Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз бо шунидани хабари хуш оғоз мешавад. Агар хоҳед, ки нақшаҳоятон барбод нараванд, хушхабарро аз дӯстонатон пинҳон кунед. Нимаи дуюми рӯз дар коргоҳ ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо эҳтиёт бошед, вагарна хатоҳои кардаатон дарди саратон хоҳад шуд. Беаҳамиятиро як сӯ гузореду худро назди дигарон гапшунав накунед. Суҳбати гарм ва дидори дӯст боиси рафъи хастагӣ ва фаромӯш гаштани ногувориҳо мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Аввали рӯз сумбулаҳоро лозим меояд, ки забонашонро аз ғайбат ва иғвоангезӣ нигоҳ доранд, вагарна ба ҳолати ногувор дучор мешаванд. Ба гўшатон хабаре мерасад, ки гӯё дўсти наздикатон дар бораи шумо гапу гапчаҳо паҳн мекардааст. Сабур бошеду дӯстатонро назорат кунед ва агар овозаҳо ҳақиқат дошта бошанд, худро аз ӯ дур бигиред. Нимаи дуюми рӯз сарчашмаи нави даромад пайдо мешаваду имкониятҳои зиёдро ба рӯятон боз мекунад. Шанси хубро аз даст надода фавран паи амалӣ намудани орзуҳои наҷибтаринатон камар бандед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз орзуҳои деринатон дар пояи амалишавӣ қарор доранд, аз ин рӯ эҳтиёткор бошед ва кӯшед ягон амале содир накунед, ки боиси ранҷиши роҳбарон ва ба хоки сияҳ яксон гаштани орзуҳоятон гардад. Ҳангоми нақшаи кориатонро тартиб додан кӯшед, ки ба хатогӣ роҳ надиҳед, чунки мушкилиҳои зиёдеро барои худ пеш меоред. Охири рӯз даромади калони пулиро интизор бошед. Дар сарф кардани пул боандеша буданро ситораҳо тавсия додаанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аввали рӯз ҷаддиҳо дар хариду фурӯш каме ба хатогӣ роҳ медиҳанду ҳангоми додани пул фиреб мехўранд. Аз ин рӯ, бодиққат бошеду ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Даромади хуб ба даст оварда, баргардонидани қарзҳоро фаромӯш насозед. Нимаи дуюми рӯз ҷаддиҳои ронанда бояд дар роҳ эҳтиёт шаванд, хавфи ба садама дучор шуданатон вуҷуд дорад. Дар ҷодаи ошиқӣ ҷаддиҳоро каме нокомӣ интизор аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз ҳутҳоро айёми ноором дар назар аст, зеро дар идораатон ҳангоми муошират бо ҳамкорон ва ҳатто роҳбарият каме ба нописандӣ роҳ медиҳеду худатонро дар назди онҳо шумрӯ мекунед. Мағрурӣ карда нони гарму ҷои нарми худро бо як рафтори беақлона аз даст додан кори оқилона нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ