Толеъномаи 29-уми июни соли 2022
Ҳамал
Дар ин рӯз аз уҳдаи мушкилиҳо бо осонӣ баромада, худатон ҳайрон мешавед. Қарзҳоятонро бармегардонанд. Хариди калон накунед, сарфакор бошед. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Эҳтимол муҳаббати худро пайдо месозед. Шумо ба истроҳати бофароғат ниёз доред.
Савр
Дар ин рӯз эҳтимол бо атрофиён муноқиша карда, худро идора карда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки аз рафтори шумо комёбиҳои молиявӣ, муносибатҳои ошиқона ва ҳолати руҳиятон вобастагӣ дорад. Машқҳои ҷисмонӣ боиси беҳтар гаштани саломатиятон мегарданд.
Ҷавзо
Барои мардҳо чандон рӯзи бобарор нест. Худро ба даст гирифтанатон мушкил мешавад ва дар гуфтор ба дағалӣ роҳ дода, бо атрофиён муноқиша мекунед. Ба саломатии худ ва наздикон диққат диҳед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт бошед.
Саратон
Рӯзи аҷиб аст, чизе наметавонад шуморо аз роҳи рост гардонад. Барои расидан ба мақсад аз ҳама гуна роҳу усулҳо истифода бурданро маслиҳат намедиҳем, вагарна ба вазъиятҳои ногувор гирифтор мешавед. Ҳангоми сафари роҳи дур чораҳои бехатариро риоя намоед.
Асад
Дар ин рӯз бо ҳар нафаре, ки рӯ ба рӯ мешавед, баҳс накунед. Баъзан ба маънии суҳбат ё баҳс сарфаҳм намеравед, вале ин муҳим нест. Саломатиятон диққати махсусро металабад, аз ин рў, ба пурхўрӣ роҳ надиҳед. Хабари хуше, ки имрўз мешунавед, дар ҳаёти шахсиятон тағйирот ворид месозад.
Сунбула
Рӯзи душвор аст. Аз ҷониби нафароне, ки шумо дӯсти худ намешуморидед, дастгириву кумак мебинед. Сайругашти баъди нисфирӯзӣ табъатонро болида месозад. Дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт шавед, аз ҷониби нафарони тамаъкор фиреб хӯрданатон имкон дорад.
Мизон
Дар ин рӯз ба орзуи деринаи худ мерасед. Дастовардҳоятонро роҳбарият қадр намуда, маошатон зиёд мегардад. Барои бастани ақди никоҳ рӯзи созгор аст. Мизонҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки дӯстияшон ба муҳаббат мубаддал мегардад.
Ақраб
Дар ин рӯз ба ҳолатҳои ногуворе гирифтор шуда, танҳо бо кумаки нафаре аз он берун мегардед, ки қаблан ба ӯ диққат намедодед. Табъи болида боиси хуш гузаштани рӯз ва рафъ гаштани мушкилиҳоятон мегардад. Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.
Қавс
Дар ин рӯз аз шахси наздикатон туҳфа мегиред ё хабари хуш мешунавед. Муваққатан кор, мушкилиҳои молиявиро фаромӯш месозед. Дӯстдоштаатон аз рашк муноқиша мекунад, нафаре аз пуштатон кинаву адоват дорад, ҳамсафари ҳаётӣ дилатонро меранҷонад. Суҳбатҳои хушку холӣ ва баҳсҳои бемаънӣ вақти зиёдатонро мегиранд.
Ҷаддӣ
Бо нафаре, ки дӯсташ медоред, самимиву меҳрубон бошед. Худдориву таҳаммул дар муносибатҳои ошиқона фоида намеорад. Эҳтимол даромади ногаҳонии пулӣ ба даст меоред. Табъатон яку якбора тағйир ёфта, бо ҳамкорон муноқиша карданатон имкон дорад. Барои берун омадан аз вазъияти баамаломада кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.
Далв
Дар ин рӯз ғайриихтиёр дар дасисабозиҳои ҷойи кор ширкат меварзед. Мутаассифона, истироҳат кардан муяссаратон намегардад. Бо сабаби фориғболӣ бо дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша мекунед. Дар хулосабарорӣ ва талабу иддао саросема нашавед.
Ҳут
Рӯзи душвор аст. Меҳнати зиёду пурмашаққат боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Сафари худро ба таъхир гузоред. Нуктасанҷӣ дар масъалаҳои молиявӣ боиси беҳтар шудани буҷаи оила ва баргардонидани маблағи аздастрафта мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ