Толеъномаи 4 феврал 2019
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти шахсӣ ва ҷойи кор аз тағйиротҳо натарсед, беҳтараш кӯшиш намоед, ки аз вазъият фоида ба даст оред. Дарди сабуки дар ҷисматон пайдошуда ба зудӣ нест мешавад. Миёнаи рӯз каме даромади пулӣ ба даст меоред, вале тамоми маблағро пурра сарф накунед. Нафароне, ки дар ҳамин рӯз ба ҳаёти шумо ворид мегарданд, бароятон бурдборӣ меоранду роҳи кор меомӯзонанд. Барои амалӣ сохтани корҳои махфиятон айни муддао аст. Бароятон асрори пинҳоне кушода мегардад. Бо нафарони мансабдор муноқиша накунед, вагарна ба гирдоби бадбахтиҳо дучор мегардед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар масъалаи мушкилоти молиявиатон ҷиддан андеша кунед. Одати қарз гирифтанро партоеду маблағро сарфакорона харҷ намоед. Имрӯз бахтатон омад мекунаду корҳоятон барор мегирад, ба шарте ки ба маслиҳати дигарон гӯш надиҳед. Кӯшиши бо зӯрӣ ё бо маслиҳати нафаре ба даст овардани чизеро накунед. Нофаҳмиву озурдагиҳои дар ҷойи кор рухдода барои аз кор рафтани шумо сабаб шуда наметавонад. Хеле хуб мебуд, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз вохӯрӣ бо сардор худдорӣ намоед. Беҳтараш бо шаҳрвандони хориҷӣ муноқиша накунед, вагарна кор ба суду милисабозӣ мерасад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Рӯзи нав барои ҷавзоҳо шодиву нишот меорад. Ба ҷашну маъракаҳо пайи ҳам даъватӣ мешавед, кӯшиш намоед дӯстону ҳамфикрони худро зиёд гардонед. Кӯшиши чизеро дар зиндагӣ тағйир доданро мекунед, навигарӣ мехоҳед. Чунин имкониятро шумо аз шабакаҳои интернет ба даст меоред. Миёнаи рӯз барои бартараф намудани мушкилиҳое, ки ба дигарон гуфтан намехоҳед, мусоид аст. Аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона худдорӣ намуда, аз нафарони доғи судидошта худро канор гиред. Мушкилоти молиявӣ асабатонро хароб сохта, бо наздикон гапатон мегурезад. Хусусан охирирӯз чунон асабӣ мешавед, ки аз ҳар гапу кори ночиз бо атрофиён ҷангу ҷанҷол мекунед. Беҳуда худро асабӣ насохта, беҳтараш роҳу воситаи дуруст сарф кардани пулро омӯзед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Обрӯву нуфузи саратонҳо дар рӯзи нав миёни атрофиёнашон зиёдтар мегардад. Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз рафтору кирдори шумо тақдири дигарон вобастагӣ дорад. Айёми мусоидест барои вохӯрӣ бо нафарони мансабдор. Дар дилатон хоҳиши ба ягон макони бекас рафтану танҳо мондан пайдо мешавад, вале ин ба шумо муяссар намегардад. Бо шахси бароятон азиз вомехӯред. Миёнаи рӯз нафаре аз шумо пул мепурсад ё баръакс қарзашро суроғ мекунад, агар имкон дошта бошед, маблағро баргардонед. Бо ҳамсар ё шарики тиҷоратӣ гапатон мегурезад. Хабари хушро интизор бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Асадҳо дар ин рӯз дар ҳама ҷода мавқеашонро баланд бардошта, донишу малакаи худро бояд нишон дода тавонанд, то ки атрофиён қадру қиматашонро донанд. Даҳонатонро аз гапи беҳуда нигоҳ доред, серҷоғӣ накунед, вагарна тамоми нияту нақшаҳоятонро пешакӣ гуфта, ба мақсад намерасед. Агар шумо танҳо бошед, муҳаббати худро вомехӯред, хусусан ҳангоми сафар бодиққат бошед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Миёнаи рӯз байни ҳамкорон муноқишаву нофаҳмӣ рух медиҳад, мушкили ҷиддӣ набошад ҳам, табъатон хира мегардад. Ба саломатиятон бодиққат бошед, аз шамолкашӣ худро нигоҳ доред, дар ин рӯз организм ба инфексияҳо тобовар мегардад. Охири рӯз ғазаби дар дилатон ҷамъшударо бароварданӣ шуда, бо аҳли оила муноқиша накунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Сунбулаҳо дар рӯзи нав таваккал карда бурд мекунанд. Аз уҳдаи тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда бо сари баланд мебароед, вале сахт хаста мегардед. Ягон кори навро оғоз накунед, беҳтараш корҳои нобасомонро ба анҷом расонед. Пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале барои амалӣ намуданаш аз дӯстон бояд кӯмак пурсед. Сунбулаҳои оиладор ба сари ҳамсари худ ҳукмфармоӣ кардан мехоҳанд. Лаҳзаҳои беҳтарину фаромӯшношуданӣ сунбулаҳои ошиқро ба олами ишқу муҳаббат мебарад. Миёнаи рӯз барои имзо гузоштан дар ҳуҷҷатҳои муҳим мусоид аст. Шом хешовандон ба меҳмонӣ меоянд.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз мизонҳо дар бисёр масъалаҳо гузашт карда, ба фоидаи худ кор мекунанд. Дар масъалае нақши миёнаравро бозӣ карда, аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Вақти хубест барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои корӣ ва оилавӣ. Агар шумо қаблан ба сари шарики умратон табақу косаро зада мешикастед, ин рӯз оромона нишаста, эътирози якдигарро гӯш мекунед. Одати аз пашша фил сохтанро партоед. Аввал ва миёнаи рӯз барои бастани никоҳ, фотиҳа, шинос кардани шахси дӯстдошта бо наздиконатон мусоид аст. Аз таъмир дар хона худдорӣ намоед, вагарна аз захму ҷароҳат эмин намемонед. Ҳамчунин аз сафару саёҳат худдорӣ намоед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ақрабҳо дар рӯзи нав хеле серкор мешаванд. Хоҳиши ба тартиб овардани хона шуморо ором намегузорад. Соҳибхонаҳо аз пайи шустану тоза кардану ба тартиб даровардани атрофи худ шуруъ мекунанд. Дар ин рӯзҳо наздиконатон ба ғамхории шумо ниёз пайдо мекунанд. Корҳои зиёдеро дар ин рӯз аз рӯйи масъулиятнокӣ ва қарзи худ шуморида иҷро мекунед. Барои нафароне, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи муносиб аст. Мобайни рӯз барои вохӯриҳои ошиқона ва шиносоӣ айёми хуб аст. Ақрабҳое, ки дербоз дар муносибатҳои ошиқона қарор доранд, аз пайи бунёд сохтани қасри бахти худ талош хоҳанд кард. Агар чанд моҳи дигар асабонӣ шудан нахоҳед, имрӯз ба касе қарз надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аввали рӯз вазнину дилгиркунанда меояд. Шуморо лозим меояд, ки кори табъи дилатон набударо иҷро кунед, дар баробари ин онро партофта ҳам наметавонед. Вазъиятро шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳаду дар натиҷа муҳаббататон ба ӯ бештар мегардад. Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона дар пеш аст, ба шарте ки дар байни чор девор нанишаста бештар ба ҷашну консертҳо равед. Қавсҳои оиладорро дастовардҳои фарзандонашон шод гардонида сарашонро ба осмон мерасонанд. Дар ҷойи кор сабру тамкинро пеша намоед, вагарна гапатон бо ҳамкоронатон мегурезад. Ғами саломатии худро хӯрда кори зиёд накунед. Танҳо истироҳат кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Аввали рӯз кӯшиши ба атрофиён маслиҳату тавсияҳои худро бор карданро накунед. Агар кӯмаки шумо ба нафаре лозим бошад, ҳатман наздатон меоянд. Тамоми корҳоятон бобарор анҷом ёфта, атрофиён ба шумо ҳасад мебаранд. Диққати худро ба аҳли оилаи худ равона созед. Хусусан агар ба наздикӣ дар оилаатон нофаҳмие рух дода бошад, замони оштишавӣ ва рафъи нофаҳмиҳо фаро мерасад. Дар ҷойи кор нофаҳмии хурдакаке рух дода, табъатонро хира мегардонад.Идеяи худро ба касе нагӯед, вагарна дигарон аз худ мекунанд. Миёнаи рӯз ба нафаре дил баста, аҳди муҳаббат мебандед. Ба кӯмаки маънавии дӯстон умед баста метавонед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳо дар рӯзи нав вохӯриву сафарҳои зиёд доранд. Нафарони наву аҷибе дар ҳаётатон пайдо мешаванд. Миёнаи рӯз барои харид кардани ҷиҳози хона мусоид аст. Агар нақшаи таъмир кардани хонаро дошта бошед, вақти харидани масолеҳи даркорӣ расидааст. Дар ҷойи кор ба кӯмаки нафаре умед бастанатон маънӣ надорад, ҳама чиз аз кӯшишу талошҳои худатон вобастагӣ дорад. Нафаре, ки пештар шуморо ранҷонида буд, узр мепурсад, вале ба гапаш бовар накунед. Ин дӯсти душманнамо аз таги поятон чоҳ кандан мехоҳад. Нафарони ношиносро ба хонаатон роҳ надиҳед. Шаб барвақттар хоб кунеду аз хоб нағзакак сер карда, хастагии чандрӯзаро бароред.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Аввали рӯз ҳутҳо хеле мехоҳанд дар муҳити таскинбахш қарор дошта бошанд. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор андеша намоед. Ақидаи худро оромона баён кунед, вагарна атрофиёнро сахт меранҷонед. Дар ин давраи умр дар баробари кор кардан истироҳатро низ фаромӯш накунед. Айёми хубест барои муошират бо нафарони мансабдор, бо кӯмаки дӯстони курсинишин мушкилоти молиятонро рафъ месозед. Ба хабари тасодуфан шунидаатон диққат диҳед, онро бар нафъи худ истифода баред. Бо ҳар баҳона аз вохӯрӣ бо дӯстон худдорӣ намоед, вагарна аз муноқиша раҳоӣ намеёбед. Одати худтанқидкуниро партоед, он бар нафъи шумо нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ