толенома

Толеъномаи 29-уми октябри соли 2023

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ин рӯз бо корҳои пурмоҷаро ва нафарони фитнангез ҳамроҳ нашавед. Нисбати наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед. Эҳтимол бо шиносҳои деринаатон вохӯрда, аз дидорашон табъатон хира мегардад. Ҳама чизи манфиро ба дил наздик қабул накунед, беҳтараш китобҳои бадеӣ мутолиа намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Дар ин рӯз бо нафарони моҷароҷӯ баҳсу муноқиша карданро тавсия намедиҳем. Рӯзи хубест барои мулоқотҳои ошиқона, изҳори муҳаббат ва ба нақша гирифтани тӯю маъракаҳои арӯсӣ. Ҳангоми машқҳои варзишӣ боэҳтиёт бошед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Дар сурати дуруст ба нақша гирифтани вақт кори зиёдеро ба анҷом расонида метавонед. Эҳтимоли рух додани хафагиву нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Барои он ки нафареро наранҷонед, худро ба даст гиред. Ба шахси дӯстдоштаатон имкон диҳед, ки шуморо эрка кунад. Ба коре, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад, даст назанед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Дар ин рӯз ба кӯмаку дастгирии нафарони пулдор умед баста метавонед. Бо ҳар сабаби ночиз хавотир нашавед. Кори ҷисмонӣ ё варзиш руҳатонро болидаву саломатиятонро беҳтар месозад. Агар як лаҳзаи холӣ ёфтед, истироҳат кунед. Аёдати волидони пир ғанимат аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед. Дар маъракаву гурӯҳи нафарони ношинос бодиққат бошед, ягон гапи зиёдатӣ нагӯед. Барои сафарҳои корӣ, харидкунӣ, бастани ақди никоҳ чандон рӯзи бобарор нест. Аз асабоният худдорӣ намоед, вагарна гирифтори бемориҳо мегардед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Дар ин рӯз ба хонаву дари худ диққати бештар диҳед. Нисбати наздикони худ ботаҳамул бошед. Ҳар қадаре бо мушкили дигарон бештар машғул шавед, ҳамон андоза имкони рафъ намудани мушкилоти шахсии худро пайдо мекунед. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Дар ин рӯз эҳтимоли рух додани мушкилоти пулӣ вуҷуд дорад. Ба кӯмаки молиявии дӯстон ниёз пайдо мекунед. Аз гирифтани қарз наҳаросед ва хавотир нашавед, ин мушкилии мувақатӣ аст. Ба наздикӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҳамфикр набудани ҳамкорону наздикон руҳафтода нагардед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Рӯзи душвор аст. Зимни робита бо наздикону пайвандон сар задани нофаҳмӣ имкон дорад. Барои мустаҳкам сохтани мавқеи худ бояд ташаббус ва истодагарӣ нишон диҳед. Эхтимоли дар роҳ пайдо кардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронида, нерӯятонро барқарор месозед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Чӣ гуна гузаштани рӯзро худатон намефаҳмед. Корҳое, ки ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ намеоранд, беҳтараш ба таъхир гузоред. Хабари шунидаатонро санҷида, ба гапи касе бовар накунед. Ба назди фолбин рафтанро тавсия намедиҳем, эҳтимоли ба доми ҳаннотон афтиданатон зиёд аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Дар ҳаёти шахсиятон эҳтимоли сар задани тағйиротҳои ҷиддӣ имкон доранд. Эҳтимол қавсҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки дар оянда бо ҳам издивоҷ мекунанд. Бо дӯстони дерин вохӯрда, табъатон болида мегардад. Саломатиятон ташвиш намедиҳад, вале аз ҳад зиёд бепарвоӣ накунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Дар ин рӯз тағйиротҳои куллиро интизор нашавед. Беҳтараш нақшаи рӯзҳои минбаъдаро кашед. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, ором ҷараён мегирад. Шумо аз таҳти дил истироҳат карда метавонед. Ҳар пешниҳод, ки аз ҷониби нафарони ношинос мегиред, беҳтараш рад кунед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Коратон дар ин рӯз хеле зиёд мешавад. Дар зиндагиятон навигариву сар задани рӯйдодҳои зиёд эҳтимол дорад. Эҳтимол яке аз наздикони худро меранҷонед. Бо ин сабаб хафагиҳои куҳна рӯ зада, кор бо муноқишаи калон анҷом меёбад. Ба хонаи нав кӯчиданро маслиҳат намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *