Толеъномаи 30 апрел 2019

Ҳамал(21 апрел-22 май)

Рӯз бароятон лаҳзаҳои зиёди нишотовар ва амалӣ шудани орзуҳоятонро тақдим мекунад. Агар дӯстдошта дошта бошед, бо изҳори муҳаббат ва таърифу тавсиф хотирашро шод гардонеду бар ивазаш чизе талаб накунед. Он меҳру муҳаббате, ки шумо ба одамон тақдим мекунед, ба шумо дубора бармегардад. Асабҳои худро эҳтиёт карда, дар вақташ истироҳат кунед. Ҳангоми бо нафаре шинос шудан эҳтиёт бошед, дар баробари муваффақият ба саратон нобарорӣ низ меояд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз тамоми имкониятҳои дилхушӣ кардан истифода бурда, аз нерӯи манфӣ раҳоӣ меёбеду қувват мегиред. Нафароне ки волидони худро ранҷонидаанд, вақте расидааст, ки барои оштишавӣ қадам гузоранд. Имкони зиёд кардани даромади пулиро пайдо мекунед. Аксарияти саврҳо пуштибонҳои соҳибмансабу ваколатдор пайдо мекунанд. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли аз шахси дӯстдошта ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар қаблан баъзе ҳодисаҳоро аз мадди назар дур месохтед, айни замон ин камбудиро рафъ кардан мехоҳед. Вақти бештари худро бо хешовандону ҳамсояҳо гузаронида, аз навигариҳо бохабар мегардед. Ақлу хотираатон мустаҳкамтар гашта, аксари донишу малакаеро, ки қаблан барои аз худ намуданаш душворӣ мекашидед, дар ин рӯзҳо бо осонӣ аз худ мекунед. Бо яке аз дӯстони деринаатон аз нав робитаро барқарор месозед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Диққати худро барои рафъ кардани мушкилоти молиявӣ равона созед. Бо корчаллонӣ ва меҳнатдӯстӣ аз уҳдаи корҳое мебароед, ки қаблан ҳафтаҳо зӯратон намерасид. Бо чунин амал баъзе нақшаҳои худро, ки барояш пул ҷамъ мекардед, ҷомаи амал мепӯшонед. Нимаи дуюми рӯз аз шиносоиҳои нав, фиреб ва дуздӣ ҳангоми сафар эҳтиёт шавед. Бо ҳамкорону наздикон дағалӣ накунед. Саратонҳои оиладор бояд мушкилиҳои дар рӯзгорашон сарзадаро рафъ намоянд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз бо мушкилоти шахсии худ машғул шуданро тавсия медиҳем. Имкониятҳои зиёде барои пешравиҳои касбу коратон пайдо мешавад. Асадҳои муҷаррад муҳаббати умрашонро пайдо намуда, нафарони оиладор ба ҳамдигарфаҳмӣ меоянд. Пулҳоятонро дар ҷои дилпур нигоҳ доред, зеро хавфи дуздӣ имкон дорад. Ҳодисаҳои ногувори дар ин рӯзҳо рухдода натиҷаи ғалатҳоятон аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Вақти бештари худро дар танҳоӣ ва оромӣ гузаронед. Ҳар мушкиле, ки сари роҳатон пайдо мешавад, мунтазам рафъ кардан гиред. Дар муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо мегардад. Муҳаббататон нисбати нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, зиёд гашта, дилатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Саросема шуда, барои даҳ соли оянда нақша накашед. Нимаи дуюми рӯз саломатиятон нохуб мегардад, худро ба даст гиреду дар ин вақт эътимодро ба худ гум накунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Вақти бештари худро дар суҳбати дӯстону шиносҳоятон мегузаронед. Нимаи аввали рӯз нақшаи корҳои ояндаатонро тартиб диҳед. Ҳар қадаре нақшаатон муфассал тарҳрезӣ шуда бошад, ҳамон андоза зудтар амалӣ мегардад. Агар шумо оиладор бошед, дӯстон дар бобби оиладорӣ маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Хастагии равонӣ ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Кӯшиши нафареро аз фикраш гардониданро накунед, вақтатон беҳуда сарф мешаваду асабатон хароб мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)


Ақрабҳо бо матонат барои расидан ба мақсадҳои худ майл мекунанд. Аз имрӯз сар карда барор ҳамсафари шумо мегардад. Ҳафтаи хубест барои табобати бемориҳои музмин бо истифода аз таҷҳизотҳои навини тиббӣ. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ эҳтиром доред, кӯмаку дастгирӣ эҳсос мекунед. Баъди нисфирӯзӣ миёни шахси дӯстдошта ва нафаре аз дӯстонатон нофаҳмӣ рух медиҳад, дар ин муноқиша беҳтараш ҷониби нафареро нагиред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Диққати худро ба мушкилоте равона созед, ки солҳои зиёд оромиятонро халалдор месохтанд. Ба дастгирии ҳамкорону дӯстон умед баста, муваффақ мегардед. Баъзе қавсҳо кори хуб пайдо мекунанду тоифаи дигар бахти худро пайдо намуда, дигаре хонаву дарашонро таъмир мекунанд. Нимаи дуюми рӯз дар касбу коратон душворӣ сар зада, муносибататон бо роҳбарият душвор мегардад. Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки бо амали ноҷое диққати атрофиёнро ба худ ҷалб насозед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад, бинобар ин, дар бозор бисёр гаштанро маслиҳат намедиҳед. Пули бо хуни ҷигар кор кардаи шумо метавонад ба осонӣ луқмаи дузд ё ҳанноте бигардад. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат каме нофањмиҳо пеш меояд, ки гунаҳкори асосии сар заданашон худи шумоед. Гуноҳи худро ба гардан гирифта сари вақт узр пурсед, вагарна хавфи ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Ба саломатиатон аҳамият дињед, бемориҳои куҳнаатон аз нав хурӯҷ карда метавонанд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бархе аз давлњо фикр мекунанд, ки дар зиндагияшон давраи нокомиҳо оғоз ёфтааст, зеро мушкилӣ ва бесару сомониҳои зиёде имрӯз эшонро домангир хоҳанд гашт. Аз ҳад зиёд асабӣ нашавед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Давлҳои оиладор бояд аз занбозию хиёнат худро дур бигиранд, зеро хавфи сар задани моҷароҳои калони оилавӣ бо сабаби рашк вуҷуд дорад. Қарз додан ва қарз гирифтанро ба зодагони ин бурҷ маслиҳат намедиҳем, фиреб хӯрданатон имкон дорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ба ҳодисаҳои ғайриодӣ ва ногаҳонӣ тайёр бошед, зеро чархофалаки зиндагии ҳутҳо басо тез гардиш намуда, навигариҳои зиёде дар ҳаёташон рӯй медиҳанд. Ҳутҳои мансабдор нимаи дуюми рӯз метавонанд шартномаҳои муфид банданд. Корҳое, ки дар ин давра анҷом медиҳед, барои баландтар рафтани мақоматон мусоидат хоҳанд кард. Серкориро баҳона карда вазифаҳои худро дар оила бар дӯши дигарон бор накунед, вагарна дили ҳамсаратон хунук шуда, муносибатҳоятон сард мешаванд. Барои он ки камнамо шудани шуморо ба таври худ фаҳмида рашк накунад, ҳама мушкилиҳои кориатонро ба завҷаатон ошкоро бигӯед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *