толеънома

Толеъномаи 4-уми декабри соли 2023

Ҳамал

ҳамал

Дар ин рӯз танҳо ба қуввату маҳорати худ умед баста метавонед. Агар гузашт карда тавонед, нофаҳмии бо наздиконатон пайдошударо бо хубӣ рафъ месозед. Дар ҷойи кор камбудиҳо имкон доранду дар ҷодаи муҳаббат ҷудоӣ. Муҳимаш дар ин рӯз руҳафтода нашавед.

Савр

савр

Нисбати хешовандон саховатманд бошед. Масъалаи пулгириятон тӯл мекашад, аз ин лиҳоз қарз гирифта метавонед. Ҳар чизеро, ки шахси наздикатон ба шумо қисса мекунад, махфӣ нигоҳ доред. Дар ҷодаи муҳаббат ба фитнаангезиву иғво дода нашавед, вагарна сахт пушаймон мешавед.

Ҷавзо

ҷавзо

Дар ин рӯз нисбати атрофиён, дар кӯчаву ҷойи кор ботаҳаммул бошед. Дар оилаи баъзе ҷавзоҳо тифли нав ба дунё меояд. Сафари бегоҳирӯзӣ чандон бехатар нест, хусусан бо мошини шахсӣ. Бемории яке аз пайвандон боиси ташвишу изтироби шумо мегардад.

Саратон

саратон

Дар ин рӯз бояд ба сару либоси худ диққати бештар диҳед. Хусусан, агар ошиқ шуда бошеду бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқонаро дар нақша дошта бошед. Сафари фаврии корӣ аз ҷиҳати пулӣ бобарор аст. Қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Аз ҳузури нафароне, ки боиси асабонияти шумо мегарданд, худро канор гиред.

Асад

асад

Аз ҳамкорони пешина пешниҳоди хубӣ корӣ мегиред. Агар имкони барои истироҳат ба ягон истироҳатгоҳ ё ба хориҷа рафтан пайдо шавад, онро аз даст надиҳед. Дар хӯрокхӯрӣ парҳезро риоя намоед, вагарна саломатиятон нохуб гашта, вазни зиёдатӣ мегиред.

Сунбула

сумбула

Дар ҳама корҳоятон муваффақ мегардед, нотарсона корҳои навро оғоз намоед. Агар ба ақидаи наздиконатон гӯш андозед, муносибатҳоятон хуб мегардад. Ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар накунед, фаромӯш насозед, ки чашми ошиқ кӯр мешавад. Беҳтараш ба рафтору гуфтори нафаре, ки ба дилатон мабқл омадааст, бештар диққат диҳед.

Мизон

мизон

Дар ин рӯз дар бораи мушкилиҳои иқтисодии худ фикр накунед. Ба баъзе чизҳо ҳазломез нигариста, асабатонро хароб накунед. Шахсе ки аз шумо қарздор буд, пулатонро бармегардонаду маош ҳам мегиред. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

Ақраб

ақраб

Агар дар ин рӯз мушкилиҳои бо шарикони корӣ сарзадаро рафъ карда тавонед, дар тиҷорат муваффақ мегардед. Найрангбозӣ дар ҷойи кор оқибати нохуш дорад. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо таҷҳизоти барқӣ бодиққат бошед. Хариди калон накунед, вале чизҳои даркориро харида метавонед.

Қавс

қавс

Дар ин рӯз бо корҳои хона ва тарбияи фарзандон машғул шавед. Агар ба наздикӣ барои худ ёри мувофиқ ёфта бошед, муносибатҳои гарму самимиро бо дасти худ вайрон насозед. Қавсҳои оиладор бегоҳирӯзиро дар ҳалқаи наздикон бояд гузаронанд. Имрӯз ба кино ё консерт даъватӣ мешавед.

Ҷаддӣ

ҷаддӣ

Дар ҷодаи муҳаббат нофаҳмӣ рух медиҳад. Бо ҳамин сабаб тамоми корҳоятон парешон мегарданд. Диққати худро ҷамъ карда, машғулияти аҷиб пайдо намоед. Даромади иловагӣ айни муддао аст. Хабари аз дӯстатон расида табъатонро хира месозад.

Далв

далв

Дар ин рӯз хеле табъатон хушу болида мегардад. Нафарони ошиқ аз дӯстдоштаашон ҷавоби мусбӣ гирифта, сарашон ба осмон мерасад. Бо вуҷуди пеш омадани мушкилоти пулӣ, каме дертар маблағ ба даст меоред. Аз ҷӯрабозиву истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ҳут

ҳут

Ҷавонони мучали ҳут дар ин рӯз нафареро вохӯрда, дарҳол ошиқ мешаванду чанд муддат хаёлан қасри ишқу муҳаббат месозанд. Барои аз фикру андешаҳои беҳуда халосӣ ёфтани нафарони коргар худро пурра ба кор бахшидан лозим аст. Бегоҳирӯзӣ барои ба назди машшота рафтан хуб аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *