толеънома

Толеъномаи 3-юми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Таъсири ногувори рӯзи пешин гузашта, имрӯз нафаси осуда мекашед. Рӯзи хубест барои табобат ва ташхиси бемориҳо. Агар худатон сабабгори муноқишаҳои оилавӣ нагардед, мушкилие дида намешавад. Табъатон хуш набошад ҳам, руҳафтодагиро эҳсос намекунед. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи хуб дар назар аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи душвор аст, барои он ки ба ғалат роҳ надиҳед, бояд хеле бодиққат бошед. Камтарин ғалат боиси мушкилиҳои зиёде мегардад. Эҳтимоли сар задани мушкилоти молиявӣ, хароҷоти беҳуда дар назар аст. Нисбати наздикон танқидро раво набинед, аз ҳарфҳоятон сахт меранҷанд. Баробари ҳис кардани хастагӣ дарҳол аз пайи мустаҳкам сохтани саломатӣ шавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи хеле бобарор аст. Аз рӯзи мусоид истифода бурда, мушкилоти касбиро рафъ ва дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Бо варзиш машғул шуда, бештар дар ҳаракат бошед. Эҳтимоли туҳфаи ногаҳонӣ гирифтанатон дар назар аст. Оббозӣ хастагиро рафъ месозад. Бештар ба мушкили наздикон ва шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед. Дар масъалаҳои пулӣ ба танбалӣ роҳ надиҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи орому беташвиш аст, ягон ҳодисаи муҳиму тақдирсоз рух намедиҳад. Дар масъалаҳои ошиқона аз ҳад зиёд ташвиш накашед, рӯзҳои наздик ҳодисае рух медиҳад, ки тамоми камбудиҳоро фаромӯш месозед. Машқи бадан дар ҳавои тоза ба манфиати саломатиятон хоҳад буд. Дар масъалаҳои молиявӣ корҳои худро ба тартиб оварда, метавонед истироҳат кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи чандон беташвиш нест. Таъсири ҳодисаҳои манфие, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонад. Бо наздикони худ муноқиша мекунед, бо нафарони калонсол гапатон мегурезад. Аз хариди калон худдорӣ намоед. Оббозӣ ба саломатиятон таъсири мусбат мерасонад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз уҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз кам будани имкониятҳои худ руҳафтода нашавед. Беҳтараш аз шиносҳои пешина кумак пурсед. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, вагарна сахт хаста мегардед. Барои он ки муносибатҳоятон бо наздикон вайрон нагардад, бояд босабр бошед. Ба дӯстдоштаи худ дурӯғ гуфта, ӯро сахт меранҷонед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба касе бовар кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Вазъият яку якбора рӯ ба беҳбудӣ оварда, орзуҳои дерин амалӣ мешаванд. Бо наздикон нофаҳмӣ дида намешавад, бо шиносҳои нав низ ба хубӣ забон меёбед. Шахсеро, ки сахт дӯст доштаед, ба мулоқоти ошиқона даъват намоед. Дар ин рӯз корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем, беҳтараш сайругашт намоед. Барои рафъи бехобӣ қабл аз хоб лимучой бо асал нӯшед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ғалат роҳ надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пурҳодисаест, ки шуморо ба ҳаяҷон меорад. Душманон аз заифиятон истифода бурда метавонанд. Аз муноқиша бо нафароне, ки ояндаи шумо аз онҳо вобастагӣ дорад, худдорӣ намоед. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, аз хӯрокҳои равғанин ва тунд худдорӣ намоед. Зимни баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Дағалгуфторӣ боиси ранҷиши дӯстдоштаатон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи орому беташвиш аст. Ҳама корро бобарор анҷом медиҳед. Диққати худро ба масъалаҳои молиявӣ ва роҳҳои нави даромади пулӣ равона созед. Агар заррае дар фикри саломатӣ бошед, зудтар ба назди табиб равед. Беморие, ки нисбаташ бепарвоӣ зоҳир мекунед, музмин мегардад. Бо роҳбари коргоҳ муноқиша карданатон эҳтимол дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мушкилиҳои рӯзи пешин гузашта, вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ вуҷуд дорад. Рафтори шахси дӯстдошта боиси хушҳолиятон мегардад. Эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Тамоми маҳорати касбиро ба кор бурда, муваффақ мегардед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи бобарор аст. Аз дахолати рақибону душманон хавотир набошед, имрӯз ба шумо зарар намерасонанд. Диққати бештари худро ба бемориҳои роҳҳои нафас равона созед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намуда, хастагиро низ фаромӯш месозед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ягон кори дилгиркунандаро ба нақша нагиред. Эҳтимоли муноқиша бо ҳамкорон вуҷуд дорад. Аз шамол хӯрдану хасташавӣ эҳтиёт шавед, бегоҳирӯзӣ барвақттар ба бистари хоб даромада, истироҳат намоед. Бо корҳое машғул шавед, ки боиси беҳтар гаштани вазъи молиявиатон гашта тавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *