Толеъномаи 4 декабр 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо атрофиён муноқишаву низоъ накунед, вагарна на танҳо муносибататон бо нафарони даркорӣ бад мегардад, балки ҳарфу суханони қабеҳ мешунавед. Бештар меҳнат кунеду нақшаҳои пешинаро дар амал татбиқ намоед. Бегоҳирӯзӣ меҳмонони нохондаро интизор бошед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Тамоми рӯз дар фикри сарф кардани пул ё чӣ сон захира намудани он андеша карда, чӣ кор карданатонро намедонед. Агар сари қароре омада натавонед, беҳтараш аз дӯсти наздикатон маслиҳат пурсед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ дошта, нафсро лаҷом занед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Шумо бояд ба атрофиёни худ нағзакак зеҳн монед. Аз эҳтимол дур нест, ки дар байни шиносҳоятон шахси барои худ азизро пайдо менамоед. Табобати бемориҳои музмин ва амалиётҳои пешгирикунандаи бемориҳо натиҷабахш мегарданд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ҳодисаҳои зиёди фаромӯшнашаванда дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳанд. Дар оилаатон тифли нав ба дунё омада ё соҳиби мерос мегардед. Вазифаи баландеро пешниҳодатон мекунанд, онро рад накунед. Баъди нисфирӯзӣ ба хабари шунидаатон диққати бештар диҳед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз дар байни дӯстону шиносҳоятон худро як сару гардан боло эҳсос мекунед. Аксарият аз чунин мавқеи хуб доштанатон бо чашми ҳасад менигаранд. Даромади калони пулӣ эҳтимол дорад. Дар ҷодаи муҳаббат ягон навигарӣ дида намешавад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз бо шахси бароятон наздик ба сафар мебароед. Азбаски ин сафари деринтизори шумо аст, касеву чизе наметавонад табъи хушатонро озурда гардонад. Мушкилоти молиявиро ба дӯши дигарон бор накунед. Барои рафъи бемадорӣ шаб барвақт хоб равед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст, аз серкорӣ вақти сархорӣ намеёбед. Шуморо ба маъракаи калоне даъват мекунанд. Бо вуҷуди нақшаҳои дигар доштанатон, аз маърака қафо намонед. Қобилиятҳои эҷодии худро нишон дода пеши роҳи коратонро мекушоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Нақшаву ниятҳое, ки кайҳо аз баҳраш баромада будед, дар ҳамин рӯз амалӣ мешаванд. Дар ҷойи кор барои меҳнати хуб мукофотпулӣ мегиред. Дар ин рӯз ҳам изҳори муҳаббат мекунеду ҳам барои ба даст овардани дили шахси писандидаатон кӯшиш ба харҷ медиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҳар қадаре қавс барои худ кори бонуфуз пайдо намояд, ҳамон андоза зудтар ба мақсад мерасад. Бо корҳои муқаррарӣ машғул шудан ба дилатон задааст. Барои тағйир додани ҳаёти шахсӣ рӯзи созгор аст. Дар роҳ шиносоии тақдирсозе рух медиҳад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз мурғи илҳоматон ба парвоз меояд. Куҳро зада талқон карда метавонед, вале мушкилиҳои молиявие пеш меоянд, ки ба зудӣ бояд рафъ намоед. Рӯзи мусоидест барои бастани ақди никоҳ ва сафарҳои хидматӣ. Бегоҳирӯзиро ба шуғли дӯстдошта ё сайругашт бахшед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Тамоми қувваи худро ба кор бубахшед, хусусан агар коратон бо эҷодиёт алоқаманду аҷиб бошад. Дар оилаатон бо сабаби норасоии пул муноқиша ба амал меояд. Ҳамсаратон шуморо дар корчаллон набуданатон гунаҳкор месозад, вале комилан ғалат мекунад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз эҳтимоли фаромӯшхотир шудану ба фориғболӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ ба худ рафъ намегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ