Толеъномаи 31 январ 2019
Шиносоии нав дар оғози рӯз ба дӯстии самимӣ оварда мерасонад. Имрӯз ягон пешниҳодеро новобаста аз ҷолибияташ қабул накунед, ки оқибат ба пушаймонӣ меорад. Ёди муҳаббати гузашта шуморо ором намегузорад. Шом эҳтимоли муноқиша бо пайвандон вуҷуд дорад, аз баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Барои оғози лоиҳаи бузург ва имзои санадҳои ҳамкорӣ вақти муносиб нест. Дониши ҳуқуқиатонро такмил диҳед, то фиреб нахӯред. Охири рӯз барои сафари дур мувофиқ аст. Барои ба даст овардани дили нафаре саросема нашавед, балки аз ақлу заковати хеш истифода баред.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Кори дастаҷамъона натиҷаи хуб медиҳад. Барои эҷодкорон низ рӯзи бобарор аст. Ба кор содиқ буданатонро роҳбар қадр мекунад. Агар дили дӯстдоштаатонро ба даст овардан хоҳед, аз маслиҳат ва ёрии дӯстон истифода баред. Пиёдагардӣ ва дучархасаворӣ ба саломатиатон манфиатбахш хоҳад буд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нисбат ба кор ҷиддӣ ва бодиққат бошед, то касе натавонад дар коратон айб ёбад, дар ҳолати ғайр зери тозиёнаи танқид қарор мегиред. Нимаи дувуми рӯз маҷбур мешавед бо шахсе, ки намеписандед ҳамкорӣ намоед. Зудбовариатон боис мешавад, ки дӯстдоштаатон шуморо фиреб диҳад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Якравӣ ва худро ҳақ гирифтан боиси аз даст додани дӯстон хоҳад шуд. Ба коре, ки аз уҳдаи иҷрояш намебароед, даст назанед. Дар оила каме нофаҳмиҳо ба миён меояд ва танҳо гузашт кардан аз худ ва узрпурсӣ метавонад мушкилотро ҳал кунад. Дӯстдоштаатон тамоман он тавре нест, ки худро вонамуд мекунад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Рӯзро пурра ба омӯзиш ё омӯзонидани дигарон бахшед хуб мешавад. Сунбулаҳои эҷодкор барои худ сарпараст пайдо мекунанд. Барои оне, ки аз шумо рафтааст, зиёд маҳзун машавед фаромӯш насозед, ки давои дили шикаста ин муҳаббати нав аст. Фурсати он расидааст, ки барои солимии тану ҷон аз парҳез кор бигиред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯз пур аз хушиву барор, шиносоии нав, сафарҳои кӯтоҳмуддат, даромади пулӣ дар назар аст. Ҳиссиётатон ба шумо роҳи дурустро нишон медиҳад, ва кумак мекунад, ки аз ҳар ҳолати ногувор берун оед. Агар хоҳед, ки аз дӯстдоштаатон ҷудо нашавед ба камбудиҳои хурди ӯ чашм пӯшед, чунки ишқ ин худ гузар кардан аст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Оғози рӯз ба бадбинӣ ва нотавонбинии атрофиён дучор хоҳед шуд, бинобар ин кӯшиш намоед аз ҳама гуна баҳсу муноқишаҳо дур бошед. Барои хариди туҳфа низ фурсати номусоид аст, зеро он ба касе писанд намеояд. Дӯстдоштаатон ба шумо дар мавриди мушкилот ва эҳсосоташ сухан мекунад, ӯро бодиққат гӯш кунед ва бо маслиҳат ба нафъи худ истифода баред.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ба ҳама кӯшиши бадхоҳон нигоҳ накарда, шумо ба осонӣ ба мақсад мерасед. Сафари бобарор, пешравӣ дар кор, барқарории дӯстиву рафоқат ҳамааш ин ҳафта ҳамгоми шумо хоҳанд буд. Воқеа чунин сурат мегирад, ки шумо метавонед дӯстдоштаатонро беҳтар шиносед ва мафҳуми “Муҳаббатро на бо сухан, балки бо амал бояд нишон дод” дарк мекунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҳодисаи ғайричашмдошт ба шумо кумак мекунад то ба мақсадатон бирасед. Аммо бо роҳбар ва ҳамкасбон забон ёфтанатон мушкил хоҳад шуд. Эҳтимол дӯстдоштаатон мунтазири он аст, ки ҳақиқӣ будани ишқатонро исбот намоед. Агар то ба ҳол вайро бо волидайн ва дӯстон шинос накарда бошед, пас ин рӯз фурсати мувофиқ аст.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯзи мушкил аст. Ҳама неруятонро ба оила равона кунед. Асабонияти зиёд нимаи дуюми рӯз боиси ҷанҷол аз паси гапи ночизе дар хонавода мешавад. Якравӣ ба зарари кор хоҳад буд.Айбро на дар дигарон, балки дар худ ҷӯед. Аз дарди дандон азият кашиданатон мумкин.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Бо мушкилоти калоне рӯ ба рӯ хоҳед шуд, вале рӯҳафтода нашавед, ба зудӣ ин мушкилот рафъ хоҳад шуд.Агар ба ҷузъиёти кор аҳамият диҳед, ба зудӣ вазифаи баланд хоҳед гирифт. Дар назди дӯстдоштаатон шартҳои сангин гузоштаед, хавфи он вуқуд дорад, ки аз уҳдаи бардоштани ин бор набарояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ