толенома

Толеъномаи 4-уми сентябри соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Назди худ мақсад гузореду барои амалӣ сохтанаш кӯшиш ба харҷ диҳед. Агар ақли солимро ба кор баред, ҳатман дар корҳоятон муваффақ мегардед. Муносибатҳоятон бо нафароне, ки ҳурматашонро ба ҷой меореду ба нуқтаи назарашон гӯш меандозед, хуб мегардад. Нимаи дуюми рӯз барои сафарҳои дур ва ба эътидол овардани мушкилиҳои ҳуқуқӣ номусоид меояд.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Мушкили асосии саврҳо буҳрони ҳаёти шахсӣ аст. Меҳру муҳаббат аз муносибатҳои шумову шахси дӯстдоштаатон гум гашта, душмани ашаддии якдигар мешавед. Агар аз муноқишаи калон ва ҷудоӣ эмин мондан хоҳед, сардшавии муносибатҳоятонро пешгирӣ намоед. Одати беэҳтиётона рафтор кардан боиси ҷароҳат бардоштанатон мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Барои ҷавзоҳои оиладор рӯзи санҷишу имтиҳонҳо фаро мерасад. Ҳамсафари ҳаётиятон бо моҷароҷӯиву қаҳру ғазабаш боиси абролуд сохтани самои беғубори оилавиятон мегардад. Бетарафиву хомӯшии шумо ба оташи низоъ равған мерезад. Дар ин рӯзҳо таъмири хона, ҷойгардонкунонии мебел, харидани асбобҳои техникӣ ё рӯбучини хонаро, ки ширкати тамоми аъзои оиларо талаб мекунад, ба нақша нагиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Барои он ки дар хӯрокхӯриву истироҳати шумо халал эҷод нагардад, реҷаи рӯзро риоя намуда, сари вақт хӯрок хӯреду вақти хобро ба таъхир нагузоред. Агар шумо сигор мекашед ё майхора бошед, барои раҳоӣ ёфтан аз ин одатҳои бад рӯзи муносиб аст. Нимаи дуюми рӯз аз харидорӣ намудани туҳфа барои шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, интихоби шумо ба ёратон хуш намеояд.

Асад (23 июл23 август)

асад

Дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, оқилу дурандеш бошед, он гоҳ монеаҳоро бо осонӣ паси сар намуда, ба мақсадҳоятон мерасед. Дар масъалаҳои шахсӣ ва корӣ ба садои қалб гӯш андозед. Баъди нисфирӯзӣ қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред, вагарна дар сари қаҳр шахси тамоман бегуноҳеро меранҷонед. Пешравии кори шумо аз меҳнатдӯстиятон вобаста аст. Дар ҳаёти шахсӣ нофаҳмиҳо дар назаранд.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Барои шумо давраи оромтарини сол фаро мерасад. Ташвишҳоеро, ки чанд рӯз боз мисли кирми лойхӯрак майнаи сари шуморо сӯрох месозанд, аз худ дур созед. Беҳуда ба касе ваъдаи хушку холӣ надиҳед, кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба гардан нагиред. Шумо бояд тамоми фикру зикри худро ҷамъ карда, ба як мақсад равона карда тавонед. Ҳангоми суҳбат бо сардор мушкилоти худро ёдовар шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Барои он ки эҳсоси худпарастӣ ғолиб наояд, шумо бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед. Дар масъалаҳои пулӣ андаке иштиҳои худро пасттар намоед. Карахтӣ ва куҳнапарастии шумо садди роҳи дастовардҳоятон мегардад. Ҳангоми омӯхтани чизи нав ва муошират бо шахсони ношинос ба дил шубҳаро роҳ надиҳед. Пухтакор бошед, вақти пурқиммати худро ба суҳбатҳои беҳуда сарф накунед, нақшаҳоятонро тарҳрезӣ кунед, он гоҳ аз натиҷааш шод мегардед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Аввали рӯз қариб дар тамоми масъалаҳо бобарор меояд. Вақту қувваи худро холисона ба назар гиред, вагарна тамоми рӯз бо кор андармон мегардед. Корҳои фавриву ногаҳонӣ пеш меоянд, ки аз шумо диққатнокиву таваҷҷуҳро талаб мекунанд. Нимаи дуюми рӯз барои бо касе муноқиша накардану ба сари худ бало нахаридан худро аз дағаливу асабоният нигоҳ доред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Комёбиву шуҳрати шумо боиси рашку бахилии бадхоҳонатон мегардад, вале аз ғайбати нокасон зиқ шуда, худро обу адо насозед. Сафари роҳи дур дар назар аст. Ҳангоме ки дар ҳоли ногуворе афтодед, танҳо бо андешаи худ амал намоед, он гоҳ аз хатоиҳо амон мемонед. Касеву чизе набояд садди роҳи нақшаву ниятҳои шумо гардад. Мушкилоти дар ҷойи кор пайдошударо танҳо бо қувваи худ рафъ карда метавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Андаке тарзи гуфторатонро дар ҷамъият тағйир диҳед, доираи ҳамсуҳбатонатонро иваз намоед. Фаромӯш насозед, ки барои ҳамсуҳбати хуб будан серҷоғӣ кардан шарт нест, муҳим гӯяндаро шунида тавонистан аст. То даме, ки атрофиёнатон дар истироҳат қарор доранд, шумо хеле серташвиш мешавед. Барои он ки аз муошират ҳаловат бардоред, бо нафарони бароятон дилписанд суҳбат кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Зодагони бурҷи далв одати гузашт кардан надоранд ва бо якравияшон атрофиёнро ба шӯр меоранд. Мушкилиҳои ҷиддии кориро имрӯз ҳал накунед. Ба рӯбучини пурраи хона ва корҳои таъмирӣ низ машғул нашавед, беҳтараш вақти холиятонро дар назди экрани телевизор гузаронед. Маблағи хуб ба даст меоред, вале онро беҳуда сарф накунед. Шиносоии нимаи дувуми рӯз бавуқуъомада дер давом намекунад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Қобилиятҳои кориятон паст гашта, дар ҷои кор дучори мушкилоти зиёд мегардед. Вақте расидааст, ки истироҳат намуда, саломатиро барқарор созед. Аз вазъиятҳои моҷароангез дурӣ ҷустанатон беҳтар аст, вагарна асабатон харобу табъатон хира мегардад. Аввали рӯз пули калон сарф мекунед. Нимаи дуюми рӯз вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Агар ба нафаре изҳори муҳаббат карданӣ бошед, рӯзи мазкур барои ин кор хеле мусоид аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *