Толеъномаи 28 январи 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳамалҳо кӯшиши беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва хуштар сохтани табъи худро мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи корҳо табъи дили шумо ҷараён мегиранд. Дар байни атрофиён ман-манӣ накунед, пушаймон мешавед. Рӯзи олиест барои вохӯрии ошиқона.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз уҳдадориҳои худро бар дӯши ҳамкорони дигаратон бор накунед. Агар ба рухсатӣ баромаданӣ бошед, қаблан дар ин бора ба сардор хабар диҳед. Дар ҳаёти шахсӣ хафагиву нофаҳмӣ рух медиҳад, вале ба зудӣ бо ёратон оштӣ мешавед. Чунин рафтори шахси бароятон азиз табъатонро хира месозад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Беҳтараш ғами саломатиро хӯрда, болидаруҳ бошед. Барои иваз кардани ҷойи кор, кӯчидан ба хонаи нав ва нақшаи сафар кашидан рӯзи мусоид аст. Барои ба камбудиву хатогӣ роҳ надодан, ҳамаи корҳоятонро ба нақша гиред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ҳаёти шахсиву ҷойи кор сари қарорҳои ҷиддӣ наоед. Имрӯз табъатон гирифтаву дар дилатон чизе намеғунҷад. Беҳтараш бо беҳтар сохтани вазъи саломатӣ машғул шавед. Агар хоҳиш дошта бошед, аз пайи пайдо намудани ҷойи кори иловагӣ шавед. Маблағи калон қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Обрӯву нуфузи худро на танҳо дар хонавода, балки дар ҷойи кор баланд нигоҳ доред. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир шаъну шарафи шуморо рехта, ҳам хотиратон озурда гаштаасту ҳам мавқеи худро аз даст додаед. Барои аз чунин вазъият берун шудан оқилона рафтор намоед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз даромади пулии ногаҳонӣ, вохӯрии хотирмон ва як ҷаҳон таассурот шуморо интизор аст. Ҳар қадаре ба кор бо дасту дили гарм часпед, ҳамон андоза онро зудтару босифат ба анҷом мерасонед. Дар ҷодаи муҳаббат ба эҳсосот дода нашуда, ба ақли солим гӯш андозед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Тамоми фикру зикри мизонҳо барои дарёфти даромади иловагии пулӣ равон гаштааст. Вазъи молиявиатон душвор аст, аз ин лиҳоз сабрро пеша намуда, бо хости худ амал намоед. Агар хотири наздиконатонро шод гардонидан хоҳед, барояшон маъракаи хотирмон ташкил намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ақраб дар ин рӯз дар маркази диққати атрофиён қарор мегирад. Ҳатто дар кӯча намояндагони ҷинси муқобил ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Корҳои ҳаррӯзаро ба таъхир гузошта аз пайи корҳои муҳим шавед. Бегоҳ вазъи саломатиятон нохуб гаштанаш мумкин. Шамол кашида бошед, дарҳол аз пайи табобат шавед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз бояд ба нуқтаи назари ҳамкорон гӯш андозед, вагарна кор бо муноқиша анҷом меёбад. Ҳангоме, ки роҳбарият уҳдадориҳоро тақсим мекунад, пешсаф мегардед. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи олиҷаноб аст. Имкони бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гаштанатон вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Бо вуҷуди маоши хуб гирифтанатон пулро зиёд сарф накунед. Барои хонаву таҳсили фарзандон маблағи зиёд лозим мешавад. Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, тиҷорати муштаракро ба роҳ мемонед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯстон ба сауна ва зали варзишӣ рафтан хуб аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳангоми робита бо наздикон бодиққат бошеду ваъдаҳои ҳавоӣ надиҳед. Агар баногаҳ нафареро ранҷонед, муддати мадид бо шумо қаҳрӣ мегардад. Бо шарофати хонуми воломақоме нақшаҳои зиёдатон ҷомаи амал мепӯшанд. Ин бону кӯмаки пулӣ низ мерасонад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Муваффақият барору ҳамсафари ҳутҳое мегардад, ки қаблан тамоми корҳои худро ба нақша гирифта буданд. Бо қувваи дучанд аз уҳдаи тамоми корҳоятон мебароед. Нафаре кайҳо интизори изҳори муҳаббати шумо аст. Либосеро, ки бегоҳи ин рӯз харидорӣ мекунед, бобаракат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ