толенома

Толеъномаи 3-юми октябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Аввали рӯз серкор мешавед. Наздик ба нимаҳои рӯз хабари хуш руҳатонро болида мегардонад. Охири рӯз бо наздикон буданро фаромӯш накунед. Кӯшиш кунед, ки нақшаҳоятонро ба ҳафтаи дигар намонед. Дар тиҷорат саросема нашуда, ҳисоботи дақиқро пешниҳод намоед.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Ҳамеша фикрҳои гуногун шуморо парешонхотир мекунанд, вале ба ин ҳолат ҳарчи зудтар хотима бахшиданатон лозим аст. Барои истироҳат вақт ҷудо намоед. Дӯстони аз баратон дуршударо ба сари як миз даъват намоед. Вохӯрии хотирмоне дар охири рӯз интизори шумост.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Нимаи аввали рӯз баъзе хабарҳо руҳатонро болида мегардонанд. Нақшаҳои пешинаатонро дар амал татбиқ намоед. Дӯстеро, ки солҳои зиёд надида будед, вомехӯред. Муносибати сардгаштаатонро бо ҳамкоратон барқарор кунед. Супориши роҳбарро сари вақт иҷро намоед, то ки огоҳӣ нагиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Вақтҳои охир масъалаҳои печ дар печатон зиёд шуда истодааст. Барои бартараф кардани ин мушкилиҳо шуморо лозим аст, ки муносибататонро бо атрофиён хуб кунед. Барои ором кардани асаб ба лаби дарё ва ё саёҳат баромаданатон зарур аст. Муносибатро бо пайвандон хуб кунед ва маслиҳаташонро ба назар гиред.

Асад (23 июл23 август)

асад

Имрӯз дар коргоҳ ягон навгоние намешавад. Саломатиатон шуморо бештар ба ташвиш овардааст. Дар чунин ҳолат набояд шумо сари чанбараки мошин шинед, зеро баланд шудани фишоратон дар назар аст. Вақтатонро барои сайругашт бо фарзандонатон ҷудо кунед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Сумбулаҳоро рӯзи пур аз хабарҳои тоза интизор аст. Ҳар як қадаматонро дониста монед, зеро шахси дӯстдоратон шуморо дар зери назорати худ гирифтааст. Нисбати атрофиён бепарво набошед. Ҳангоми рондани мошин эҳтиёткориро фаромӯш насозед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Шахсони зери ин бурҷ буда хеле ҳассосанд, аз ин рӯ, тез-тез асабӣ мешаванд, ки ба саломатии онҳо бетаъсир намемонад. Шуморо лозим аст, ки хонашиниро тарк намуда, ба корҳои вобаста ба ихтисосатон даст занед. Барои оила барпо намудан бепарво набошед. Нисбат ба пешниҳоди модаратон беэътиноӣ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Зодагони мучали ақраб вобаста ба вазъи оилавиашон гуногунрафтор мешаванд. Корҳои нотамоми ҳамсарашонро дида, ба хашм меоянд. Нафарони оиладор бояд бо ҳамдигар ҳамфикр бошанд. Он гоҳ нофаҳмию хархаша ба вуҷуд намеояд. Сабуриро аз даст надода, мушкилиҳоро ба оромӣ бартараф намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

қавс

Имрӯз ҳушёриро аз даст надиҳед, зеро андешаи дурударози шумо боварии атрофиёнатонро кам мекунад. Ҳангоми харидорӣ кардан ҳушёр бошед, ки гум шудани ҳамёнатонро ситораҳо пешгӯӣ мекунанд. Хурсандии деринтизор дар ин рӯз даратонро мекӯбад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Нақшаҳои пешинаатонро ба баъд нагузоред, ҳар кор вақту соати худро дорад. Нисбати саломатии хеш бепарво набошед, асабонияти зиёд аз хастагии руҳии шумо шаҳодат медиҳад. Вақти дар рухсатӣ буданатон ба духтури асабшинос муроҷиат намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Хабарҳои пай дар пай зиндагиатонро тағйир медиҳанд. Вобаста ба мушкилиҳои хонаводагӣ беаҳамият набошед. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос бештар ба худу атрофиён беаҳамиятӣ зоҳир нанамоед. Барои сайругашти кӯдакон вақти муносиб ҷудо намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Ҳутҳоро лозим аст, ки аз ин рӯзҳои гарми башумор монда самаранок истифода баранд. Вақти он расидааст, ки бо аҳли оилаатон ба ягон истироҳатгоҳ равед. Сайругашти оилавӣ руҳияи шуморо болида мегардонад. Ҳутҳои тоҷирро лозим аст, ки тарҳи лоиҳаи навро баррасӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *