Толеъномаи 24 июни 2020, чоршанбе
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ташрифи дӯстону наздикон табъатонро болида мегардонад. Дилатон майли хурсандиву дилхушӣ мекунад. Баъди нисфирӯзӣ боэҳтиёт бошед, вагарна бо нафаре аз наздикон муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Рӯзро барои рафъи мушкилоти оилавӣ ва фарзандон бубахшед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз бештар дар фикри ба даст овардани маблағи пулӣ бошед. Аз худнамоӣ кардан худдорӣ кунед. Бо нафарони бароятон азиз муноқиша накунед. Дар муносибатҳои ошиқона лаҳзаҳои хушу хотирмон рух медиҳад. Агар дар ин рӯз бемор шавед, табобаташ тӯл мекашад.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Рӯзи душвор аст. Нақшаҳои кашидаатон бо таъсири бегонагон, маслиҳатҳои нодуруст ва пешниҳодҳои ғалат барбод мераванд. Аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна гирифтори ғазаби нафаре мегардед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳам хастагиву дилмондагӣ ва ҳам шодиву нишот рух медиҳад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳангоми гуфтор аз чаҳорчӯбаи одоб берун набароед. Бештар гӯш кунеду кам гап занед. Аз ҳолатҳои моҷароомез дурӣ ҷӯед. Нисбати атрофиён дилхунукӣ ва шубҳаву гумонҳои бадро ба дил роҳ надиҳед. Дар ҳар нафари наздикатон душмани худро ҷӯё нашавед. Беҳтараш рӯзро дар танҳоӣ гузаронед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз аксари асадҳо ба дилхушиву хушҳолӣ майл пайдо мекунанд. Дӯстону хешовандон ба меҳмонӣ омада, хотиратон болида мегардад. Буридани дарахт, даронидани коғаз ва истеъмол кардани гӯшти ҳайвонотро маслиҳат намедиҳем. Хобатон амалӣ мегардад. Хоб дидани оби рехта ё шир аз барбод рафтани орзуҳоятон дарак медиҳад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Таъсири муноқишаҳои рӯзҳои пеш рухдода бартараф мегардад. Метавонед нақшаи кору истироҳати худро тартиб диҳед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳодисаҳои гуворо рух медиҳад. Маблағи пулие, ки айни замон дар даст доред, сарфакорона истифода бурданатон лозим меояд.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Бонувон аз шавҳар ё шахси наздикашон меҳрубонӣ мебинанд. Дӯстону аъзоёни оила низ шуморо эрка мекунанд. Чанд мушкили рӯзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданаш шавед. Барои он ки азоби бепулӣ накашед, захира кардани пулро ёд гиред ва сарфи беҳуда накунед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Қабл аз он ки кӯмаки касбӣ ё молиявӣ мепурсед, нағзакак андеша намоед, ки шахси интихобнамудаи шумо дилпур аст ё не. Нафароне ки асаби ҳасос доранду ҳолати руҳияшон бад аст, бояд хеле боэҳтиёт бошанд. Аз сафарҳо худдорӣ намоед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи хатарноку душвор аст. Табъи нозук ва дағалгуфторӣ, сабукфикрӣ нисбати коре ба натиҷаи корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад ва боиси муноқиша бо шахси бароятон наздик мегардад. Аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед, вагарна гирифтори нохушиҳо мегардед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз сари қарори муҳиме омаданро тавсия намедиҳем. Бо сабаби зудранҷӣ ва бадгумонӣ бо ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон муноқиша мекунед. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед. Нисбати нафароне, ки ба наздикӣ шинос мешавед, бодиққат бошед. Нафаре пайдо мешавад, ки дар зиндагии шумо нақши худро мегузорад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз ба нуқтаи назари нафаре гӯш надиҳед, содагиву зудбовариятон боиси аз даст додани маблағи пулӣ ва азоби руҳӣ мегардад. Шиносоиҳои нав дар оянда боиси пешравиҳоятон мегардад. Хабареро, ки имрӯз мешунавед, нағзакак санҷида бинед. Аз фарқ доштани мавқеи ҳамкорон ё хешовандон руҳафтода нашавед.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Тамоми мушкили дар ин рӯз сарзадаро бо роҳи мусолиҳаомез рафъ намоед. Шумо метавонед ҳақ будани худро ба ҳама собит намоед, агар қаблан ба суҳбат омодагӣ гирифта, кӣ будани ҳамсуҳбати худро донед. Ҳолати руҳиятон бо шарофати вохӯрии ошиқона беҳтар мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ