Толеъномаи 29-уми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои мустаҳкам сохтани обрӯву нуфузатон дар ҷодаи касбу кор рӯзи мусоид аст. Метавонед корҳои қаблан саркардаро ба анҷом расонед. Ба кори нав даст заданӣ бошед, хеле эҳтиёткор бошед. Хайрхоҳу саховатманд бошед, ба нафаре, ки аз шумо кумак мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар тамоми ҷодаҳои фаъолияти худ аз тағйирот гурезед, вагарна вазъият табъи дили шумо сурат намегирад. Метавонед бо дӯстони пештараи худ робитаро аз нав барқарор намуда, боиси комёбиҳои нав гардед. Бо атрофиён муноқиша накунед, тамоми мушкилоти сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо корҳои муҳим ва вохӯриҳо машғул шавед. Агар лаҳзае бекор шавед, ба маъракаву нишасти дӯстон рафта, хотиратонро шод гардонед. Агар дар ҳама кор фаъолнокӣ нишон диҳед, фоидаи бештаре ба даст оварда метавонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бе ягон кӯшишу заҳмат комёбиҳои калонро ноил мегардед. Барои хариди калон ва ободонии хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҷодаи муҳаббат навигариҳои гуворо ва шиносоиҳои тақдирсоз имкон доранд. Эҳтимоли шамол хӯрдану гирифтори зуком шуданатон дар назар аст.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз бо корҳое машғул шуданатон лозим меояд, ки хеле зарур ва ҳатмӣ бошанд. Агар танбалӣ накунед, аз натиҷаи кор шод мегардед. Агар истироҳат кардану вақти худро хуш гузаронидан хоҳед, дар ин рӯз табъи дил дилхушӣ мекунед. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест.
Сумбула (24 август-23 сентябр)
Вақте расидааст, ки каме истироҳат кунед. Агар чунин имкон надошта бошед, танҳо бо корҳои муҳим машғул шуда, уҳдадориҳои зиёдро ба дӯш нагиред. Дар маъракаҳои серодам ширкат варзида, бо нафарони бароятон даркорӣ шинос мешавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар як ҳолати ногувор қарор мегиред. Аз як тараф ҳама коратон барор мегираду аз ҷониби дигар дар муносибатҳои ошиқонаатон душвориҳо сар мезананд. Аз муноқиша дурӣ ҷуста, сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо коре машғул шавед, ки баъдан пушаймон нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бо корҳои аҷиб машғул мешавед. Бо нафароне вомехӯред, ки бароятон хеле азиз ҳастанд. Аз робита бо дӯстон ва ҳолпурсӣ тавассути интернет хотиратон шод мегардад. Барои сар кардани табобати бемориҳое, ки чанд муддат азиятатон медиҳанд, рӯзи мусоид аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз воқеаву ҳодисаҳои натиҷабахш аст. Дар танҳоӣ бо мушкилиҳо машғул шуданатон лозим нест, имрӯз ҳамфикрон ба кумакатон мешитобанд. Нафароне, ки бахти худро меҷӯянд, баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунаванд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Айни замон манманиву калонгапӣ накунед. Аз гапи гуфта пушаймон шудану зери таъсири нафаре монданатон имкон дорад. Бо шахсе, ки дӯсташ медоред, мушкилиҳо имкон дорад, вале дар айни моҷаро баҳс карданро маслиҳат намедиҳем. Бо касе шинос шуданро маслиҳат намедиҳем.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз ягон воқеаи ногувор рух намедиҳад. Табъатон хушу меҳнату истироҳат кардан мехоҳед. Ягон ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Бештар бо наздикону хешовандон дар робита бошед. Шитобкорӣ бароятон барор меорад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бо фиребу ваъдаҳои бардурӯғ рӯ ба рӯ мегардед. Худро ба даст гирифта, нисбати атрофиён муносибати бад накунед. Эҳсосоти манфии худро ба атрофиён нишон надиҳед. Беҳтараш бо корҳои ҳаррӯза машғул шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ