Толеъномаи 4 январ

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Нафарони воломақому баландмартаба дар корҳои оғознамудаатон таъсири худро мегузоранд. Кӯшиши шуҳратпарастиятон бенатиҷа намемонад, ниятҳоятон амалӣ мешаванд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз гардишҳои ногаҳонии қисмат ва нобарориҳоро пешгирӣ карда наметавонед. Нофаҳмиҳои гуногун, хатогӣ ва ранҷишҳои ошиқона имкон доранд. Нисбати наздикони худ ҳамчун молик рафтор накунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои ба эътидол овардани муносибатҳои корӣ бо сардор, ҳамкорон ва мизоҷон. Дар ин рӯз хеле ҷаззобу қобилияти кориятон дучанд мегардад. Агар нағзакак андеша намуда, сари қарори дуруст омода тавонед, даромади хуб меёбед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз ба садои қалби худ гӯш диҳед, фиреб намехӯред. Барои ба даст овардани фоида ё расидан ба мансаб имкон фароҳам меояд. Агар бо ақли сар неву бо амри дил амал кунед, бурд менамоед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз зиракиву ҳушёриро аз даст медиҳед. Дар гуфтор хеле дағал мегардед. Фаромӯш насозед, ки дағалии шумо ба иззати нафси дигарон сахт мерасад, вагарна тамоми рӯзро бо муноқишаҳои бемаъниву беохир мегузаронед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Корҳоеро, ки то имрӯз ба таъхир мегузоштед, дар ҳамин рӯз амалӣ намоед. Аз дағаливу бераҳмӣ худдорӣ намоед, вагарна бо атрофиён низоъ карданатон эҳтимол дорад. Агар нафареро сахт ранҷонидан нахоҳед, худро ба даст гиред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз барои тағйир додани вазъият ё беҳтар сохтани он коре карда наметавонед. Беҳтараш ба тақдир тан диҳед, вагарна тамоми рӯзро бо асабоният мегузаронед. Агар асабатонро ором карда тавонед, мушкилоти пулиро рафъ месозед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ба ақли солим такя намуда ба эҳсосот дода нашавед. Рӯз барои мулоқотҳои ошиқона созгор нест, вале барои гузоштани қадамҳои ҷиддӣ мусоидат мекунад. Бегоҳирӯзи пешниҳоди хуб мегиред.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи пур аз баҳсу мунозира аст. Ҳама гапу корро бо назари танқид қабул накунед, касе нияти таҳқир кардани шуморо надорад. Агар тамоми рӯзро бо муноқиша гузаронидан нахоҳед, аз мавзуъҳои баҳсӣ дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз роҳҳои бо осонӣ беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо месозед. Нақшаҳоятон дарҳол амалӣ мегарданд, вале ин воситаҳоро фаромӯш насозед. Замоне фаро мерасад, ки бо истифода аз он маблағи хуб меёбед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Барои нафароне, ки тахаюлоти бойи эҷодӣ доранд, рӯзи пур аз шодиву нишот аст. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмоне меояд, ки аз дидораш беҳад хушҳол мегардед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз хариди калон мекунед, баъзеҳо маблағи зиёдро аз даст медиҳанд. Агар ба дастгирӣ низ дошта бошед, яке аз хешовандонатон ба кӯмаки шумо мешитобад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *