Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз худро мисли моҳӣ дар об ҳис мекунед, зеро лоиҳае, ки дар ҷойи кор ба шумо пешкаш менамоянд, табъи дилатон аст. Зирак бошед, нагузоред, ки дигар ҳамкоронатон ба луқмаи тайёри шумо шарик шуда, як ҳиссаи маблағеро, ки ҳаққи ҳалол ва самари заҳматҳоятон аст, ба осонӣ аз худ намоянд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат саврҳоро нокомӣ интизор аст, маҳбубатон ошиқи нав меёбад ё барои дупула гап шуморо тарк менамояд. Озурда нашавед, сар амон бошад, кулаҳ боз ёфт мешавад. Саврҳои оиладор набояд ин ҳафта ба васвасаҳои ошиқона дода шаванд. Хиёнат метавонад ба решаи бахтатон теша занад, бинобар ин, қадаматонро дониста монед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Имрӯз шуморо сюрпризи аҷиб интизор аст. Ошиқи серкоратон пас аз интизориҳои тулонӣ ниҳоят вақт ёфта ба наздатон меояд. Аз вохӯрии романтикӣ ҳаловат бурда, дилҳоятонро бо меҳрубонӣ ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар созед. Рӯз аз ҳар нигоҳ барои саратонҳо бобарор аст. Сафарҳои корӣ ба зодагони бурҷи саратон даромади хуби пулӣ оварда, барои ҳамкориҳои нави судманд роҳ кушода метавонанд. Серпул мешавед, баргардонидани қарзи кайҳо гирифтаатонро фаромӯш накунед.
Имрӯз масъалаҳои муҳими пулиро ҳал менамоед. Тиҷорататон равнақ ёфта, ҷайбатонро пури пул мекунад. Хасисӣ карда ҳама корро дар танҳоӣ пеш набаред, ёрдамчии хубу боваринок шанси пули калон кор кардани шуморо ду маротиба бештар хоҳад кард. Нимаи дуюми рӯз дар бораи шумо баъзе овозаҳои нохуш паҳн гашта, асабҳоятонро хароб месозанд. Худро дарун ба дарун нахӯред, вагарна саломатиатонро аз даст медиҳед. Охири рӯз худро аз васвасаҳои ошиқона дур бигиред. Фаромўш накунед, ки дар хона шуморо наздиконатон интизоранд.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз чунон серкор мешавед, ки намедонед корро аз чӣ сар кунед. Ҳама бори гаронро бар дӯши худ гирифта, саломатиятонро барбод надиҳед. Аз ҳамкорон ва дӯстонатон мадад пурсед, бо камоли майл ба шумо кӯмак мерасонанд. Нимаи дуюми рӯз бо арақи ҷабин маблағи на он қадар калонро ба даст меоред. Дар сарф кардани пул эҳтиёт бошед. Бо нияти харид кардан ба бозор ё мағоза рафтанӣ бошед, ҳамёнатонро аз чашми тезбини дуздон пинҳон доред, то самари меҳнати шумо барояшон луқмаи муфт ба даст омада нагардад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз аз хастагӣ ҳавсала намекунед, ки ба ягон кор даст занед. Истироҳатро авлотар дониста, фикри ба рухсатӣ баромаданро менамоед. Дар ҳақиқат барои дамгирии мизонҳо айёми беҳтарин аст. Шумо метавонед саломатиатонро барқарор намуда, баъд бо қувваи дучанд ба кор часпед. Мизонҳои муҷаррад ҳаваси оиладор шуданро мекунанд, вале ситораҳо ба зодагони ин бурҷ маслиҳат медиҳанд, ки боз камтари дигар сабру тоқат намоянд. Муносибатҳои ошиқонае, ки имрӯз сар мекунед, ба гумон аст, ки ба шумо бахту саодат биёранд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз шиносоии тақдирсозе шуморо интизор аст. Бо як шахси бисёр муътабар ва тавоно шинос мешавед. Аз маслиҳатҳои ӯ истифода баред, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ хоҳед расид. Дар ҷодаи кору фаъолият ақрабҳоро дигаргуниҳои бузург интизоранд. Вазифа ё мансаби нав мегиред. Бори масъулиятатон боз ҳам афзунтар гашта, чунон серкор мешавед, ки дигар ҳатто вақти сархорӣ намеёбед. Наздиконатон аз серкории шумо каме малул хоҳанд гашт, зеро ба кор дода шуда, вақти бо онҳо машғул шудан намеёбед. Аз паси пул надавед, пул худаш шуморо меёбад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз ҳангоми сайругашт зодагони бурҷи қавсро шиносоии аҷибе дар назар аст. Шиноси наватон бисёр дилкашу дилрабо буда, бо суханҳои зебояш дили шуморо мерабояд. Худро ба даст бигиред, аз ҳад зиёд ба гапҳои ширини одаме, ки аслу насабашро намедонед, дода нашавед. Ошиқи зор гашта шумо метавонед инони ихтиёри худро аз даст диҳед ва коре кунед, ки оқибаташ пушаймонист. Нимаи дуюми рӯз ҳамёни пур аз пул ё ягон чизи қиматбаҳоятонро гум карда, бисёр асабӣ мешавед. Бисёр фикр накунед, моли аз даст рафтаатон дубора ба даст намеояд, вале саломатиятонро аз даст медиҳед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Имрӯз худро комилан солим эҳсос намуда, бо қувваи дучанд ба кор мечаспед, аммо як хатогии хурдакак шуморо дар назди роҳбарият шармсор месозад. Худро гунаҳкор ҳис намуда ақибнишӣ накунед, баръакс барои рафъи камбудиҳо камари ҳиммат бандед. Нимаи дуюми рӯз як мушкилӣ пеш меояд ва шумо сахт асабонӣ шуда, ҳамсар ё ошиқатонро меранҷонед. Сари вақт бахшиш пурсида сабаби дағалиатонро фаҳмонед, вагарна қаҳр карда мераваду тани танҳо мемонед. Даромади пулии калон охири рӯз шуморо хурсанд мекунад. Як ҳиссаи маблағро ба корҳои хайр сарф намуда ба ягон ятим ё пири барҷомонда кӯмак расонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз шумо бояд аз ҳама зебо ва дилкаш бошед. Ба кошонаи ҳусн равед, либосҳои зеботаринро ба бар намуда, ба ҷашну маҳфилҳо равед. Шуморо барои он ин қадар ба зебо шудан талқин менамоем, ки тақдир имрӯз дари барору комёбиҳоро ба рӯйи зодагони бурҷи далв мекушояд. Шиносоӣ бо як одами воломақом метавонад шуморо ба зинаҳои баланд расонад, агар ба ӯ писанд биёед. Шуморо болоравӣ дар мансаб интизор аст. Даромади пулии начандон калоне, ки имрӯз ба даст меояд, имкон фароҳам меорад, ки қарзҳои гирифтаатонро баргардонед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Бо шахсони мансабдор баҳсу мунозира накунед, вагарна кафшҳоятонро пеши поятон гузошта шуморо аз кор меронанд. Ҳутҳои бо тиҷорат сару кор дошта агар муносибатҳояшонро бо шарикони пештара дубора барқарор намоянд, даромади калон ба даст оварда метавонанд. Агар аз харидҳои бемаънӣ худдорӣ намуда, тамоми пулатонро барои ривоҷу равнақ додани коратон сарф намоед, даромадатон даҳчанд гашта, бою бадавлат мешавед. Дар бобати саломатӣ ба бепарвоӣ роҳ додан лозим нест, чунки хурӯҷи кадом як бемории куҳнаатон метавонад ҳоли шуморо табоҳ созад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ