Толеъномаи 4-уми сентябри соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз чанд ҳодисаи ногувор рух медиҳад. Шумо аз душвориҳо наметарсед, вале табъатон хира мегардад. Бо наздикон забон ёфтанатон душвор мегардад, бадияш дар он аст, ки сабабҳои нофаҳмиро фаҳмида наметавонед. Хароҷоти ҷиддӣ ва ғайринақшавӣ дар назар аст. Пулро бо душворӣ сарф мекунед, вале баъдан мефаҳмед, ки беҳуда сарф накардаед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи бобарор аст. Дар ҳолатҳои душвор ба садои қалб гӯш андозед. Агар шумо муҷаррад бошед, дар хона нишастанро маслиҳат намедиҳем, имрӯз эҳтимоли бо нафаре шинос шудану ошиқ шуданатон зиёд аст. Нишонаҳои аввалини бемории зуком бо дарди гулӯ хурӯҷ намуда, эҳтимоли сар задани аллергия вуҷуд дорад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Имкони ислоҳ намудани ғалатҳои пештар содиркардаатонро пайдо месозед, саломатиро эҳтиёт кунед. То даме, ки ғами саломатии худро нахӯред, аз бемориҳо амон намеёбед. Аз ташхиси пурра гузашта, бемориҳоро сари вақт табобат намоед. Агар нафаре аз наздикон ба асабатон мерасида бошанд, сустӣ накунед, нағзакак ӯро дар ҷояш шинонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи душвор аст. Нимаи аввали рӯз дастгирии дӯстон айни муддао мегардад. Дар сафар эҳтиёт бошед, хатари гум кардани чизи муҳиме дар назар аст. Эҳтимоли сар задани баҳсу мунозира бо наздикон, муноқиша дар оила вуҷуд дорад. Нофаҳмиҳо рафъ мегарданд, вале кӯшиш намоед, ки дар сари қаҳр ягон сухани зиёдатиро ба забон наоред.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи беташвиш аст, ягон ҳодисаи бад рух намедиҳад. Воқеаҳои ногаҳонӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Дӯстон бо хабарҳои ногаҳонӣ табъатонро хира месозанд. Асабонияти пайдошударо бо дорувориҳои валидол ва аспирин рафъ карда метавонед. Рафту асаби ором дошта бошед, ба дору эҳтиёҷ пайдо намекунед. Дар масъалаҳои пулӣ танҳо аз рӯйи нақша амал намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Бисёр рӯзи бобарор аст. Бо нафароне, ки вақтҳои охир забон ёфта наметавонистед, дар ин рӯз муросо мекунед. Ташвишу изтироб аз дилатон дур мегардад. Дар масъалаи саломатӣ заифиву руҳафтодагӣ ва дарди сар имкон дорад. Пешравии корҳоятон аз корчаллониву ҳушёрии шумо вобастагӣ дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи номусоид аст. Қалбатон гирифтори руҳафтодагиву ноустуворӣ мегардад. Ба назаратон чунин мерасад, ки атрофиён барқасдона ба асаби шумо мерасанд. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намуда, бештар меваҷот истеъмол намоед. Аз мушкилиҳое, ки ба сари наздиконатон меоянд, худро канор гиред. Вазъи молиявӣ аз дуруст сарфа кардани пул вобастагии зиёд дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Пешомади баде, ки дилатон гувоҳӣ медод, дар ин рӯз амалӣ мешавад. Вазъият тавре сурат мегирад, ки шуморо дар корҳои зиёде гунаҳкор месозанд. Ҳангоми худро муҳофизат кардан ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Дӯстдоштаатон ба меҳру муҳаббати шумо ниёз дорад. Масъалаҳои молиявӣ ба фоидаи шумо анҷом меёбанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба вазъи саломатии худ ва робита ба наздикон диққат диҳед. Муноқишае имкон дорад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Аз он, ки дӯстдоштаатон андешаашро нисбати шумо тағйир додааст, худатон гунаҳкоред. Агар аз бемориҳои меъда азият мекашида бошед, хӯрокҳои равғанинро истеъмол накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Мардҳо набояд ба эҳсосот дода шаванд. Бонувон бояд ба саломатии худ диққат дода, аз хӯроки равғанин худдорӣ намоянд. Коре, ки дар ин рӯз пайдо мекунед, аҷибу баобрӯ аст. Зимни сафарҳои корӣ бо шахси олиҷаноб шинос мешавед. Баъди робита бо ҳамсафари хуб руҳатон болида мегардад. Бегоҳирӯзӣ даромади пулӣ имкон дорад.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи душвор аст, тамоми рафтори худро андеша намоед. Зимни робита бо наздикон мушкилиҳо сар зада, шуморо гунаҳкор месозанд. Аз имкон дур нест, ки аҳли оила аз беэътиноии шумо гила доранд, ин камбудиро рафъ намоед. Мукофотпулии калон ва хариди хуб карданатон имкон дорад. Дар ин рӯз бештар мева истеъмол кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Аз нафарони хатарноку шубҳаовар худро дур гиред. Агар бо роҳи макру ҳилла равед, муфлис мегардед. Ба худ бовар кунед, на ба онҳое, ки шуморо фиреб додан мехоҳанд. Агар ба муносибатҳои ошиқонаатон меҳру муҳаббатро ворид намоед, бо ҳам наздиктар мегардед. Барои ба рухсатии меҳнатӣ баромадану истироҳат кардан рӯзи мусоид аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ