Толеъномаи 29 январ 2019

                                                             Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯз барои аксар нафароне, ки дар мучали ҳамал тавлид ёфтаанд, хеле бобарор меояд. Монеаҳо вуҷуд доранд, вале ба қувваи худ бояд бовар дошта бошед. Дар ин рӯз бо ҳамкорон муноқиша накунед. Нафароне, ки бахти худро пайдо накардаанд, рӯзҳои наздик вохӯрии тақдирсозро интизор бошед. Саломатии хуб мехоста бошед, ҳамеша дар ҳаракат бошед ва бештар пиёдагардӣ кунед. Дар сурате маблағи хуб ба даст меоред, ки шарикони хуби корӣ дошта бошед. Ҳангоми рондани мошин ва сафар дар нақлиёт ҳушёриро аз даст надиҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз ба дастгирии шиносони обрӯманд ва дӯстони боэътимод ниёз пайдо мекунед. Миёнаи рӯз бо касе баҳс накунед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳар гапе, ки аз дӯстдоштаи худ мешунавед, нағзакак гӯш кунед. Вақтҳои охир шумо танҳо дар бораи худ фикр мекунеду нисбати ёратон бепарво гаштаед. Рӯз барои пешгирӣ намудани бемориҳо ва табобати гурда мусоидат мекунад. Диққати бештари худро ба ғизо равона созед, хӯроки вазнин ва машрубот боиси беморшавии меъда мегардаду пурхурӣ эҳсоси хастагӣ меорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзҳои охири моҳи январ муносибати шумо бо наздикону пайвандон чандон хуб нест, байнатон зуд-зуд муноқиша барпо мегардад. Агар қаҳру ғазабро аз худ дур насозед, кор ба ҷанҷоли калон ва канда шудани дӯстии чандинсола мерасад. Бахти нафарони муҷаррад кушода мегардад. Бо вуҷуди он ки нигоҳи ёратон ба зиндагӣ комилан аз орзуву ниятҳои шумо фарқкунанда аст, бояд роҳҳои созиш карданро пайдо намоед. Бадгумонӣ боиси хира гаштани табъатон мегардад. Шуғли дӯстдошта сабабгори аз даст додани пули зиёд мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз хеле боэҳтиёт амал намоед, хатари аз даст додани обрӯву нуфузатон дар назар аст. Баъзеҳо чунон ҷангҷӯву дағал мешаванд, ки рафторашон ба ақли солим рост намеояд. Агар бо ақли худ кор кунед, аз нохушиву дилсиёҳӣ амон меёбед. Рафтори шахси дӯстдоштаатон боиси хавотириву тарс мегашта бошад, эътимодро аз даст надиҳед. Асабонияти аз ҳад зиёд боиси заиф гаштани масуният мегардад, аз ин рӯ, худро ба даст гиред. Барои худ ва наздикон хароҷоти зиёд карданатон эҳтимол дорад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз ба хира гаштани табъи худ роҳ надиҳед, ҳолати бади руҳӣ боиси он мегардад, ки аз аҳли оила, наздикону ҳамкорон хафа мегардед. Табъи хуш ба рӯзгоратон шодиву фараҳ меораду нисбати шахси дӯстдошта ғамхору меҳрубонтар мешавед. Аввали рӯз мушкилоти пулӣ азият медиҳад, вале нимаи дуюми рӯз аз кори иловагӣ пул ба даст меоред. Дар ин рӯзҳо хатари ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштану хастагии барзиёд эҳтимол дорад. Серкории аз ҳад зиёд боиси баландшавии фишори хунатон мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои он ки дар ҷои коратон муноқишаву нофаҳмӣ сар назанад, кори худро ба души дигарон бор накунед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед. Миёнаи рӯз дилёбӣ кунед, он гоҳ ҳам муваффақ мегардеду ҳам пул ба даст меоред. Саломатиро эҳтиёт кунед, эҳтимоли баланд шудани ҳарорати бадан ва дарди гулӯ имконпазир аст. Хушбахтона серкорӣ ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсири манфӣ намерасонад. Мулоқоти ошиқона дар ин  рӯз ҷуброни рӯзҳои серкориро мебарорад. Охири рӯз даромади ками пулӣ эҳтимол дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз чандон хуб оғоз намеёбад, муноқишаву мушкилоти рӯзгор ва камбудиҳо дар ҷои кор шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Нофаҳмиҳои дар касбу кор сарзадаро оқилона бартараф месозед. Сафарҳо бобарор анҷом меёбанд. Ошиқоне, ки бо ҳам қаҳриянд, дар ин рӯзҳо оштӣ шуда, аз моҷарои ба сарашон омада дарси ибрат мегиранд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бояд танҳоиро ихтиёр намоед. Вазъи молиявиатон номусоид аст, бо вуҷуди он ки даромади калон ба даст меоред, хароҷот ҳам калон мешавад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи душвор аст, заҳмати зиёд мекашед, вале пули кам ба даст оварда, табъатон хира мегардад. Аз туҳмату иғвогариҳои дар атрофатон мавҷудбуда эҳтиёт шавед, эҳтимол шумо баъзе атрофиёни худро хуб намешиносед. Бевафоиву дурӯягии баъзеҳо боиси дилмондагиву хастагиятон мегардад. Охири рӯз вазъи молиявӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Бо вуҷуди камбудиҳои зиёд сабру таҳаммулро пеша намоед. Интихоби нафарони муҷарраде, ки барои худ номзад меёбанд, барои волидонашон писанд меафтад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи навро барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ бахшида, тамоми диққати худро ба кор равона созед. Ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем. Мушкилиҳои молиявӣ ва ҳуқуқӣ бобарор анҷом меёбанд. Нафарони ошиқ ба рашки зиёд роҳ медиҳанд. Барои он ки саломатӣ ташвиш надиҳад, аз хӯроки тунд ва равғанин худдорӣ намоед. Барои он ки пулро беҳуда сарф накунед, беҳтараш онро барои ободонии хонаву дар сарф кунед. Охири рӯз пул ба даст меоред, пулро беҳуда сарф накунед, эҳтимоли харидорӣ намудани моли бесифат дар назар аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар зиндагиятон тағйиротҳое рух медиҳанд, ки кайҳо боз интизораш будед. Баъзе нафарони муҷаррад оиладор мешаванду зиндагии мустақилона оғоз мекунанд. Дар ҷои кор ба иғвогарии бадхоҳон дода нашавед. Нафаре, ки асаби шуморо хароб мекард, аз кор меравад. Миёнаи рӯз даромади калони пулӣ имконпазир аст. Саломатиятон сарфи маблағро талаб мекунад, пулро дареғ надоред. Ба ғизои худ диққат дода, аз машрубот худдорӣ намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи бобарор аст, даромади хуби пулӣ ба даст меоред. То охири рӯз ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, эҳтимоли харидорӣ намудани молу ашёи бесифат дар назар аст. Ба саломатӣ диққати хоса диҳед, зуд-зуд фишори хунатонро санҷида, машқҳои барои миён фоидабахшро иҷро намоед. Мушкилиҳое, ки дар ҳаёти шахсиятон сар задаанд, танҳо бо маслиҳати ёри худ рафъ карда метавонед. Нафарони муҷаррад аз нав ошиқ мешаванд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Вазъи саломатиятон баъзе мушкилиҳоро ба бор меорад. Бо вуҷуди ин, руҳафтода нашавед ва ба танқиду эрод диққат надиҳед. Айни замон пулро беҳуда сарф накунед, он барои корҳои муҳим даркор мешавад. Сири дилатонро ба касе фош насозед. фаромӯш накунед, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст, гуфтаанд. Нисбати шахси дӯстдоштаатон эътироз баён накунед, вагарна байнатон нофаҳмӣ сар мезанад. Серкорӣ ба вазъи саломатиятон беасар намемонад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *