Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Вақти истироҳат ва барқарорсозии саломатиятон фаро расидааст. Ба садои қалб гӯш андохта, бе ягон сабаб таваккал накунед, зеро аввали рӯз эҳтимоли ба ғалат роҳ додану чизеро гум карданатон дар назар аст. Харидҳоятон бобарор анҷом ёфта, мушкилоти рӯзгорро рафъ месозед. Хеле хоҳиши бо шахси дӯстдошта буданро мекунед, вале барои мулоқоти ошиқона вақт пайдо карда наметавонед. Нисбати нафаре, ки чанд сол қабл дар ҳаққи шумо бадӣ карда буд, аз ҳад зиёд меҳру шафқатро раво набинед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нафарони дар бурҷи саратон тавлидёфта тамоми рӯз дар фикри пешравии касбу кор мешаванд. Агар нафаре аз шумо қарздор бошад, вақте расидааст, ки қарзатонро баргардонад. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақият насибатон мегардад, вале агар дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъол бошед, дучори мушкилоту ногувориҳо мегардед. Мардони ошиқ бояд аввал кисаи худро пури пул карда, баъдан изҳори муҳаббат намоянд. Эҳтимоли ба меҳмонӣ рафтанатон мавҷуд аст
Ташвиши ногаҳонии дар хонаву ҷои коратон сарзада имкон намедиҳад, ки диққати худро ба масъалаҳои муҳимтар равона созед. Ҳангоми харид ва иҷрои корҳои хона ба кӯмаки аҳли оила такя намоед. Кӯмаку дастгирии шумо низ ба аҳли оила ҷасорат мебахшад. Дар ин шабу рӯзҳо барои мулоқоти ошиқона вақт пайдо кардан бароятон душвор мегардад. Рафту муҷаррад бошед, ба нафаре бештар диққат диҳед, ки паёмакҳои ошиқона ирсол менамояд. Аз ҷангу муноқиша дурӣ ҷӯед, вагарна сиру асрори пинҳониятон фош мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Нафарони дар мучали сунбула тавлидёфта худро хаста кардан намехоҳанд ва бештар бо дӯстон вақт мегузаронанд. Барои маъракаву дилхушиҳо вақт намеёбед, вале уҳдадориҳои оилавиро ҳатман ба анҷом мерасонед. Дар ҷодаи муҳаббат шаку шубҳа аз дилатон дур мегардад. Дар ин рӯзҳои хазонрез қалби нафарони муҷаррадро нафароне ба даст оварда метавонанд, ки дар мучали ақраб, далв ва қавс ба дунё омадаанд. Ба ғизои худ диққати хоса диҳед, дар ин айём фарбеҳ шуданатон осон аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Кореро ба анҷом мерасонед, ки кайҳо боз аз уҳдааш баромада наметавонистед. Аз натиҷаи заҳмати худ фахр мекунед, вале барои меҳнати кардаатон маблағи иловагӣ талаб карданро фаромӯш насозед. Ташвиши оилавиятон дар ин шабу рӯз зиёд мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, бетоқатӣ ва серталабӣ бар зарари худатон мегардад. Нафарони муҷаррад ба маслиҳату тавсияи наздикони калонсол ва ҳамсояҳо гӯш медиҳанд. Яке аз шиносҳоятон бо нияти хостгорӣ даратонро мекӯбад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Барои рафъ намудани камбудиву мушкилоти рӯзгор тамоми кори аз дастатон меомадаро мекунед. Ба мушкилоти наздикони худ диққати хоса диҳед. Нафаре аз наздикон ба кӯмаки шумо ниёз дорад. Тамоми рӯз серкор мешавед, вале маблағи хуб ба даст меоред. Нафарони муҷаррад бо ҳар баҳона ба шахси барояшон писанд дар робита мешаванд. Ҳангоми иҷрои корҳои вазнини ҷисмонӣ боэҳтиёт бошед, хатари афтидану ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Барои он ки дар хонаатон муноқиша сар назанад, дар сари қаҳру ғазаб ба дағалӣ роҳ надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Тамоми ҳодисаву рӯйдоди дар ин рӯз сарзадаро ба фоидаи худ истифода бурда метавонед. Баъзан одати худбоварӣ ва иззатталбӣ дар лаҳзаҳои душвор кӯмак мерасонанд. Маблағи хуби пулиро аз ҷое ба даст меоред, ки қаблан роҳу воситаи пулкоркуниро санҷида дида будед. Дар масъалаи саломатӣ танҳо ба табибони ботаҷриба муроҷиат кунед, худсарона дору хариданро ба худ одат накунед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошед. Нерӯи худро ба баҳсу муноқиша сарф накунед. Кам гап занеду бештар гӯш кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ба мушкиливу камбудиҳои дигарон кордор нашавед, вагарна ба ҷои ду нафар кор карданатон лозим меояд. Нақшаи ба тартиб овардани хонаву дарро кашида, ҳамзамон фикри истироҳати худро кунед. Хароҷоти кардаатон боиси коҳиш ёфтани вазъи молиявӣ намегардад. Марду занони муҷаррад бо ҳар баҳона аз хона баромада, дар фикри барпо намудани кошонаи бахти худ мегарданд. Агар нияти харидани асбобҳои техникиро дошта бошед, пулро беҳуда сарф накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Зиндагии шахсӣ ва муҳаббати ногаҳонӣ чунон ҳушу хаёлатонро банд месозад, ки мушкилоти ҷиддиро пай намебаред. Чунин сабукфикрӣ метавонад бар зарари шумо бошад, хусусан агар ғалату камбудиҳои зиёд мавҷуд дошта бошанд. Бояд дар фикри саломатии худ бошед, аз пайи ташхиси бемориҳо шавед. Миёнаи ҳафта маблағеро, ки интизор будед, ба даст меоред. Ба ҳар гапе, ки ба шумо мегӯянд, бовар накунед, аз хушомадзанҳо эҳтиёт шавед. Муносибати худро бо нафаре, ки ҳамеша шуморо танқид мекард, беҳтар гардонед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Барои нафароне, ки мушкилоти рӯзгор ва молӣ доранд, рӯзи хуб фаро мерасад. Нафарони воломақом аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд. Серкорӣ ба саломатиятон бе таъсир намемонад. Бар замми ин, муносибатҳоятон бо наздикон вайрон мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба нозу инҷиқӣ роҳ надиҳед, ҳамзамон дӯстдоштаи худро дар хиёнат гунаҳкор накунед. Барои он ки мушкилоти рӯзгор бори гарон нашаванд, сари вақт аз пайи рафъ карданашон шавед. Аз дӯсти наздикатон туҳфа гирифтанатон эҳтимол дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ