Толеъномаи 29 май 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ҳамалҳои муҷаррадро вохӯриҳои ошиқона дар назар аст. Агар  ба тиҷорат машғул ҳастед, охири рӯз даромади калоне шуморо  интизор аст. Нисбат ба саломатии пайвандонатон бепарво набошед. Ҳангоми рондани мошин эҳтиёткориро фаромӯш накунед.  Аз рафтан ба мулоқотҳои ошиқона худдорӣ намоед беҳтар.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз ёри раҳдуратон хабари нав мешунавед. Хариди калон ва сафари роҳи дурро ба нақша нагиред. Нимаи дувуми рӯз бо ҳамсаратон каме гапатон мегурезад. Барои барқарорсозии муносибат сабрро пеша кунед ва фаромӯш насозед, ки аз узрпурсӣ касе паст намешавад. Махсусан агар гуноҳ аз шумо сарзада бошад. Барои оромии асабҳо дар ҳавои тоза бештар сайругашт кунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз барои ҷавзоҳои тоҷир каме бебарор маҳсуб меёбад. Аз ҷониби шарики кориатон эҳтимол фиреб мехӯред ва ин ба ҳамёнатон зиёни калон меорад. Нисбати саломатиатон бепарво набошед, вагарна бемории ирсӣ хурӯҷ намуда, вазъиятатон бад мешавад. Охири рӯз аз ҷониби оне, ки дар орзуяш будед изҳори муҳаббат мегиред. Фурсатро ғанимат шуморида пешниҳоди издивоҷ кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар коргоҳ  бо яке аз ҳамкасбон муноқиша мекунед ва агар сари вақт мушкилиро ҳал накунед аз кор ронда мешавед. Бо атрофиён бояд муносибати хуб дошта бошед. Ба норасогиҳои хонаводагӣ диққати махсус диҳед. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё бозор эҳтимол ҳамёнатонро дуздон мерабоянд. Агар хоҳед, ки коратон пешрафт кунад аз паси гапу калочаи мардум нагардед. Барои хариди либоси нав ва таҷҳизоти хона рӯзи мувофиқ аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Шумо табиатан шахси ҳассос ҳастед ва ҳар гапро зуд ба дил мегиред. Вале ин рӯз агар ин хислататонро рафъ накунед ба хастагии равонӣ гирифтор мешавед. Кӯшиш кунед аз муноқиша ва муошират бо одамоне, ки писанди дилатон нестанд дурӣ ҷуед.  Вақтҳои холигиатонро дар иҳотаи пайвандон гузаронед. Охири рӯз қарздоре қарзатонро бармегардонад. Маблағро беҳуда хароҷот накунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Шумо имрӯз ба андозае қобилияти ояндабиниро пайдо мекунед. Хобҳои  аҷибе, ки давоми чанд шаби охир мебинед то андозае пешгӯии ҳаёти ояндаи шумост.  Нимаи дувуми рӯз бо дӯстон ба сафари берун аз шаҳр мебароед. Аз муошират дар сомонаҳои иҷтимоӣ ягон суде ба даст намеоред. Беҳтараш вақти хешро баҳри нигоҳубин ва меҳрубонӣ ба волидайн ва ашхосе, ки бароятон хизмат кардаанд сарф намоед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Давоми рӯз пур аз нерӯи тозаед ва қодир ҳастед, ки нақшаҳои мушкилтаринатонро дар амал татбиқ кунед. Барои ин бояд ба рафтор ва кирдори хеш аз тарафи дигар назар кунед, шояд пайдо мешаванд норасоиҳое, ки мехоҳед бартараф намоед. Яъне дигаргуниро аз худ оғоз кунед. Охири рӯз бо шахси абарқудрате ошноӣ пайдо мекунед, ки барои ба мақсад расиданатон кумак мекунад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ақрабҳоро имрӯз барои худ бисёр чизҳои навро кашф мекунанд. Махсусан хоҳиши илмомӯзии донишҷӯён зиёд гардида, ҳама санҷишу имтиҳонҳоро бе мушкили месупоред. Фурсати он расидааст, ки идеали хешро интихоб намоед ва баҳри расидан ба ӯ ҳаракат намоед.  Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ҳамин рӯз шахсеро вомехӯред, ки устоди маънавии шумо мешавад

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Якрангии ҳаёт шуморо дилгир сохта, дилатон моили навгониҳо мешавад. Мехоҳед масъулиятҳои куҳанро аз душатон афканед ва ба ҳаётатон навгониҳо ворид намоед. Ҳатто маъшуқаатонро низ иваз мекунед. Барои қонеъ намудани талаботҳои нафси хеш аз ҳар воситае истифода мебаред. Лекин дар охир бо дарки оне, ки ҳамсаратонро касе иваз карда наметавонад ба назди пайвандон бармегардед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз ба ободии хонаатон саъю кӯшиш намоед. Аз корҳои беҳудае, ки айни ҳол ба анҷом нарасонидаед, даст кашед. Саломатиатонро фаромӯш насозед, зеро дар рутубати зиёд дарди гурда ва сулфа азиятатон медиҳад. Дар коргоҳ ягон навгоние ба назар намерасад. Барои ба қуллаи мақсад расидан ҳоло бояд зиёд заҳмат кашед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Хабарчинҳо бо гуфтани овозаҳои гуногун табъатонро хира месозад. Парешонхотирӣ ва асабонии зиёд  масъалаҳои сарбастаро пешорӯятон мегузорад. Муносибатро дар коргоҳ хуб намоед, зеро мувафақиятатон дар забонатон аст. Барои оромии асабҳо аз гиёҳҳои табиӣ истифода баред.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар нимаи дувуми рӯз хабаре мешунавед, ки дубора ба зиндагӣ дилгарм мешавед. Пешниҳоди хонадоршавиро якбора рад кардан лозим нест. Ба кори нав гузаштанатонро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, вале барои интихоби ҷойи кори нав хуб андеша карданатон лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *