Толеъномаи 30 январ

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Бо атрофиён дағалӣ накунед, хатари муноқиша карданатон зиёд аст. Ошиқон бояд ҷасуртар бошанд, вагарна мурғи бахтро аз даст медиҳед. Вазъи молиявиатон чандон хуб нест, ба бозору мағоза рафтанро тавсия намедиҳем. Бегоҳирӯзӣ бар асари асабонияти сахт вазъи саломатиятон бад мегардад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Муваффақият насиби нафароне мегардад, ки дар оилаашон шодиву нишот ҳукмфармо бошад. Нафаре ба шумо зарар расонидан мехоҳад, ҳушёриро аз даст надиҳед. Бо чолокӣ монеаҳоро паси сар мекунед, вале фишори руҳӣ ба саломатиятон беасар намемонад. Агар ҳама корро аз рӯйи нақша иҷро кунед, кисаатон холӣ намемонад. Нисбати наздикон ва шахси дӯстдошта меҳрубонтар бошед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Барои ҷавзоҳои ошиқ рӯзи вазнин аст. Бо шахси дӯстдошта ё ҳамсаратон муноқишаи калон рух медиҳад, баъзеҳо ҳатто аз якдигар ҷудо мешаванд. Ба мардҳо сайругаштҳои тӯлонӣ ва дар танҳоӣ буданро маслиҳат намедиҳем. Хатари ҷароҳат бардоштану ба сактаи дил гирифтор шудан дар ин рӯз хеле зиёд аст. Бонувон бояд ба коре даст назананд, имрӯз барор ҳамсафари шумо нест. Агар хароҷоти худро кам накунед, то бегоҳирӯзӣ пулҳоятон тамом мешавад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар маблағи хуб ба даст овардан хоҳед, нақшаҳои обшустаро як тараф гузошта, аз пайи кори аниқ гардед. Дар ин рӯз вохӯрии фаромӯшнашавандаи ошиқона имкон дорад. Агар дӯстдоштаи худро бо ёри пештараатон муқоиса накунед, муносибатҳоятон хуб ҷараён мегирад. Ба саросемагӣ роҳ диҳед, зеро коратон барор намегирад. Бо вуҷуди нобарориҳо вазъи саломатиятон дар ин рӯз хуб аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар касбу коратон пешравӣ дида намешавад, кисаатон ҳам холӣ шуда, чӣ кор карданро намедонед. Дар ин рӯз ба мулоқоти ошиқона рафтану бастани ақди никоҳро маслиҳат намедиҳем. Ғайбату бадгӯйии душманон ба қобилиятҳои кориятон таъсир мерасонад. Дар чунин лаҳзаи душвор худро аз наздикон дур гирифтану ба худ фурӯ рафтан бар зарари саломатиятон мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Бо дӯстдошта ё ҳамсаратон муноқиша мекунед, кор ҳатто ба ҷудоӣ мерасад. Хафагиву ранҷишҳои дуҷониба на танҳо боиси вайроншавии муносибатҳо, балки сабабгори асабхаробӣ ва фишорбаландиятон мегардад. Дар ин рӯз корҳоятон бебарору руҳафтода мегардед. Барои он ки ҳолати руҳӣ ба вазъи молиявиатон таъсири бад нарасонад, дар масъалаҳои пулӣ бодиққат бошед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи хубест барои истироҳат  бо дӯстон. Танҳо фикри ҳамин рӯзро карда, маблағи зиёдро барои дилхушӣ сарф накунед, беҳтараш буҷаи худро барои моҳҳои наздик тартиб диҳед. Дар муносибатҳои ошиқона саргум мезанед ва бори масъулиятро аз дӯши худ дур карданӣ шуда, дӯстдоштаатонро сахт меранҷонед. Бегоҳирӯзӣ каме фишоратон паст мегардад, ин нишонаи хасташавӣ аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед, ҳатто нақшаи кориро барзиёд иҷро мекунед. Ҷидду ҷаҳди шумо аз чашми роҳбарият дур намемонад. Аз ҷониби бадхоҳону рақибон фитнаангезӣ имкон дорад, вале шумо аз вазъиятҳои ногувор бо сари баланд мебароед. Маблағи хуб ба даст меоред, вале хастагӣ имкон намедиҳад, ки бо дӯстдоштаатон вақт гузаронед. Бегоҳирӯзӣ бояд нағзакак истироҳат кунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Агар шумо дар ҷои кори нав фаъолиятро оғоз карда бошед, бояд тамоми ҳунару маҳорати худро нишон дода тавонед. Барои он ки маошатонро баланд кунанд, масъулиятнок будани худро собит намоед. Бегоҳирӯзӣ бо ошиқатон телефонӣ ё тавассути интернет вақт гузарониданро тавсия намедиҳем, барвақттар хоб раведу истироҳат кунед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Нисбати ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳад, бодиққат бошед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Қувваи зиёди худро барои гапҳои беҳуда сарф накунед. Агар нафаре хоҳиши бо шумо гап заданро надошта бошад, беҳтараш бо ӯ дар суҳбат нашавед. Ба ғизои мехӯрдаи худ бодиққат бошед, вагарна хатари заҳролуд шуданатон вуҷуд дорад. Дӯстдоштаатон ба меҳрубониву навозиши шумо эҳтиёҷ дорад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Хабари дурӯғи дар ин рӯз шунидаатон боиси нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Корҳои пешинаро ба анҷом расонед, нақшаи нав накашед, вагарна коратон бебарор анҷом ёфта, ҳам бе пул мемонеду ҳам аз асабонияти зиёд саломатиятон хароб мегардад. Бо иғвогариҳои душманон ба ғалат роҳ доданатон имкон дорад. Хобҳои дар шоми ин рӯз дидаатон амалӣ мешаванд. Мулоқоти ошиқона хуб анҷом меёбад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз ба ғалат роҳ додану фиреб хӯрданатон имкон дорад. Ҳушёр бошед, аз ғайбату туҳмат эҳтиёт шавед. Аз робита бо нафарони бадҷаҳлу худхоҳ дурӣ ҷӯед. Дар баҳсу мунозираҳо ширкат накунед. Рафту ба муноқишае аралаш шавед, ба додзаниву садо баландкунӣ роҳ надиҳед. Вохӯрии аҷиби ошиқона имкон дорад. Аз назди табиб бо табъи гирифта бармегардед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *