толеънома

Толеъномаи 3-юми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки якҷоя кор мекунед, муомилаи хуб карданатон лозим аст. Ҳатто агар табъатон аз субҳ нохуб бошад, қаҳру ғазабро дар худ нигоҳ надоред. Рӯзи хубест барои харид ва таъмин сохтани ниёзҳои аҳли оила. Баъди нисфирӯзӣ сафари гуворо дар назар аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ғизои солиму муфидро истеъмол намоед. Хусусан агар бемориҳои меъдаву рӯда дошта бошед, ба хӯроки истеъмол мекардаи худ бодиққат бошед. Дар ҳаёти шахсӣ бо шахси дӯстдоштаатон муросо карданатон лозим меояд. Дар оилаи саврҳо тавлиди тифл имкон дорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба наздикони худ такягоҳи боэътимод шуданатон лозим аст. Агар имкон дошта бошед, кумаки молиявӣ расонед. Нақшаҳои хом ва қадамҳои ноустувор дар ҷодаи тиҷорат вазъи молиявии шуморо душвор месозад. Тамоми далелу бурҳонро дида баромада, имкони даромади иловагиро пайдо мекунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз барои хонаву дари худ хариди калон ва қимматбаҳо мекунед. Қаблан буҷаи худро ба нақша гиред, то ки дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор нагиред. Бегоҳирӯзӣ бо як дӯстатон, ки нуқтаи назари худро ба шумо бор кардан мехоҳад, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз бахти асадҳои муҷаррад механдад. Вохӯрии ошиқонаи шумо мисоли равшании офтоб ногаҳонӣ, вале хотирмон мегардад. Агар шумо бо тарғиб ва фурӯши молу маҳсулот машғул бошед, ба ҳамкории судманд умед баста метавонед. Саломатии худро эҳтиёт кунед ва дар роҳ боэҳтиёт бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Тамоми рӯз аз асабоният худдорӣ намоед. Барои он ки ба рухсатии меҳнатӣ бароед, бояд корҳои худро ба итмом расонед. Сунбулаҳои муҷаррад барои оиладоршавӣ тасмим мегиранд. Аз ташвишу дудилагӣ бо кумаки дӯсти наздикатон раҳоӣ меёбед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар ошиқ бошеду муносибатҳоятонро бо шахси дӯстдошта нигоҳ доштан хоҳед, ба нафаре бо чашми ҳавас нанигаред. Рӯзи хубест барои истироҳат дар табиат ва сафарҳои роҳи дур. Барои он ки ба вазъи молиявиатон зарар нарасад, хариди калон карданро тавсия намедиҳем.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бар асари хастагии зиёд ва асабонияти рӯзҳои гузашта табъатон хира мегардад. Бо атрофиён ва аъзои оилаи худ меҳрубон бошед, ба гапу ҳарфҳои худ диққат диҳед. Шумо метавонед рашку ҳасади нафареро оварда, ба худ зарар расонед. Бо наздикони худ ба баҳс роҳ надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ҳар як гапу рафтори худро дар тарозуи ақл баркашида амал намоед. Ҳама кор вақту соат дорад, инро фаромӯш насозед. Рӯзи хубест барои ақди никоҳ ва сафару саёҳат. Нафароне, ки дар ин рӯз бемор мешаванд, беморӣ тӯл мекашад. Хусусан ин гуфта ба мардҳо дахл дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз муносибати худро бо нафаре, ки замоне ҷудо шуда будед, барқарор менамоед. Ба ягон кори шубҳанок даст назанед. Шумо бояд ҳатман аз сигоркашӣ даст кашида, хароб шавед. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонед фикри солимии руҳу ҷонро намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз бо нафаре, ки замоне сидқан дӯсташ медоштед, ҷудо мешавед. Агар шумо соҳиби фарзандони наврас бошед, кӯшиш намоед, ки мушкилиҳои сарзадаро бе асабоният рафъ намоед. Масъалаҳои баҳсиро танҳо дар муҳити пур аз муҳаббат ва эҳтиром рафъ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз хабарҳои нохуши вобаста ба наздикон имкон дорад. Ин хабарҳо ба саломатӣ ва табъатон бетаъсир намемонанд. Кӯшиш намоед, ки аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ руҳан худро эмин доред ва ҳар чизи ба саратон омадаро оромона қабул намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *