Толеъномаи 29-уми июни соли 2023
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯз серташвиш ва бе дастовард мешавад. Масъулият ва ҷавобгариҳои иловагиеро ба дӯш мегиред. Дар баҳсу мунозираҳо ширкат наварзед, беҳтар аст. Дар ҳаёти оилавиатон ягон навгоние ба назар намерасад. Барои беҳдошти саломатӣ давоми рӯз бештар об нӯшиданатон лозим аст.
Савр (21 апрел—22 май)
Бо шунидани хабари ғайриинтизоре хушҳол мешавед. Агар аз фурсати қулай ба хубӣ истифода бурда тавонед, ҳаётатонро ба куллӣ тағйир медиҳед. Барои сафари роҳи дур рӯзи мувофиқ нест. Саломатиатон имрӯз ташвиш намедиҳад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз дастовардҳои молиатон зиёд мешавад. Бо кумаки дӯстони наздик кори наверо оғоз мекунед, ки дар оянда ба шумо манфиатҳо меорад. Барои саёҳат ва истироҳат шоми имрӯз мувофиқ аст. Барои нафарони дилкасал дар ҳавои гарм гаштанро тавсия намедиҳем.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аввали рӯз яке аз ҳамкасбон нотоб мешавад ва шумо маҷбур мешавед, ки корҳои ӯро низ ба анҷом расонед. Барои рафъи хастагӣ бо дӯстон бегоҳ сари як пиёла чой ҷамъ оед, хуб мешавад. Барои рафтан ба мулоқоти ошиқона рӯз мувофиқ нест. Кӯшиш кунед, ки айни гармии рӯз ба берун набароед.
Асад (23 июл-23 август)
Ҳар шиносоии наве, ки имрӯз тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад, бар зарари шумо хоҳад буд. Аз рафтан ба маҷлису маъракаҳои серодам худдорӣ намоед. Диққати бештари худро ба тарбияи фарзандон ва муошират бо пайвандон равона кунед.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Яке аз ҳамкорон мехоҳад қасдан шуморо асабонӣ созад, то ба хатое даст занед, ки ислоҳ карданаш мушкил мешавад. Оромиро нигоҳ доред ва аз муоширати зиёд худдорӣ намоед. Шом ба хонаатон меҳмоне меояд, ки аз диданаш хушҳол мешавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Зиёд дар олами орзуҳо сайр накунед ва ба замини ҳақиқат фуруд оед. Барои он, ки шумо ҳатто дар гӯшаи хаёлаш намерасед, ҳамсари хешро танҳо нагузоред. Ошиқ шуданатон ба касбу кор низ таъсир гузоштааст, агар аз роҳбар гап шунидан нахоҳед, аз паси кор шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Кӯшиш кунед, ки корҳои супориширо сари вақт ба анҷом расонед, то маҷбур нашавед, ки дар пеши роҳбар худро сафед кунед. Нимаи дуюми рӯз бештари нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Кӯшиш кунед, ки хӯроки шомро ҳамроҳи пайвандон тановул намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз аз ҷониби каси бегонае кумак мерасад, ки ҳамаи мушкилатонро ба як бор ҳал мекунад. Аз шомил шудан ба ягон хел ташкилот дур бошед. Барои харид кардан ё ба меҳмонӣ даъват намудан рӯзи мувофиқ нест.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз вохӯриҳои корӣ дар назар аст. Шиносоии нав роҳи корро бароятон кушода менамояд. Дар ҳаёти шахсиатон низ навгониҳое ба амал меоянд. Аз пурхӯрӣ парҳез намоед. Эҳтимол ба мулоқоти ошиқона низ даъват шавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Супоришҳои роҳбарро сари вақт иҷро намоед ва вақти худро бесамар нагузаронед. Ҳарчанд ба дӯстдоштаатон бовар надоред, лекин боз ҳам бадгумонӣ накунед, шояд андешаи шумо ғалат бошад. Асабонияти зиёд боиси сардардии шадид мешавад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ҳар кореро, ки оғоз намуда будед, кӯшиш намоед дар ин рӯз ба анҷом расонед. Барои мулоқот вақти зиёд сарф накунед. Барои онҳое, ки бо тиҷорат сарукор доранд, рӯзи мушкил мешавад. Аз сафар бо ашхоси ношинос худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ