Толеъномаи 3 январ

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳамалҳое, ки бо кори савдо машғуланд, маблағи хуб ба даст оварда наметавонанд. Сафари ба нақшагирифтаатон мавқуф мемонад. Асабоният ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад. Бемории зукомро пешгирӣ намоед ва ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Тамоми ҳодисаву рӯйдодҳои ин рӯз боиси норизогиву дилмондагиатон мегардад. Бо вуҷуди вазъияти душвор худро ба осонӣ ба даст мегиред. Корҳои муҳими худро ба таъхир гузоред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз тамоми мушкилиҳои худро рафъ кардан муяссаратон мегардад. Асабонияти зиёд ва одати гузашт карда натавонистанатон боиси муноқиша бо дӯстон мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар ба саломатиятон бодиққат бошед, бемории ҷиддиро паси сар мекунед. Барои шамол нахӯрдан ва аз инфексияҳо эмин мондан, бояд чораҳои пешгирикунанда бинед. Масунияти худро мустаҳкам созеду истироҳатро фаромӯш насозед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз хариди калон карданро маслиҳат намедиҳем. Имрӯз бояд маблағи худро сарфа намоед. Маслиҳату дастгири як нафари калонсол айни замон бароятон муфид аст. Аз кӯмак пурсидан шарм надоред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯзи бениҳоят хуб аст. Ба муваффақияти касбӣ ноил мегардед ва дар натиҷа даромади хуб ҳам ба даст меоред. Тамоми маблағи ёфтаатонро барои камбудиҳои рӯзгор сарф мекунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз аз рафтори нафароне, ки шуморо иҳота мекунанд, вобастагӣ пайдо мекунед. Танҳо бо дастгирии дигарон муваффақ гашта, даромади хуб ба даст меоред. Барои нигоҳ доштани ҳамфикрон аз танқид худдорӣ намоед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи ноором меояд. Дар ҳама кор ба ақли солим гӯш андозед, вагарна ба эҳсосот дода шуда, ба нофаҳмиву монеаҳо гирифтор мегардед. Дар ин рӯз эҳтимоли ба доми фиреб афтиданатон зиёд аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз муносибатҳои атрофиён нисбататон сарду нобовариву айбҷӯиро эҳсос мекунед. Якдигарфаҳмӣ гум шавад ҳам, сабру таҳаммулро аз даст намедиҳед. Аҳду паймони ошиқона дар ин рӯз дарозмуддат мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Ба корҳое, ки аз уҳдааш баромада наметавонед, ба дӯш нагиред. Мутаассифона чунин корҳо зиёд мешаванд. Рӯз барои ҳалли мушкиливу оғози корҳои нав созгор нест, зеро дар вазъияти тағйирёбаданда фаъолият карда наметавонед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Рӯзи хеле бобарор аст. Аз имкониятҳои зиёде, ки имрӯз пайдо мешаванд, ба ҳайрат меоед. Исроркориятон ба манфиати кор буда, дар ҳама кор –муҳаббату тиҷорат ва пешравӣ ба мансаб кӯмак мераснад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бояд фикру андешаҳои худро тоза намоед, он гоҳ роҳҳои ба мақсад расиданро хубтар муайян месозед. Шуғли аҷибе пайдо мекунед ё барои аз худ намудани донишу малакаи тоза майл менамоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *