андозед, аз нобарориҳо эмин мемонед. Нафаре мехоҳад шуморо ба кори бад талқин намояд, аз ин рӯ, эҳтиёт шавед. Бемориҳо аз каноратон гузашта мераванд, худро бардаму солим ҳис мекунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нафарони муҷарраде, ки баъди як ҳафтаи шиносшавӣ оиладор шудан мехоҳанд, ғалат мекунанд. Ошиқ шуданатон хуб аст, вале хуб мебуд, ки бештар ақли солимро ба кор баред. Давоми рӯз лоиҳаи самаранокеро пешниҳод мекунанд, ки даромади калон меорад. Сайругашти бегоҳирӯзӣ ба фоидаатон мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҳама коратон муваффақ мегардед, вале нисбати атрофиён дағалиро раво набинед. Ин рафторатон боиси дилсардӣ ва аз шумо дурӣ ҷустани дӯстонатон мегардад. Яку якбора чанд корро ба анҷом расонида наметавонед. Нисбати наздикони худ меҳрубон бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз хастагиро эҳсос карда, қобилияти кориятон паст мегардад. Мушкилиҳои сарзадаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед. Нафаре аз дӯстон шуморо барои пешравии корҳояш истифода бурдан мехоҳад. Агар худатон сабабгори чунин амали дӯстатон гашта бошед, шикоят накунед. Шиносоии нави ошиқона бароятон мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз пулро зиёду беҳуда сарф накунед. Маблағи ба даст овардаатонро барои хариди даркорӣ мавқуф гузоред. Қабл аз он ки ба дӯстдоштаатон бовар кунед, самимӣ будани муҳаббаташро аниқ намоед. Нафароне, ки ҷонибдори муҳаббати содиқанд, оромиву нишотро эҳсос мекунанд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз ба рафтори беандеша даст заданатон имкон дорад. Эҳтимол бадҷаҳлии шумо бо сабаби мушкилиҳои ҳаёти шахсиятон сар мезанад. Дар ин рӯз маъракаҳои ҷиддиро ба нақша нагиред. Дар муносибатҳои ошиқона ба рафтори ноҷо даст назанед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ