Толеъномаи 30 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои ҳамалҳои оиладор ҳафтаи пур аз рӯйдод аст. Вақту қувваи бештари шумо барои корҳои хона сарф мегарданд. Эҳтимол бо волидайн каме нофаҳмиҳо рух диҳад. Дар масъалаҳои хариду фурӯш ҳушёр бошед то ба доми ҳаннотон наафтед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Кӯшиш намоед хушмуомила ва нисбати дигарон бодиққат бошед. Ба эҳсосот дода шуда ба ҳар кас ҳар гуна ваъдаҳои осмонӣ надиҳед, зеро аз ӯҳдаи иҷрояш намебароед.  Ҳарчанд кор барои ризқи оила зарур аст, аммо бозҳам оила дар ҷойи аввал меистад. Шом барои вохӯриҳои ошиқона мусоид аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯз барои хариди калон ва ё фурӯши ҷавоҳирот номусоид аст. Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингард ва ё ронандагӣ бояд хело мувозиб бошед. барои оғози муносибатҳои ошиқона ва дӯстии нав рӯзи мувофиқ нест.  Аз имзои ҳамагуна ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бояд якравиро канор гузошта дар ҳама ҳолат фикру ақидаи наздиконро ба инобат гиред. Дар нақлиёти ҷамъияти ҳам1ёнатон ва ё телефони мобилиатонро гум карданатон мумкин. Барои бастани қарордод ва шарномаҳои нави корӣ рӯзи мусоид аст. Аммо аз рафтан ба мулоқотҳои ошиқона худдорӣ намоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз бо як қатор мушкилотҳои оилавӣ дучор мешавед.  Ин мушкилот шуморо асабонӣ мекунад ва боиси балан гаштани фишору бад шудани вазъи саломатиатон мегардад. Охири рӯз ё бо ҳамсаратон ва ё бо шарики куҳнаи тиҷоратиатон нофаҳмии калоне рух медиҳад.  Бояд на ба суханони ширин, балки ба амали инсон бовар кунед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Мухкилоти иқтисодӣ боиси сар задани баъзе муноқишаҳо байни шумо ва дӯстатон мегардад. Бинобар ин аз додан ва гирифтани қарз имрӯз худдорӣ намоед. Барои харидорӣ намудани сару либоси нав рӯзи мувофиқ аст. Нисбат ба саломатии хеш бепарво набошед ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртиро кам кунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Беҳтараш имрӯз ягон корҳои вазнинро ба ӯҳда нагиред, зеро онро сари вақт иҷро карда наметавонед ва аз роҳбар гӯшмол мегиред. Дар коргоҳ як низоъи хурде мешавад шумо ба он ҳамроҳ нашавед то гуноҳро ба гарданатон бор накунанд. Шом барои бо дӯстдошта ва ё ҳамсаратон ба кинотеатр рафтан мувофиқ аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯз басо хушу гуворо мегузарад. Аз ҷониби азизи дилатон пешниҳое мегиред. Барои дар кор муваффақ шудан бояд аз пайи омӯзиши технологияи нав ва забонҳои зориҷӣ шавед. Синну солро баҳона наоваред. Барои сафари роҳи дур рӯзи мувофиқ нест. Охири рӯз ба яке аз наздикон кумаки шумо зарур мешавад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз боэҳтиёт бошед ва ҳамагуна қоидаҳои бехатариро риоя намоед, зеро хатари бардоштани захму ҷароҳат, сӯхтани пӯст, шикастану лат хӯрдани устухон мавҷуд аст. Ба моҷарои оилавии наздиконатон ҳамроҳ нашавед. Ҳамчунин дар танҳои ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.  Охири рӯз аз роҳи дур хабаре мешунавед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯ бо нафаре рӯбарӯ мешавед, ки ҳамеша бадхоҳӣ шумо буд, кӯшиш кунед ба бадгуфтриҳои вай аҳамият надиҳед ва оромии асабҳоро ҳифз намоед. Нофаҳмие, ки байни шумо ва азизи дилатон ба миён омада буд имрӯз аз байн меравад. Вазъияти иҷтисодиатон чандон хуб нест.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бояд нисбати саломатии худ хеле бодиққат бошанд.  Ба бисёрии кор нигоҳ нокарда, барои истироҳати кӯтоҳмуддат вақт ҷудо кунед. Аз рафтан ба маъракаҳо ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед, зеро хавфи бад шудани вазъи саломатиатон вуҷуд дорад. Барои рафтан ба мулоқотҳои ошиқона фурсат мувофиқ нест.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

 Байни шумовва дӯстдоштаатон  нофаҳмӣ рух медиҳад. Барои рафъи вазъият шумо бояд талаботи худро нисбати дӯстдоштаатон кам кунед. Бояд ҳар гуна муносибат дар асоси боварӣ сохта шавад. Шом ба маъракаи дилхушӣ даъват карда мешавед. Агар равед вақтатон хуш мегузарад, лекин зиёд хӯрдан ва нӯшиданро тавсия намедиҳем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *