Толеъномаи 29 июн 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи тақдирсоз аст. Кӯшиш намоед, ки ба ҷои кор дер накунед. Дар сурати фаромӯш кардани мулоқоти ошиқона низ аз худатон хафа шавед. Умуман агар фориғболӣ кунед, комёбиву нишот насиби дигарон мегардад. Бегоҳирӯзӣ барои қабули меҳмон ва маъракаҳо созгор аст.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд. Ҳангоми ҳисобу китоби пул ва имзогузорӣ дар ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Якравӣ дар хуни шумост, вале имрӯз гузашт карда, бо дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед. Нисбати саломатии худ ва саломатӣ бепарвоӣ зоҳир накунед, эҳтимоли каме нотоб шуданатон вуҷуд дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо корҳои шахсӣ ва мустаҳкам сохтани саломатии худ машғул шавед. Дар рӯзгор тағйиротҳои калон аз қабили таъмир, харидани мебел ё муноқиша бо ҳамсояҳо имкон  дорад. Ҷавзоҳои муҷаррадро шиносоиҳои кутоҳмуддат интизор аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, ақибгардӣ мекунед. Аз кор хаста шуда, наздикон ба асабатон мерасанд. Сафари роҳи дурро ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъхир нагузоред.  Ҳар имкониятеро, ки аз даст медиҳед, дар оянда ба душворӣ ба даст меоред. Бо дӯстони дерин ва шиносҳоятон хоҳиши вохӯрданро пайдо мекунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Нисбати дӯстдоштаи худ мағруру ҳавобаланд нашавед. Агар шумо ошиқ шуда бошед, ин тасодуфӣ нест. Эҳсосоти худро дар доираи дӯстону ҳамкорон идора карданатон душвор мегардад ва кор бо баҳсу мунозира анҷом меёбад. Маслиҳати оқилонаи нафари воломақоме мавқеи шуморо устувор намуда, дар масъалаҳои молиявӣ кӯмак мерасонад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ба шахси дӯстдошта ва ба кори худ орзуву умедҳои зиёд дар дилатон пайдо мешавад. Ба назаратон чунин менамояд, ки ҳама аз шумо қарздоранд, вале худатон барои беҳтар сохтани зиндагӣ кӯшише ба харҷ намедиҳед. Барои хариди калон чандон рӯзи бобарор нест, беҳтараш пулро сарф кунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ба баъзе мушкилиҳо чашм пушиданро маслиҳат медиҳем. Хусусан агар ҳалли мушкилот ба шумо вобаста набошад, беҳтараш беҳуда худро асабӣ насозед. Баъд аз суҳбат бо яке аз хешовандони пиронсол асабатон хароб мегардад. Ба касе чизеро исбот накунед, вагарна ба ғайр аз саломатии аз дастрафта чизи дигаре ба даст намеоред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз чунон корҳоятон бисёр мешаванд, ки вақти сархорӣ намеёбед. Хайрият, ки дӯстони вафодор дар корҳои зиёде кӯмак расонида, маслиҳати оқилона медиҳанд. Имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо мекунед. Нафаронеро, ки дар зиндагӣ ба шумо кӯмак расонидаанд, фаромӯш насозед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи олиҷанобест, аз кор даромад ба даст меореду аз нафаре, ки дӯсташ медоред, изҳори муҳаббат мешунавед. Ба ҳодисаҳои рӯз бетарафӣ зоҳир накунед. Яке аз дӯстонатон барои мақсадҳои худ шуморо истифода бурдан мехоҳад. Хатари аз даст додани ганҷи бебаҳоятон вуҷуд дорад, аз ин рӯ боэҳтиёт бошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Қобилиятҳои пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Аз ҷониби нафароне, ки кайҳо боз ҳамкорӣ мекунед, фишори маънавӣ эҳсос карда мешавад. Ба хотири шахси дӯстдошта аз бисёр чизҳо гузашт карданатон лозим меояд. Руҳафтода нашавед, ба хотири муҳаббати асил ҷонфидоӣ арзанда аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз воқеаву ҳодисаҳо чунон зиёд мешаванд, ки ба хушбахтии худ боваратон намеояд. Ибораи «Хомӯшӣ тилло аст»-ро дар ин рӯз сармашқи зиндагии худ диҳед ва аз ғайбату бадгӯӣ худдорӣ намоед. Танҳо ба нафароне бовар кунед, ки дербоз ва хеле хуб мешиносед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз танҳо ба қувваи худ умед баста, истироҳат карданро низ фаромӯш насозед. Барои сафари берун аз шаҳр, истироҳат дар оғӯши табиат созгор аст. Эҳтимол бо нафаре вомехӯред, ки нисбаташ дар дил бетафовут нестед. Барои табобат рӯзи созгор нест, вале ба сартарошхона рафтанатон хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *