Толеъномаи 4-уми феврали соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст, эҳтимоли дучори фиребу хиёнат гаштан зиёд аст, ба ваъдаҳои дурӯғ бовар накунед. Дар масъалаҳои пулӣ ва ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим боэҳтиёт бошед. Дар ин рӯз ба маъракае даъватӣ мешавед, ҳатман дар он иштирок намоед. Саломатиятон хуб аст, вале аз бевафоии ошиқатон сахт дилшикаста мегардед.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар кору зиндагӣ ягон пешравии назаррас дида намешавад. Хомхаёлӣ ва нақшаҳои ҳавоӣ кашидан боиси бепул монданатон мегардад. Ба ақидаи бегонаҳо гӯш надиҳед, мустақилона амал намоед. Нияти сафари роҳи дур дошта бошед, ҷасурона ба роҳ бароед. Аз ҷониби нафаре, ки солиёни зиёд ба ӯ бовар доштед, фиреб хӯрданатон имкон дорад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Байни дӯстону наздиконатон мушкилиҳои ҷиддӣ рух медиҳанд. Дар ҷодаи муҳаббат фиреб хӯрдану дилмондагӣ интизоратон аст. Барои мустаҳкам сохтани вазъи молиявӣ қарз гирифтану бо корхонаҳои калон маблағгузорӣ карданатон шарт нест. Бо нафаре, ки нияти ҳамкорӣ карданро доред, риштаи муҳаббат набандед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ҳунару маҳорати худро аз атрофиён пинҳон надоред. Нисбати ошиқатон олиҳиммату саховатманд бошед, подоши некиҳоятонро ҳатман мебинед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳ маъракае ороста, бо аҳли оила хурсандӣ кунед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ҳоле, ки мушкиливу шакку шубҳа зиёд аст, аз пайи ба даст овардани пул шуданатон беҳуда аст. Маблағи зиёд сарф мекунеду фоидаи хеле кам ба даст меоред. Ба як ҳамкоратон ошиқ мешавед. Баъзеҳо собиқ дӯстдоштаашонро бармегардонанд. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки фориғболӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст. Аз ҷониби нафароне, ки шумо дӯсти худ намешуморидед, дастгириву кумак мебинед. Сайругашти баъди нисфирӯзӣ табъатонро болида месозад. Дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт бошед, аз ҷониби нафарони тамаъкор фиреб хӯрданатон имкон дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз дар рафтору кирдор ҷасурӣ нишон дода, атрофиёнро ба ҳайрат меоред. Нафарони оиладор дар робита бо хешу ақрабои ҳамсари худ бояд эҳтиёт шаванд, вагарна кор ба ҷангу ҷанҷол мерасад. Ба саломатии худ диққати хоса диҳед, бемориҳои куҳнаатон хурӯҷ мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои саломатӣ рӯзи номусоид аст. Андаке шамол хӯрда, нотоб шуданатон имконпазир аст. Дар масъалаҳои пулӣ корҳоятон барор мегиранд. Аз ҷониби нафаре, ки дӯсти наздик мешуморидед, изҳори муҳаббат мешунавед. Аз чунин гардиши қисмат руҳафтода нашавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҷойи кор мушкилиҳои ногаҳонӣ сар зада, дар ҳолати ногувор қарор мегиред. Ҳама гапу корро ба дил наздик қабул накунед ва сари эҳсос ба коре даст назанед, дар ин рӯз коратон барор намегирад. Бо наздикон муноқиша имкон дорад. Бемориҳои гурдаву меъда хурӯҷ мекунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи хатарнок аст. Дар ин рӯз ба ваъдаву қавлу қасами касе бовар накунед. Эҳтиёткориву дурандешӣ ба фоидаи шумост. Мардҳо бояд дарк намоянд, ки дар ҳолати ошиқ шудан ақлашон тира мегардад ва дар натиҷа фиреб мехӯранд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз ба ҳамаи чизе, ки боиси асабхаробиятон мегардад, аҳамият диҳед. Агар чизеро сарфи назар кунед, дигар ислоҳ карда наметавонед. Руҳафтодагӣ дар ҳаёти шахсӣ ба саломатиятон зарар мерасонад. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан ҳамёни худро эҳтиёт кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи бахшиш пурсидану итоат кардан аст. Барои ба масҷид рафтану ғалатҳои худро ба гардан гирифтан мусоид аст. Муносибати маҳрамона карданро дар ин рӯз тавсия намедиҳем. Хобҳоятон дар ин рӯз амалӣ мегарданд. Дар ҳаёти шахсиятон нобарориву дилмондагӣ рух медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ