Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Вақти он расидааст, ки идеяҳои худро дар таҷриба нишон дода, мақсадатонро равшан намоед. Сафарҳои бобарор шуморо интизор аст. Дар миёни рӯз таваккал накунед, чунки корҳои анҷом додаатон баҳои паст мегирад. Охири рӯз ҳамаи корҳоятон ба хубӣ анҷом меёбад. Мушкилиҳои иқтисодӣ азиятатон медиҳад. Саволҳоеро, ки бештар шуморо азият медиҳанд бо шахсони наздикатон матраҳ намоед.
Аз ҳамаи бурҷҳо дида имрӯз, бештар ба қувваҳои равониатон таъсири манфӣ мерасад. Шарикони корӣ ва шахсиятон бештар аз буҳрони иқтисодӣ шикоят мекунанд. Дар муносибат бо атрофиён эҳтиёткор бошед. Ҳангоми сафар саросема нашавед. Нисбати саломатии атрофиён бепарво набошед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Тамоми рӯз диққати худро ба фарзандон ва наздикон равона созед. Нисбат ба саломатии наздикон беаҳмиятӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз барои амалӣ намудани нақшаҳоятон мувофиқ аст. Дар охири рӯз хастагиро эҳсос мекунед. Аз ин рӯ, бештар истироҳат намуда, қувваи худро барқарор намоед. Эҳтимол серкориатон боиси сар задани нофаҳмӣ байни шумо ва ҳамсаратон мешавад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Имрӯз барои вохӯриҳои муҳими корӣ чандон созгор нест. Бо шарикони эҳтимолӣ забон ёфтанатон душвор мегардад. Ҳама гуна корҳои муҳимро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Нимаи дувуми рӯз ба танбалӣ, эркагӣ роҳ надиҳед. Агар хоҳед, ки табъатон тамоми рӯз болида бошад пеш аз ҳама худатонро дӯст доред ва сипас метавонед бо ҳама бо муҳаббат муносибат кунед на нафрат. Охири рӯз идеяи наве ба саратон меояд, ки дар оянда даромади хуб меоварад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз муҳити кор ва пулиатон беҳтар мешавад. Воқеъае рух медиҳад, ки боиси зиёд гаштани бовариатон ба хеш мешавад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон бошад каме ноҷуриҳо дида мешавад. Рашки басоси азизатон боиси дилсмардии шумо мегардад. Барои нигаҳдории саломатӣ ба ҳиссиёт дода нашавед ва аз доруҳои аромбахш истифода кунед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Агар машғулияти асосӣ надошта бошед, шуморо ба кори нав даъват мекунанд. Дар аввали кор ба мушкилиҳо дучор мешавед. Миёни рӯз пешорӯятон корҳои нотамом пайдо мешавад, агар хоҳед, ки зиёд азият накашед, аз иҷрои баъзе он даст кашед. Нофаҳмиҳои оилавиро бартараф намуда, муҳити ором фароҳам оред. Дар коргоҳ ба ҳамкасбон муомилаи хуб намоед. Ба касе дасти ёрӣ дароз намудед, ӯро таъна назанед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар аввали рӯз қувваҳои зиёдро эҳсос мекунед. Корҳои ба зиммаатон гузошта шударо ба осонӣ ба анҷом мерасонед. Нимаи дувуми рӯз он чизеро, ки мехоостед амалӣ карда метавонед. Баъзе мушкилиҳо дар ҷои кор пайдо мешавад, ки ҳалли он аз фаҳмиш ва одамгарии ҳамкорон вобастагии зиёд дорад. Дар ҳаёти хонаводагӣ баъзе тағйирот ворид мешавад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳоро имрӯз хабарҳои муҳиму манфиатбахш интизор аст. Вақти иваз кардани шахсони дар атрофатонбуда расидааст. Метавонед ба сафарҳои дарозмуддат ё рухсатии бемузд фиристед.Рӯзатон пурталотум ва сермушкил хоҳад гузашт. Дар муносибатҳои маҳрамонаатон бояд навгониҳое ворид созед. Дар акси ҳол шарикатон метавонад аз якрангӣ дилгир гашта шуморо тарк кунад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз бояд худро ба даст гиред ва аз ҷангу хархаша дур бошед. Фаромӯш насозед,ки ҳама амале, ки дар сари қаҳру ғазаб анҷом дода мешавад ба пушаймонӣ меоварад. Дар коргоҳ навгоние хуше нимаи дувуми рӯз шуморо интизор аст. Ҳама гуна пешниҳодҳое, ки имрӯз мегиред аввал дар тарозуи ақл хуб баркашед ва танҳо пас аз чен кардани суду зиёнаш онро қабул ё рад намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ