Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аввали рӯз ҳавобаландиро як тараф гузошта, бисёр ман-манӣ навкунед. Як гапи беҷо метавонад боиси сар задани моҷарои калон дар ҷойи коратон гардад. Шумо одамшинос нестед, бинобар ин, ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар интихоби дӯст эҳтиёткор бошед, то дӯстони душманамо дар сари роҳатон чоҳ накобанд. Нимаи дуюми рӯз барои вохўриҳои романтикӣ хуб аст, ба шарте, ки шумо одами озод бошед. Саврҳои оиладор бояд аз ишқбозиҳои бемаънӣ худро барканор гиранд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз қувваи ниҳоние шуморо ёвар гашта, ба амалӣ шудани орзуҳоятон кӯмак мерасонад. Айёми беҳтаранро аз даст надода, тамоми корҳои муҳиматонро ба сомон расонед. Тиҷорати саратонҳо барор мегирад. Касоне, ки дар сари вазифаанд, шартномаҳои муфид мебанданд, шарикони нави пурқувват меёбанд, пуштибон пайдо мекунанд. Саратонҳои ошиқ дар маъшуқабозӣ бояд каме эҳтиёткор бошанд, зеро хиёнат метавонад дар оила оташи ҷангу ҷанҷолро фурӯзон намояд. Қарз нагиред. Қарз баракати рӯзгори одамро парронда ӯро зору залил мегардонад.
Имрӯзро барои ҳамкорӣ, шарикӣ дар кор, додугирифт ва имзои шартномаҳо айёми беҳтарин аст. Шуморо сафари корӣ дар пеш аст. Комёбиҳоятон рашку ҳасуди ҳамкоронатонро меорад, бинобар ин, ситораҳо ба шумо эҳтиёт шуданро тавсия додаанд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат каме ҷасуртар бошед. Асадҳое, ки бо ёрашон қаҳрианд, ин руз бояд илоҷе карда дили маҳбуби ранҷидаашонро ёбанд, дар акси ҳол ба онҳо ҷудоӣ ва танҳоии дуру дароз таҳдид менамояд. Нимаи дуюми рӯз коратон ривоҷ гирифта даромади калон ба даст меоред.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз бештар ба саломатиятон аҳамият диҳед, зеро бо таъсири сармо хурӯҷ кардани бемориҳои куҳнашудаатон аз эҳтимол дур нест. Эҳтимол ба сумбулаҳои бекор пешниҳоди хуби корӣ шавад. Рад накарда ба кор шуруъ кунед, лозим шавад, донишу малакаи худро такмил медиҳед. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба манфиати шумост. Нимаи дуюми рӯз як хабари дурӯғ боиси сар задани ҷангу ҷанҷол дар байни шумо ва ҳамсар ё ошиқатон мегардад. Ба гапҳои бемаънӣ ва таънаю маломат ба рӯйи оташи ғазаби ёратон бензин напошед, ки хонаи бахтатон месӯзад. Кӯшиш намоед, ки бо гапи хубу нарм моҷароро хомӯшу сокит созед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз дар масъалаҳои оилавӣ каме мушкилиҳои пулию молӣ сар мезананд, бинобар ин шуморо лозим мешавад, ки сарчашмаҳои нави даромадро ҷӯё шавед. Метавонед қарз гирифта баъдан онро баргардонед. Мизонҳои танҳоро дар шабнишиние шиносоии хуб интизор аст. Маҳорати дилрабоиятонро ба кор бурда шумо дарвозаи бахтро ба рӯйи худ кушода метавонед. Охири рӯз сюрпризи ногаҳоние шуморо хурсанд мекунад. Дӯсти наздиктаринатон аз сафари тўлонӣ бар гашта бароятон чизеро туҳфа меорад, ки кайҳо дар орзуяш будед ё ба ягон орзуи наҷибатон мерасед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз ба ақрабҳо тавсия медиҳем, ки бештари вақташонро дар хона гузаронда ба кору бори хона ва масъалаҳои оилавиашон машғул шаванд. Аз рӯзи чоршанбе то ҷумъа ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт шавед, зеро хавфи ба садама дучор шуданатон вуҷуд дорад. Ситораҳо ҳангоми сару кор гирифтан бо ҳуҷҷатҳо низ ба шумо эҳтиёткориро тавсия додаанд. Ҳолати молиявиятон бетағйир мемонад. Озурда нашуда аз пайи коратон шавед, меҳнататон оқибат самари хуб медиҳад. Аслан дар ҳаёти ақрабҳо ягон чиз осон ба даст намеояд, вале онҳо қодиранд, ки бо ақлу фаросат ва маҳорату ҳунари зотиашон ҳаққи худро аз даҳони аждар ҳам бигиранд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз бо шахсони обрӯманд шинос шуданатон аз эҳтимол дур нест. Пешниҳодҳои хубӣ корӣ ва лоиҳаҳои нав шуморо шод мегардонанд. Даромади калон ба даст меоред. Фақат дар корҳои шарикӣ каме эҳтиёт шуданро ситораҳо ба шумо тавсия додаанд. Аз боварии якдигар истифода бурда ба фиребгарӣ даст назанед, вагарна сиратон фош гашта, шарманда мешавед ва манбаи даромадатонро аз даст медиҳед. Нимаи дуюми рӯз хариди калоне шуморо дар назар аст, вале баъди харид кардан пушаймон шуда дар фикри фурўхтанаш мешавед. Дар сарфи маблағ эҳтиёткор бошед, то ба кисаатон зарар нарасад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз мушкилӣ дар кор шуморо хаста мекунад. Шарм надошта ба роҳбаратон бигӯед, ки аз уҳдаи кор дар танҳоӣ намебароед, дар акси ҳол хастагии зиёд метавонад шуморо ба ягон беморӣ гирифтор намояд. Пешгирӣ аз табобат осонтару арзонтар аст-инро фаромӯш накунед! Нимаи дуюми рӯз ҷаддиҳои танҳоро шиносоии тақдирсозе дар назар аст, вале саросема нашуда дар бораи ёри наватон маълумоти кофӣ бигиред, то дар интихоби бахт хато карда дилшикаста нашавед. Даромади калони пулӣ ба даст наояд ҳам, зарурати қарзгирӣ шуморо пеш намеояд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз каме ба саломатӣ ва намуди зоҳириятон аҳамият диҳед. Асабҳои хароби шумо аз аввали рӯз диққати дўстонатонро ба худ мекашанд, агар ба онҳо бовар карда мушкили худро бигӯед, дар кушодани гиреҳаш кӯмак хоҳанд расонд. Ин шом дӯстдоштаатон аз боби хонадоршавӣ гап мекушояд. Худро ба нодонӣ назада ба як хулосаи аниқ биёед, вагарна қаҳр карда муносибаташро аз шумо тамоман меканад. Рӯзҳои истироҳат дар оилаатон як нофаҳмӣ рух дода оташи ҷангу ҷанҷолро баланд месозад. Кӯшиш намоед, ки асабонӣ нашуда бе доду фиғон ва дашному ҳақорат масъаларо ҳал намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз ситораҳо гӯё танҳо ба муроди дили ҳутҳо чашмак мезананд. Ба пеш ҳаракат карда орзую нақшаҳои бузургатонро амалӣ намоед. Саргузаштҳои аҷиби ошиқона шуморо мисли оҳанрабо ба худ мекашанд, вале дар як вақт аз паси чанд ишқ давидан чандон оқибати хуб надорад. Харидоронам бисёранд гуфта аз худ наравед, фаромӯш накунед, шикорчие, ки аз паси чанд заргӯш медавад, оқибат бе сайд мемонад. Як нафарро интихоб намуда хонаи бахтатонро бунёд созед. Охири рӯз аз баҳсу мунозира бо ҳамкоронатон дурӣ ҷӯед, зеро он ба манфиати шумо анҷом намеёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ