Толеъномаи 29 июн 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз бояд зиёд фикр накарда, зуд амал намоед. Вагарна то шумо ҳамаро дар тарозуи ақл бармекашед, ки рақибон ризқатонро аз таги биниатон мебаранд. дастгирӣ ва фаҳмиш аз ҷониби ақрабо шуморо шод мегардонад. Аммо азизи дилатон ба рафтори шумо эродҳои сахт мегирад. Аз ӯ наранҷед, чуноне мегӯянд «Дӯст гӯяд табарвор»

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ба ҳама имкониятҳо ва шароити муҳаёбуда барои дилхушӣкардан шумо ҳамеша ба роҳи рост равонаед. Ин покрафториатон шуморо дар чашми атрофиён боло мекунад. Эҳтимоли хароҷоти зиёд карданатон ба хотири кӯмак намудан ба яке аз наздикон вуҷуд дорад. Дахолати саривақтии яке аз ақрабои наздик ин хароҷотро кам мекунад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ сар мезанад, агар шумо нармтар бошеду истиҳола намоед, кор ба муноқиша намерасад. Нафароне, ки қисми зиёди маоши худро барои қарз месупоранд, боз хароҷоти ногаҳонӣ карданашон лозим меояд. Ҳангоми сафар эҳтиёткор бошед, эҳтимоли рух додани садама вуҷуд дорад. Нӯшидани нӯшокиҳои хунук ба саломатиятон бе таъсир намемонад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Фаромӯш насозед, ки оилаи тифоқ тамоми душвориҳоро паси сар месозад. Бо вуҷуди пеш омадани мушкилиҳо дар ин рӯз қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба қувваи худ умед бандед. Боэҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Нафарони оиладор табъи дили худ зиста наметавонанд, зеро талаботи наздиконро низ бояд ба инобат гирифта тавонанд..

 Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз ба ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, дасти мадад расониданро тавсия намедиҳем. Ҳама гуна сафарҳоро ба таъхир гузоред. Вақти бештари худро бо аҳли оила ва наздикон гузаронед. Метавонед бо таъмир ва ободонии хонаву дар машғул шавед. Диққати хосаи худро ба саломатӣ равона созед.  Сайругашт дар ҳавои тоза, хӯроки сервитамин ба саломатиятон таъсири хуб мерасонад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз наздиконатон ба дастгирии шумо ниёз пайдо мекунанд ва ба ғайр аз шумо касе наметавонад аз уҳдаи ин кор ба хубӣ барояд. Дар муноқишае, ки дар коргоҳатон сар мезанад, ҳамроҳ нашавед. Муносибататон бо ҳамсафари ҳаётӣ беҳтар ва рӯзгоратон ширин мегардад. Ҳама гуна нофаҳмиву мушкилиҳои оилавиро сари вақт бо якдигар ҳаллу фасл намуда, шумо аз дилсардиву муноқиша эмин мемонед. .

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз хабарҳои манфиро ба дил наздик қабул накунед, табъи худро хуш гиред ва мушкиле сар намезанад. Мушкилоти пулиро ба таъхир гузоред. Беҳтар мебуд агар масъалаҳои молиявиро ба шахси бароятон наздик бовар кунед. Эҳтимол сабабгори муноқишае мегардед ва рӯирост мавқеи худро ҷонибдорӣ карданатон лозим меояд. Минбаъд кӯшиш намоед, ки ба чунин ҳолатҳо гирифтор нашавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Шиносону наздикон аз шумо кӯмак пурсида, ба корҳое ҷалб месозанд, ки ягон алоқамандӣ надоред. Кӯшиш намоед, ки ба чунин ҳолатҳо гирифтор нашавед, вагарна корҳои худатон нотамом мемонад. Ба касе имкон надиҳед, ки аз меҳрубонии шумо сӯистифода баранд.  Дар муносибатҳои ошиқона ба дилатон шубҳа роҳ меёбад. Ба назаратон чунин менамояд, ки шуморо дигар дӯст намедоранд ё хиёнат мекунанд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Маблағи дар даст доштаро сарфакорона сарф намоед, рӯзҳои наздик ба пул эҳтиёҷатон бештар мегардад. Қавсҳое, ки ҷуфти худро пайдо накардаанд, вохӯрии тақдирсоз интизор аст. Дӯстдоштаи худро ба нишасти дӯстон набаред, эҳтимол миёнатон нофаҳмиву рашк сар мезанад. Ҷароҳатҳои ногаҳонӣ ё бемориҳо нақшаҳоятонро барбод медиҳанд ё дар муносибат бо атрофиён нофаҳмӣ сар мезанад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Вақте бо нафаре ҳамкорӣ кардан мехоҳед, ба ваъдаҳои ӯ пурра бовар накунед. Беҳтараш танҳо ба қувваи худ умед баста, аз асабхаробӣ эмин монед. Дар муносибат бо наздикон эҳтимоли сар задани низоъ вуҷуд дорад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна кор бо  муноқиша анҷом меёбад. Нафароне, ки оиладор ҳастанд,  ҳамсафари ҳаётӣ ташаббусҳоятонро дастгирӣ мекунад. Ба шахсони муҷаррад имрӯз ба мулоқоти ошиқона рафтанро тавсия намедиҳем.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Мушкилоти ночизро як тараф гузошта, танҳо фикри кори муҳимтарини худро кунед. Ҳамзамон дар ин рӯз ба саломатии худ диққати хоса диҳед. Дар ин давра эҳтимоли шамол кашиданатон зиёд аст. Риоя намудани реҷаи рӯз низ ба ҳолати саломатиятон таъсири мусбӣ мерасонад. Нафарони ошиқ қисми зиёди маблағи худро барои туҳфаву дилхушиҳо сарф мекунанд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар касбу коратон пешравиҳо дида мешавад, вале дар  муносибататон бо ҳамкорон сардӣ ҳис карда мешавад. Нафарони муҷаррад бахти худро аз миёни атрофиён пайдо карда метавонанд. Маблағи зиёди худро барои харидани туҳфа ба дӯстдошта ва фарзандон сарф накунед. Фаромӯш насозед, ки ҳеҷ гоҳ пулу туҳфа ҷои меҳрубониву ғамхориро гирифта наметавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *