Толеъномаи 4 май 2018

                                                                 Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аз тӯҳмате, ки дӯстон дар ҳақатон мекунанд рӯҳафтода мешавед, вале бо онҳо муноқиша накунед ба зудӣ ҳақиқат рӯйи об мебарояд. Дӯстдоштаатон дар ҳама ҳолат ҷонибдорӣ шумо хоҳад буд.  барои баланд нашудани фишор аз гиёҳҳои табии ҷойкарда нӯшед. Шомро дар танҳои гузаронед беҳтар мешавад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар коргоҳ нафаре ҳаст, ки аз ҳар гуна пешравии шумо хушаш намеояд ва ҳамеша кӯшиши сиёҳкардани шумо дар назди роҳбарро дорад. Кори дастатонро ба касе бовар накунед ва сирри муваффақиятатонро ба ҳамкорон накушоед. Шом барои рафтан ба мулоқотҳои ошиқона мусоид аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи мкқаррартву пур аз ташвишҳзои рӯзгор аст. Бародар ё хоҳаратон эҳтимол нотоб мешавад. Бояд дилмондагиву хафагиро канор гузошта ба кумаки ӯ шитобед. Барои сафари корӣ рӯз мувофиқ нест. Бояд нисбат ба хӯрок ва нӯшокиҳои истеъмол мекардаатон диққати бештар диҳед то беморииирсӣ хурӯҷ накунад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз ба маънои томаш рӯзи шумост. Санаи 4 барои саратонҳо санаи муваффақияту барорҳост. Ба ҳар коре, ки даст мезанед ба шумо манфиат меоварад. Агар каме кӯшиш ба харҷ диҳед дили ҳар касеро метавонед ба осонӣ ба даст оваред.  Шом шуморо тӯҳфаи хушу ғайричашмдоште мунтаҳир аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Эҳтимол саломатиатон каме бад шавад. Бояд ҳатман аз кор ҷавоб гирифта саривақт ба духтур муроҷиат намоед. Фаромӯш насозед, ки ҳар қадаре, ки дертар аз паси табобат шавед ҳамон андоза шифоёбиатон мушкил ва гаронтар мешавад.  Барои мулоқотҳои ошиқона ва қабули меҳмонон рӯз мувоҷиқ нест.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Рӯз чун ҳамешагист. Дар коргоҳ бисёриҳо ба роҳнамову кумаки шумониёз пайдо мекунанд, ба онҳо ҷавоби рад надиҳед, зеро ҳамаи ин некиҳо рӯзе бармегардад.  Аз рафтан ба зиёфат ва туйҳое, ки дар роҳи дур баргузор мешаванд худдорӣ намоед. Агар имрӯз мошини шахсиатонро дар хона гузореду бо нақлиёти ҷамъияти ба кор рафта оед беҳтар мешавад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Имрӯз пас аз кор бо нафаре, ки дер боз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мукотиба доштед вомехуред.  Ҳарчанд вай хело хушгапу ботарбия ҳам бошад бояд ба ӯ дил набандед. Дар ҳолати ғайр худатон зарар хоҳед дид.  Шароити иқтисодиатон низ имрӯз мӯътадил мешавад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз нав ошиқ шудаеду аз оне, ки оиладор ҳастеду ҳамсафари ҳаётиатонро ранҷонидан намехоҳед азоби виҷдон мекашед.  айни ҳол ба ягон хулосаи қатъие наоед беҳтар. Каме бо дилдодаатон  бошед ва ба зуди дарк хоҳед кард, ки ҳарчанд лаҳзаҳои бо ӯ мегузаронидаатон хушу гуворост, аммо оила дигар аст. Барои хориди калон рӯзи мувофиқ нест.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингард боэҳтиёт бошед. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамён ва телефони мобилии худро эҳтиёт кунед то гум нашавад. Шом эҳтимол аз роҳи дур ба хонаатон меояд. Аз кам будани ғизо рӯҳафтода нашавед, зеро дар урфият мегӯянд» Меҳмон аз дар дарояд ризқаш аз дарича медарояд» Бо шарофати меҳмон ҳамёнатон низ ғани мегардад.  барои мулоқотҳои ошиқона рӯзи мувофиқ аст.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар урфият мегӯянд, ки «Агар ҳавасатон ба моли бегона бошад эҳтимол рӯзе моли шуморо низ мерабоянд».Бинобар ин маҳз ба азизи дили хеш меҳрубониву навозишро бештар кунед.  Ба рафти дарсхонии кӯдаконатон аҳамият диҳед. Барои рафтан ба аёдати волидайн ё хешовандони куҳансол фурсати хуб аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз Аз кунҷкобии беш аз ҳади худ ба мушкилот ё аниқтараш ҳолати ногуворе дучор мешавед. Агар хоҳед, ки мушкилот зиёдтар нагардад зуд ба гуноҳи хеш иқрор шуда узр пурсед. Сирру асрори дигаронро фош насозед то сирри шумо низ пӯшида монад.  Шом ба мулоқоти ғайриоддие даъват мешавед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Ҳангоми ронандагӣ боэҳтиёт бошед. Ба сафари роҳи дур дар танҳои набароед. Муносибати дағалонаи роҳбар имрӯз шуморо асабонӣ мекунад. Шомро дар иҳотаи пайвандон гузаронед. Бештар дар ҳавои тоза пиёдагардӣ намоед.Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *