Толеъномаи 3-юми ноябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ташвишатон зиёд мегардад, касбу кор ва ҳаёти шахсӣ диққати зиёдро талаб мекунанд. Беҳтар аст, ки аз рӯйи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда амал намоед. Аз даромаде, ки ба даст меоред, аз дастовардҳои касбӣ, аз харидҳои кардаи худ қаноатманд гашта наметавонед. Аз нафароне, ки бо бадӣ ном баровардаанд, дурӣ ҷӯед.
Савр (21 апрел-22 май)
Нерӯи зиёд имкон медиҳад, ки ҳатто кори мушкилтаринро ба анҷом расонед. Занги телефонии нафаре ё вохӯрии ногаҳонӣ табъатонро хуш мегардонад. Эҳтимол хабари шунидаатон ба даромади пулӣ ё муносибатҳои оилавиятон таъсири мусбат мерасонад. Ба нафароне, ки ному нон ба даст овардан мехоҳанд, ба фиребу қаллобӣ роҳ доданро тавсия намедиҳем.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Эҳтимоли вайроншавӣ ва аз кор баромадани таҷҳизоти хона ва барои таъмири мошин саргардон шуданатон зиёд аст. Ҳангоми робита бо ҳамсояҳо ва ҳамкорон хеле хушмуомила буданатон лозим аст. Ҳамзамон қоидаҳои роҳро фаромӯш насозед. Нафароне, ки бо омӯзиш машғуланд, аз ҷониби омӯзгорон дастгирӣ ва эҳтиром пайдо мекунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шуморо танқиду эроди дигарон ва бепарвоии наздикон дилгир намуда, ҳатто аз мушкилоти сарзада гурехтан мехоҳед. Худро ба даст гиред. Хусусан нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор ҳастанду барои гуруҳи одамон масъулиятнок ҳастанд, ғаму дарди дар дилашон ниҳонбударо бояд нишон надиҳанд.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз аз ҳам гуна амалҳои хатарнок худдорӣ намоед. Хатари ҷароҳат бардоштан, лат хӯрдан ва ҳатто ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо зарар диданатон зиёд аст. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтиёткориро аз даст надиҳед. Рафтори ҳамсафари ҳаётиро таҳти назорат қарор диҳед, хусусан агар бо ҳам ногап бошед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи бахт қарор доред, аз ҳад содаву зудбовар нашавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Зодагони мучали сунбула бояд аз ҷойҳои шамолдаро ва серодам дурӣ ҷӯянд. Хатари шамол хӯрдану бемор шуданатон вуҷуд дорад. Дар баробари ғами саломатии худро хӯрдан, ба вазъи молиявӣ низ бетафовут набошед. Эҳтимоли он ки шумо пулро беҳуда сарф мекунед, хеле зиёд аст. Нафарони ташнаи муҳаббат, аз изҳори муҳаббат кардани нафаре, ки аз худатон хеле калонсол аст, наҳаросед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои маъракае ё омадани меҳмонон омодагӣ диданатон лозим меояд. Бемории яке аз наздикони калонсолатон боиси хароҷоти пулии шумо мегардад. Нафароне, ки оиладоранд, бо ҳамсафари ҳаётии худ бо сабаби пеш омадани сафари корӣ муваққатан ҷудо шуданашон лозим меояд. Танқиду эроди нафареро ба дил наздик қабул накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона ва масъалаҳои молиявӣ барор ҳамсафаратон мегардад. Қабл аз он, ки таваккал карда амал мекунед, оқибати корро нағзакак андеша намоед. Шумо аз уҳдаи роҳбарӣ намудани коллективи калон ва лоиҳаҳои душвор бо сари баланд мебароед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Зодагони мучали қавсро дар ҷои кор ҳодисаҳои ногувор интизор аст. Роҳбарият дар касбу коратон камбудӣ ёфта, табъатонро хира мегардонад. Маблағи хуби пулӣ ба даст меоред, вале ин маънои онро надорад, ки онро беҳуда сарф кунед. Саломатии худро эҳтиёт кунед, хатари гирифтори инфексия шуданатон зиёд аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар баробари он ки хеле серкор мешавед, боз мушкилиҳои рӯзгорро низ рафъ карданатон лозим меояд. Бадхоҳону душманонатон дар пеши роҳатон монеа бунёд месозанд, дар касбу кор дучори душвориҳо мегардед. Ба нафароне, ки бахти худро меҷӯянд, ба шахси аввалини пешомада тамоми сирру асрори худро фош карданро тавсия намедиҳем.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар шумо таҷрибаи гузаронидани музокиротро дошта бошед, дар ин рӯз он ба кор меояд. Мутаассифона, дар муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо намегардад. Нафарони ошиқ ҳеҷ ба дили дӯстдоштаи худ роҳ ёфта наметавонанд. Барои рафъ намудани фишори руҳӣ ва нерӯи манфӣ бо корҳои ҷисмонӣ машғул шавед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз мошин харидан, пул қарз додан, ба хонаи нав кӯч бастан, ба тиҷорати шахсӣ маблағ ирсол намуданро маслиҳат намедиҳем. Нафарони калонсол аз ташхиси табиби узвҳои даруна гузаштанашон бамаврид аст. Дар ин рӯз ба нафаре дасти кумак дароз карда, пушаймон намешавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ