Толеъномаи 3 июл 2018
Имрӯз мушкилоти молиявии худро бобарор бартараф мекунед. Чизи кайҳо дар орзуяш будаатонро харидорӣ менамоед. Тамоми корҳои пинҳониятон бобарор анҷом меёбанд ва беҳтараш дар ин бора ба касе чизе нагӯед.Нимаи дувуми рӯз беҳуда чанд корро ба уҳда нагиред, то дар назди роҳбар дурӯғгу набароед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Имрӯз дар ҳама кор бояд фаъол бошед. Азбаски шумо ба дӯстон ва дӯстонатон ба шумо сахт ниёз доранд, бештар дар тамос бошед. Бо чанд нафари аҷибу ғалатӣ шинос мешавед. Нимаи дуюми рӯз ба сафари ногаҳонӣ баромаданатон лозим меояд. Ҳангоми аз роҳи мошингард гузаштану ё ронандагӣ кардан ҳушёриро пеша намоед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз кунҷкобии зиёд карда аз сири ниҳоне бохабар мегардед.Лекин паҳн кардани маълумоти ба даст овардаатонро тавсия намедиҳем. Нимаи дуюми рӯз меҳру муҳаббататон нисбати шахси дӯстдоштаатон дучанд афзуда, лаҳзаҳои фаромӯшношуданиро аз сар мегузаронед. Истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба манфиати саломатиии шумо нахлҳад буд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз бояд хеле бодиққату эҳтиёткор бошед, зеро душманатон кӯшиши ба шумо зарар расониданро мекунад. Аксари саратонҳо ба хотири гуногунрангӣ дӯстони зиёде ёфта, бо шиносҳои пешина қаринтар мегарданд. Нимаи дувуми рӯз барои дилхушӣ ба мавзеи истироҳатӣ сафар карданатон мувофиқ аст. Агар шумо қаблан бо дӯстдоштаатон ҷангӣ будед, барои оштӣ шуданатон айни муддао аст.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Нимаи дуюми рӯз ошиқатон бо хабари хуш ва туҳфаи аҷибаш шуморо хурсанд мекунад. Даромади пулиро имрӯз интизор нашавед, сарчашмаи нави даромадро ҷӯё шаведу баргардонидани қарзҳоятонро фаромӯш накунед. Вақти изҳори муҳаббат кардан , сафарҳои якҷоя, дилхушиҳои гуногун аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Сунбулаҳои ошиқ давраи беҳтарини умрашонро аз сар мегузаронанд. Дилдодаҳо ба ҳам қаринтар мегарданд. Нимаи дуюми рӯз тамоми фикри худро ба масъалаи корӣ равона созед. Агар аз кори мекардаатон қаноатманд набошеду бо дили нохоҳам ба корхона мерафта бошед, беҳтараш барои худ ҷойи кори дигаре пайдо созед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ҳар қадаре атрофатон ба низом дарояд, ҳамон андоза худро беҳтар ҳис мекунед. Агар дар саломатиятон ҷурме пайдо шуда бошад, дар хонаатон рӯбучини пурра кунед. Энергияи ҷисми шумо айни замон хеле баланд аст, аз ин лиҳоз табобатҳо зудтар самара медиҳанд. Вақте расидааст, ки кинаву адоватро аз дил дур созед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз ба нуқтаи назари ҳамкорон ва ҳамсафари ҳаётӣ гӯш андозед. Нимаи аввали рӯз барои мустаҳкамӣ ва рушди муносибатҳои ошиқона мусоид меояд. Агар шумо дӯстдошта дошта бошед, вақти бо ҳам пайваст намудани риштаи тақдиратон фаро расидааст. Бо шахсони гуногуне шинос мешавед, ки бо шарофати ҳамкорӣ бо эшон мушкилиҳои пешомадаро ба зудӣ рафъ менамоед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз бо сабаби шитобкорӣ ба чанд амали нодуруст даст зада, пушаймон мешавед. Нимаи дувуми рӯз хатоҳои содиркардаатон боиси яъсу ноумедӣ мегардад. Барои аз ин варта раҳо ёфтан шахси бароятон наздик, дӯст ё ҳамкоре, ки муносибатҳои хуб доред, дастгиратон мешавад. Ин шом кӯшиш намоед бо ҳамсафари ҳаётӣ ё падару модар гапатон нагурезад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳои муҷаррад имрӯз бо шахсе шинос шуда, муносибатҳои хуби ошиқона барқарор мекунанд. Шиносоӣ ҳангоми сафар ё ҷашну маъракае ба вуқӯъ меояд. Тамоми рӯз шуморо касеву чизе ташвиш намедиҳад, хавотириву ғаму андуҳ шуморо тарк сохта, нафаси осуда мекашед. Нияти бо роҳи осон ба даст овардани пули калонро аз сар дур кунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз дилатон кунҷи танҳоиву оромӣ мехоҳад. Дар муҳити орому осуда табъи дил фикру андешаҳоятонро ҷамъ карда, қалбатон таскин меёбад. Айёми хубест барои корҳое, ки аз атрофиён ва наздикон пинҳон доштан мехоҳед. Дилдодаҳо аз дидори якдигар ва мулоқоти ошиқона шод мегарданд. Саломатиятон аз вазъи асабҳоятон вобаста аст.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Баъзе зодагони ин бурҷ вақти зиёдашонро дар сафар мегузаронанд. Бо қувваи дучанд чанд корро дар як вақт иҷро карда ҳамаро қоил мекунед. Рӯзи беғамиву шодмонӣ буда, пур аз воқеоти рангин аст. Табъатон болидаву эҳсоси хушбахтӣ тамоми рӯз шуморо тарк намесозад. Нафароне, ки аз фишори пасти хун азият мекашанд, дар ин шабу рӯз эҳтиёт шуданашон лозим аст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ