Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ҳалли мушкилиҳоятон аз маслиҳати дўстон истифода баред. Даромади калони пулӣ шуморо дар назар нест, бинобар ин, дар масъалаҳои пулию молӣ низ аз кўмак пурсидан шарм надошта, мушкилатонро бо мадади аҳли хонаводаатон ҳал намоед. Сарвҳое, ки дар курсии роҳбарӣ нишастаанд, бояд аз пайи такмил додани донишу маҳорати худ гарданд, зеро ба ҷойи равғанини онҳо рақибонашон чашм ало хоҳанд кард. Хоҳед, ки кордатон болои равған бошад, шахсони донишмандро дар атрофи худ ҷамъ намоед, он гоҳ коратон пеш рафта обрӯятон боз ҳам баландтар мешавад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз саратонҳо бояд танҳо ва танҳо дар бораи саломатиашон фикр кунанд. Тавсияҳои духтуронро риоя намоед, вагарна ҳолатон табоҳ хоҳад шуд.Корҳои нав шуруъ карданро ба шумо тавсия намедиҳанд. Беҳтараш корҳои нимколаатонро ба сомон расонед. Барои ҳалли мушкилиҳои пайдошуда бояд каме қарз гиред. Масъаларо дар гармияш бояд ҳал кард. Нимаи дуюми њафта шахси наздикатон аз боварии шумо истифода бурда ба чашматон хок мепошад. Албатта тањаммул кардани хиёнати шахсе, ки ба ӯ сахт боварӣ дорӣ, бисёр душвор аст, вале мо ба шумо сабуриро тавсия медиҳем. Пеш аз пода чанг андохтан хуб нест, дар ҳама кор боандеша бошед, факту далелҳоро нағзакак омӯхта, баъд хулоса бароред.
Дар аввали рӯз бозии тақдир шуморо бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад кард, аммо шумо метавонед бо ақли солим ва маслиҳати дўстон аз ин варта раҳоӣ ёбед. Ҳолати молиявиятон бад бошад ҳам, озурда нашавед, самари меҳнататонро шумо дертар хоҳед чашид. Фикри пулро аз сар дур карда, худро бо тамоми ҳастӣ ба кор бахшед, нимаи дуюми рӯз шартномаи муфиде баста метавонед, ки ояндаи дурахшони шуморо таъмин карда метавонад. Фақат вақти имзо намудани ҳуҷҷатҳо ҳушёриро аз даст надиҳед ва барои манфиатҳои худро дар коғаз дақиқ дарҷ намудан талош варзед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз барои сумбулаҳо бобарор мешавад. Барои оғоз намудани ҳама гуна тиҷорат айёми беҳтарин аст. Эҳтимоли иваз намудани ҷойи зист ё коратон вуҷуд дорад. Мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки вақти дар чунин масъалаҳои ҷиддӣ хулоса баровардан қаблан ҳама бурду бохти ҷойи нав ё кори навро дар тарозуи ақли худ бар кашед, ки шумо аз ин бурд мекунед ё бохт. Даромади пулии на он қадар калон нимаи дуюми рӯз сумбулаҳоро насиб мегардад. Баргардонидани Қарзҳоятонро фаромӯш накунед, зеро қарз касофатӣ ва бебаракатӣ меорад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Қисми аввали рӯз дар ҷойи коратон масъул бошед, зангҳои телефонӣ ва мактубҳоро бе ҷавоб нагузоред, зеро хурдтарин хато метавонад боиси норозигии роҳбарон гардад. Нахоҳед, ки кафшҳоятонро пеши поятон монанд, содиқона меҳнат кунед. Нимаи дувуми рӯз як хабари хуш мешунавед.Шиносоии наверо шуморо интизор аст, ки метавонад дар ҳаётатон нақши ҳалкунандаро бозад. Ин шиносоии ошиқона нест. Бо шахси воломақоме ошноӣ пайдо мекунед, ки минбаъд шуморо мисли соябон аз ҳама гуна хатарҳо муҳофизат намуда, барои равнақ ёфтани коратон кӯмак мерасонад. Шумо аз ӯ манфиати бисёре хоҳед дид.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯзро танҳо ба худ бахшед. Ба кошонаи ҳусн рафта тарҳи мӯю рўятонро дигаргун намоед, гордеробатонро нав кунед, симои тоза ба рӯйи ақрабҳои доно дари муваффақиятҳои нав ба навро боз хоҳад кард. Танҳо аз харидҳои бемаънӣ даст кашед, то ҷайбатон холӣ нашавад. Нимаи дуюми рӯз маблағҳое, ки бо арақи ҷабин кор карда будед, мегиред ё касе қарзи аз шумо гирифтаашонро бар мегардонад. Умуман, соҳиби пули калон мешавед. Барои ба даст овардани дили ошиқи ранҷидаатон ба ӯ ягон туҳфаи хурдакак харед. Пулу мол чирки даст аст, вале ёри вафодорро ёфтан душвор.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз дар оилаатон мушкилиҳои ногаҳонӣ сар мезананд ва шумо дар ҳаллашон хеле бояд заҳмат кашед. Дасту по хӯрда гаранг шуда намонед, дар дунё ягон мушкиле нест, ки осон нашавад. Ба танҳоӣ аз уҳдааш набароед, аз дӯстонатон мадад пурсед. Як занги телефонӣ метавонад мушкилии шуморо ҳал кунад. Нимаи дуюми рӯз қавсҳои бо тиҷорат сару кор дошта бояд аз кашидани ҳар гуна нақшаҳои нав ва оғоз намудани тиҷорати тоза худдорӣ намоянд, зеро хавфи ба нокомӣ дучор гаштанатон вуҷуд дорад. Беҳтараш бо шарикони пештара ҳамон кореро ривоҷ диҳед, ки солҳо санҷида шудааст ва ба шумо даромади муътадил меорад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз шумо якбора соҳиби пули калон мешавед. Эҳтимол ҳамёни пур аз пул меёбед ё касе аз хешовандонатон ба шумо хона ё ягон чизи дигари гаронбаҳоро мерос мегузорад. Бой шудам гуфта ба чор тараф ҷор назанед, девор муш дораду муш гӯш. Хоҳед, ки ҳасудон ба саратон бало набиёранд, хапу хомӯш гардед. Беҳуда нагуфтаанд, ки бовар накун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад дар пӯстат, нимаи дуюми рӯз баъзе зодагони бурҷи ҷаддӣ буғзи дилашонро ба дӯсташон мекушоянд, то аз ғаме, ки кайҳо боз қалбашонро мефишорад, раҳоӣ ёбанд, аммо содалавҳиашон боиси фош гаштани сир ва рехтани обрӯяшон мегардад. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки сирри худро ба ҳеҷ кас бовар накунед, ҳатто ба падару модар ва ҳамсару фарзандон.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯзро ба дўстонатон бахшед. Қисми аввали рӯз аз вохӯрӣ бо дӯстон ва ошиқатон рӯ нагардонед, вагарна пушаймон хоҳед шуд. Киссаатон ғафс бошад, ба касе, ки бо умеди дасти мадад ба наздатон меояд, ёрӣ расонед. Худованд ҷавоби некиҳоятонро албатта даҳчанд бар мегардонад. Муҳим нест, ки шахси мадад мепурсида одами наздики шумост ё бегона, содиқона хайр кунед, савоб мегиреду дар зиндагӣ баракат меёбед. Нимаи дуюми рӯз аз муошират ва шиносоӣ бо одамони ношинос худдорӣ намоед, зеро хавфи бо ҳаннот ё фиребгар рӯ ба рӯ шуданатон вуҷуд дорад. Тилловорӣ ва ашёҳои қимматбаҳоятонро дар ягон ҷойи маҳкам пинҳон карда монед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз пурра ба кори идора машғул шуда, аввал ба худ ва баъд ба роҳбаратон ҳисобот диҳед, ки кадом корҳои муфидро ба сомон расондед. Дар сурати натиҷаи хуб додани меҳнататон шуморо ба вазифаи баландтар пешбарӣ карда метавонанд. Кордатон болои равған мешавад, агар содиқона меҳнат намоед. Сафари корие, ки охири рӯз дар назар аст, дари имкониятҳои нав ба навро ба рӯйи ҳамалҳо мекушояд. Кӯшиш намоед, ки муносибатро бо шарикони нав мустаҳкам ба роҳ монед. Даромади пулӣ имрӯз дар назар нест. Бахт нимаи дуюми рӯз ба рӯйи ҳутҳои танҳо механдад. Дари бахтатон кушода мешавад, агар воқеан дар фикри обод намудани зиндагӣ бошед, на дар фикри шикор кардани сайди зебо
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ