Толеъномаи 4 июл 2018
Бо мушкилоти хонаводагӣ ва оилавӣ андармон шуда, уҳдадориҳои корхонаро фаромӯш накунед, вагарна сардор аз шумо норозӣ мегардад. Бо вуҷуди он ки шумо ҳама чизро зери назорат мегиред, атрофиён ба қадратон расида эҳтиром мекунанд, вале бисёр чизҳое ҳастанд, ки аз мадди назари шумо дур мемонанд. Хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Аввали рӯз барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва оилавӣ хуб аст. Ҳарчанд имрӯз кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиятон мегардад. Одати нобовариро аз худ дур намоед, вагарна имкониятҳои хубро аз даст медиҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз бо шахсони даркорӣ шинос шуда, барои пешравӣ имконият ба даст меоред. Қисме аз ҷавзоҳо сарфи беҳуда мекунанду бо ин рафторашон ба шарикони кории худ зарар мерасонанд. Дар ҳамагуна баҳс муҳим он аст, ки нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед, он гоҳ муваффақ мегардед.Охири рӯз бо атрофиён муомилаи хуб карда, чанд навигарии тоза мефаҳмед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Айни замон даст рӯйи даст монда шинед, зеро ҳамаи кору ҳодисаҳо ғайри хоҳиши шумо рух додан мегирад. Қисми аввали рӯз тамоми корҳоятон бебарор анҷом меёбад, аз ин лиҳоз ягон корро ба нақша нагиред. Дар муносибатҳои ошиқона навигариҳои гуворо дар назар аст. Охири рӯз дастгирии наздиконро эҳсос карда, бо қувваву нерӯи дучанд ва руҳбаландӣ аз пайи корҳоятон мешавед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар дилатон шавқу шӯри зиёд пайдо шуда, хоҳиши аз зиндагӣ пурра лаззат бардоштанро мекунед. Барои он ки корҳоятон пеш раванд, доираи ҳамфикронатонро васеъ гардонед. Муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам мешаванд, шумо якдигарро хубтар мефаҳмидагӣ мешавед. Асадҳои оиладор хоҳиши зиёд намудани сафи фарзандони худро мекунанд. Айёми хубест барои пешравӣ дар кор, вале гузаштаро низ фаромӯш накунед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшида, дар дили аҳли оила тухми меҳру муҳаббат мекоред. Миёнаи рӯз бо сабаби фикру ақидаҳои гуногун бо ҳамсаратон муноқиша мекунед, вале ин муваққатӣ аст. Муноқишаву бебарориҳо дар қисми дуюми рӯз бо сабаби ба сари дигарон бор кардани қоидаҳои шумо сар мезанад.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз барору комёбӣ ҳамсафари намояндагони мучали мизон мегардад. Яке аз давраҳои аҷибу мусоиди умратон фаро мерасад. Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми мақсадҳоятон расида метавонед. Рӯз барои ба тартиб даровардани афту андом, харидани либоси нав бобарор аст. Мушкили ягона дар он аст, ки мизонҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз ҳушатонро басар гирифта, ба сар гирифта, ба ҳар нафаре ки бароятон куҳи тилло ваъда мекунад, бовар накунед. Аввали рӯз аксари ақрабҳо худро хаставу бемадор эҳсос мекунанд. Ба саросемакорӣ роҳ надиҳед, қабл аз кореро кардан нағзакак андеша намоед. Охири рӯз шуморо тағйиротҳои ногаҳонӣ ва начандон гуворо интизоранд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз фикру ақидаҳоятонро ҳамкорону роҳбарият бо хушнудӣ қабул мекунанду шумо пуштибони муътабар пайдо мекунед. Имкон надиҳед, ки шуморо аз сари кор дуратон кунанд.Нимаи дувуми рӯз нақшаҳоятон вайрон мешаванд. Одати ба дигарон айб мондану камбудӣ ҷустанро партоед, вагарна бо атрофиён муноқиша ороста, муносибататон бо ҳамкорону аҳли оила вайрон мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар масъалаҳои корӣ ҳангоми муносибат бо шарикон эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Нимаи аввали рӯз бодиққат бошед, охири рӯз нотарсона ба атрофиёнатон умед баста метавонед. Бо нафаре гапатон гурехта, чанд муддат ба худ намеоед. Ҳатто бо аҳли байт худро чандон роҳат эҳсос намекунед. Беҳтараш кунҷи танҳоӣ ихтиёр намуда, нобасомониҳои ба саратон омадаро ҳаллу фасл намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Шуморо лозим меояд, ки ба хотири оромиши қалби худ ва ба хотири нафари дигаре аз бисёр чизҳо гузашт намоед. Дар ҳама кор муваффақ мегардед, зеро зотан шахси дилёбу кордон ҳастед. Барои он ки кордатон болои равған бошад, дар масъалае гузашт кардану қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд, вале парво накунед, дер ё зуд пул ду баробар зиёд шуда бармегардад. Далвҳои ронанда бояд дар роҳ ҳушёр бошанд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имкони худро ҳамчун мутахассиси касбӣ ва шахси масъул нишон доданатон пайдо мешавад. Ҳутҳо хеле хуб дарк мекунанд, ки атрофиён аз онҳо чӣ мехоҳанд ва ба қарори дуруст омада метавонанд. Дилрабоиву фатонати шумо аз чашми ихлосмандон дур намемонад ва ҳамкорони нави корӣ меёбед. Пешниҳодҳоеро, ки пули калонро ваъда медиҳанд, қабул накунед, зеро “ҳарчи осон ба даст ояд, дер напояд” гуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ