Толеъномаи 29-уми августи соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи серташвиш бошад ҳам, ҳеҷ дасту дилатон ба кор намеравад. Ҳангоми идоракунии нақлиёт ва гузаштан аз роҳи мошин эҳтиёткор бошед. Зиёд ба эҳсосот дода нашавед, то ки боиси муноқиша бо атрофиён нагардед. Саломатиатон ташвиш надиҳад ҳам, бепарвоӣ накунед.
Савр (21 апрел—22 май)
Рӯзи бобарор аст. Кореро, ки имрӯз оғоз мекунед, анҷоми бобарор интизор аст. Дилдодагонро мулоқоти ошиқона руҳи тоза мебахшад. Мушкилоти кориро ба хона набаред. Нисбат ба волидайн меҳрубон бошед. Хабари ногаҳонӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Як рӯзи муқаррарӣ буда, ягон навгоние дар назар нест. Ба ҳавас дода шуда, хароҷоти зиёд накунед, то тангдастӣ накашед. Барои беҳ гардонидани саломатӣ ба он чизе, ки истеъмол мекунед, бештар аҳамият диҳед. Бегоҳ зудтар аз кор баромада, ба назди пайвандон равед, зеро ягона хайрхоҳи шумо онҳоянд, на дӯстони кунуниатон.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз пур аз нерӯи тозаед ва бо хушӣ аз паси иҷрои ҳар коре мешавед. Талошу кӯшишҳоятонро роҳбарият ба инобат мегирад ва подоши онро медиҳад. Аз мулоқоти ошиқона худдорӣ намоед. Нафарони фарзанддор бо мушкилоти ҷигарбандони худ банд мешаванд.
Асад (23 июл-23 август)
Вазъи молиявиатон чандон хуб набуда, аз ин каме руҳафтодаед. Барои хуб кардани шароит, беҳтар мебуд фикратонро ба кор равона кунед, аз ғамхӯрӣ чизе ба даст намеояд. Сайругашт дар ҳавои тоза ба фоидаи саломатист. Бо оилаву наздикон дағалрафторӣ накунед, онҳо низ аз нобарории шумо нороҳатанд.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи пур аз воқеаҳои аҷиб ва вохӯриҳои хотирмон аст. Муҳаббати худро дар он ҷое вомехӯред, ки тамоман чашминтизор набудед. Даромади ногаҳоии пулӣ дар назар аст. Саломатиатон низ хуб буда, имрӯз шуморо ташвиш намедиҳад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Нисбат ба дилдодаатон зиёд сахтгирӣ накунед. Вай аз рашки беасоси шумо дилгир гаштаву эҳтимол таркатон созад. Имрӯз як пешниҳоди ҷолибе мегиред, вале беҳтараш аз қабули он даст кашед, зеро оқибати нохуш ба бор меорад. Барои оромиши асабҳо сайругашт дар ҳавои тоза ва гирифтани маҳс хуб аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Асабҳоятон каме ноором буда, вазъият боиси баҳс бо роҳбарият мегардад. Дар ин рӯз беҳтар аст дар ягон ҳуҷҷати муҳим имзо нагузоред. Вохӯрии хушу хотирмони ошиқонае дар назар аст. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ даст кашед. Барои аёдати волидайн рӯзи хуб аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба корҳои ҳаррӯза машғул шудан намехоҳед, вале беҳтараш ҳушатонро ба сар гиреду нисбати кор ҷиддӣ бошед. Аз муноқиша ва баҳс бо атрофиён худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатон мунтазири таваҷҷуҳи шумост, нисбаташ бемеҳрӣ накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Вазъи саломатиатон дар ин рӯз боиси ташвиш мегардад. Беҳтараш ҳама корро ба таъхир гузошта, аз пайи саломатӣ шавед. Дастгирӣ ва кумаки пайвандон бароятон имрӯз зарур аст. Нафарони ошиқро лозим аст, ки нисбати дӯстдоштаи худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар коргоҳ баъзе камбудиҳо ба вуҷуд меоянд, ки тамоми рӯз боиси асабонияти шумо мегарданд. Нимаи дувуми рӯз навгонии аҷибе шуморо мунтазир аст. Рӯз барои хариди калон мувофиқ нест. Барои истироҳат ва саёҳати берун аз шаҳр вақти муносиб аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Аввали рӯз аз яке аз дӯстон пешниҳоди ҷолиб мегиред, агар онро қабул кунед, дар ояндаи наздик бароятон манфиатҳо меорад. Дар коргоҳ ягон навгоние нест. Саломатиатон низ хуб буда, шуморо ташвиш намедиҳад. Сафар ба зодгоҳ ва аёдати хешовандони дур барои қавитар гардонидани муносибатҳо иқдоми хубе хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ