Толеъномаи 3-юми майи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар назди худ мақсадҳои дастнорас нагузоред, вагарна дучори монеаву душвориҳо мегардед. Муноқишаҳои доимӣ бо ҳамкорон садди роҳи пешравиҳоятон мегардад, аз ин рӯ, ҳама гуна нофаҳмиҳоро оромона ва бе садои баланд рафъ намоед. Баъди нисфирӯзӣ вохӯрӣ бо нафаре, ки замоне ошиқаш будед, табъатонро хира месозад.
Савр (21 апрел-22 май)
Ҳодисаҳоеро, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, нағзакак таҳлил намоед, то ки баъдан атрофиёнро дар фиреб гунаҳкор накунед. Ҳавои баҳорӣ ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсир мерасонад, вале ба саросемагӣ роҳ дода, фикри оиладор шуданро накунед. Аз робита бо шахсони нодаркор худдорӣ намоед. Хатари фиреб хӯрдану хиёнат диданатон имкон дорад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки мушкилоти муҳими худро фаромӯш месозед. Дар оилаатон ҳодисае рух медиҳад, ки нақшаҳои худро тағйир доданатон лозим меояд. Аз нафароне, ки хуб намешиносед ё ба наздикӣ шинос шудаед, худро дур гиред. Рашк сабаби нофаҳмӣ бо дӯстдоштаатон мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи беташвиш аст, ба шарте ки худатон монеаҳоро пайдо насозед. Нисбати нафароне, ки аз шумо кумаки молиявӣ мехоҳанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо сабаби он ки бо кори зиёд машгул шуда, барои оила вақти кофӣ ҷудо намекунед, нофаҳмиву ташвишатон зиёд мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз тасодуфан бо шахсе шинос мешавед, ки сабабгори куллан тағйир ёфтани зиндагӣ ва одатҳоятон мегардад. Боз як манбаи нави даромад пайдо мекунед, вале пулро сарфа кунед. Дар роҳ ҳангоми мошин рондан ва аз роҳ гузаштан хеле боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли садама ва ҷаримабандӣ вуҷуд дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Тамоми нерӯи худро ба кор бахшида, бурд мекунед. Заҳматписандиятонро нафарони даркорӣ қадр мекунанд. Агар пулҳои худро босуръат сарф кардан гиред, вазъи молиявиатон нохуб мегардад. Беҳтараш диққати худро ба вазъи саломатӣ равона сохта, аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бо нафаре вомехӯред, ки фаъолияти кориятон минбаъд аз ӯ вобастагӣ дорад. Бо сабаби сар задани мушкилиҳои рӯзгор бо наздикон муноқиша мекунед. Тамоми душвориҳои сарзадаро бо амри дил ва майли худ рафъ намоед, вагарна умре зери таъсири дигарон мегардед. Баъди нисфирӯзӣ барои саломатиятон хатарнок аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба барор гирифтани коратон умед набандед, вагарна бисёр чизҳоро аз даст медиҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ таваккал накунед. Нисбати шахсони аз худатон калонсол ва ботаҷриба боэҳтиром бошед. Бонувон бояд муҳаббати дар дилашон пайдошударо пинҳон намоянд. Маслиҳати дӯстону наздикон бароятон муҳим мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз вазъиятро тезутунд насозед, балки сабру таҳаммулро пеша намоед. Агар истодагарӣ карда тавонед, дар касбу коратон комёб мегардед. Дар масъалаҳои пулӣ ҳисобукитоби дақиқ лозим аст, вале дар муносибатҳои ошиқона ошкору самимӣ бошед. Фаъолнокии аз ҳад зиёд ва фориғболӣ ҳам дар рӯзгор ва ҳам ҳангоми ҳаракат дар роҳ бар зарари шумост.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз зиндагии орому осиштаро ба сар баред. Хатари ҷароҳат бардоштанатон то бегоҳ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, боэҳтиёт бошед. Мушкилиҳои молиявиро дӯсти наздикатон рафъ месозад, дар танҳоӣ амал накунед. Дар ҳаёти шахсӣ аз рӯйи мақоли «Ором зистан кафили зиндагии пурнишот аст» амал намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз дастатон ба ягон кор пеш намеравад, вале ба ҷои он ки рӯзро бо бекориву танбалӣ гузаронед, ба истироҳати берун аз шаҳр равед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳам ашки шодӣ мебинеду ҳам ноумедӣ. Бо нафаре вомехӯред, ки дар зиндагиятон мавқеи зиёдро ишғол мекунад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бештар нисбати наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед. Барои хариди калон, ба меҳмонӣ рафтану дилхушиҳо рӯзи хуб аст. Дар ҳаёти шахсӣ нисбати дӯстдоштаатон бепарво набошед, вагарна ин амалатон бахшида намешавад. Хабаре мешунавед, ки руҳатонро болида месозад. Шумо ба истироҳат ниёз доред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ