Толеъномаи 29-уми октябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҷои кор мушкилие сар мезанад, ки то охири моҳ аз он баромада наметавонед. Танҳо корчаллонӣ ва маҳорати худро ба кор бурда, бурд мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат вазъият ба хости дили шумо намегардад. Кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Беморие, ки чанд муддат аз худ дарак намедод, аз нав хурӯҷ менамояд.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи хеле бобарор аст. Шубҳаву шармро аз худ дур созед. Хусусан
дар масъалаи ошиқона дудилагӣ накунед. Нафароне, ки бо тиҷорат ё сиёсат сарукор доранд, бояд роҳи дурустро интихоб карда тавонанд, камтарин ғалат бар зарари шумо хоҳад буд. Нисбати дарди сар ва дарди миён бепарвоӣ накарда, аз пайи ташхису табобат шавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз бештар ғами наздикони худро хӯрданатон лозим аст. Ба муноқишаи калон роҳ надиҳед, вагарна вазъият бештар душвор мегардад. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиши яку якбора муваффақ шуданро накунед. Агар маблағи дар даст доштаатонро дуруст сарф намоед, аз бепулӣ азоб намекашед. Эҳтимоли зуком шуданатон зиёд аст, аз ин рӯ, саломатиро эҳтиёт кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи хубест, орӣ аз фиребу найранг. Нафароне, ки ошиқ ҳастанд, пур аз нерӯву шодмонӣ мегарданд. Агар бар замми бо кори муфид машғул шуданатон боз кори аҷиб пайдо намоед, муваффақ мегардед. Фикрҳои мағшушро бегоҳирӯзӣ аз сар дур созед. Нисбати саломатии наздикон бодиққат бошед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз вазъият тавре сурат мегирад, ки шумо дар орзуяш будед. Дар ҳама кор қувваву имкониятҳои худро ба назар гиред. Худхоҳиву якравӣ дар ҷодаи муҳаббат шуморо ба мақсад намерасонад. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ даъватӣ мешавед. Эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Чизе дар ин рӯз садди роҳи пешравиҳоятон шуда наметавонад. Ҳатто дар ҷодаи муҳаббат ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ нафарони воломақом ба кумакатон мешитобанд. Бо хешовандони калонсолатон муносибати хуб кунед, як ҳарфи ноҷо дили эшонро сахт меранҷонад. Саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар хислату рафтори худро тағйир дода тавонед, аз баҳсу муноқиша эмин мемонед. Ҳатто бо нафароне, ки забон ёфта наметавонистед, муносибатҳоятон дар ин рӯз хуб мегарданд. Рӯзи хубест барои ба хонаи нав кӯчидан ва иваз намудани касбу кор. Дар ҷодаи муҳаббат булҳавас нашавед, вагарна бемориҳоятон бештар мегарданд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои исбот намудани бартариҳои худ ва ҳангоми робита бо атрофиён ба танқид роҳ надиҳед. Ақрабҳои оиладор муносибатро бо ҳамсафари ҳаётӣ беҳтар месозанд. Маблағи пулиеро, ки интизор будед, ба даст оварда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки пешгирӣ намудани бемориҳо аз табобат кардани он беҳтару осонтар аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Мушкилиҳои садди роҳатон омадаро бо дурандешӣ рафъ месозед. Дар сарф намудани маблағ низ бояд аз ҳад нагузаронед, вагарна рӯзҳои наздик азоби бепулӣ мекашед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ ё мулоқоти ошиқона на танҳо табъатонро болида, балки саломатиятонро беҳтар месозад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Нафароне, ки имрӯз ба сафар баромадан мехоҳанд, бояд тайёрии хуб бинанд. Дар сафар маблағ низ сарф мекунед, вале ба зудӣ онро барқарор месозед. Азбаски саломатиятон хубу масунияти баданатон мустаҳкам аст, аз бемории зуком халосӣ меёбед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз хабаре мешунавед, ки дергоҳ ба худ омада наметавонед. Фавран аз пайи рафъ сохтани мушкилоти молиявӣ гардед, вагарна мушкилоти рӯзгор боиси бад шудани муносибат бо ҳамсафари ҳаётӣ мегардад. Саломатиятон аз худи шумо вобастагӣ дорад, аз одатҳои бад худдорӣ намоед. Шахси дӯстдоштаатон аз шумо чизеро пинҳон месозад, ба рафтораш хубтар диққат диҳед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Ба шахсе, ки шуморо дӯст намедорад, дил набандеду орзуву ниятҳои беҳударо аз сар дур созед. Аз як хеши роҳдур кумаки молиявӣ мегиред. Нисбати бемориҳои сарзада бепарвоӣ накунед, хусусан бемориҳои рӯдаву меъда табобати фаврӣ ва дахолати мутахассиси ботаҷрибаро металабанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ