Толеъномаи 5 декабр 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз шумо бо касе шинос мешавед, ки дар сарнавиштатон нақши бисёр муҳимро бозида метавонад. Саросема нашуда аввал дар бораи  пешниҳоде, ки вай ба шумо мекунад, нағзакак андеша намоед, баъд хулоса бароред. Ба баъзе ҳамалҳои танҳо охири ҳафта хостгор меояд. Ҳамалҳои корчаллон, нимаи дуюми рӯз даромади калон ба даст оварданатон имкон дорад, вале бой шудам гуфта пулро ба чор тараф пош додан нагиред. Дар коргоҳатон каме нооромӣ мешавад. Гуноҳ аз шумо бошад, мағрурӣ накарда узр пурсед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Сарвҳо бояд барои беҳтар кардани сатҳи зиндагияшон каме кӯшиш кунанд. Барои ёфтани шарикони нав ва бастани шартномаҳо камари ҳиммат бандед, вагарна ҳолатон табоҳ мешавад. Каме даромад ба даст меоред, вале пули ёфтаатон ба зудӣ боз аз даст меравад.  Дар коргоҳатон роҳбарият шуморо сарзаниш намуда ба ҳар коратон эрод мегирад. Дилмонда нашуда ба коратон бодиққаттар шавед,  ҳамааш оҳиста-оҳиста хуб мешавад. Ҷумъа вазъи саломатиатон каме бад мешавад, эҳтимол шуморо ба беморхона баранд. Ҳама кору боратонро як тараф гузошта аз пайи табобат шавед, зеро саломатиро харида намешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз барои ҷавзоҳо каме душвор аст, вале набояд озурда шуд. Шумо бо кӯмаки дӯстонатон аз уҳдаи ҳалли ҳама мушкилиҳо мебароед. Дар бозор ё роҳ тасодуфан як бандча пул меёбед ё дар лоторея бурд мекунед. Ин маблағ як орзуи бузурги шуморо дар зиндагӣ  ҷомаи амал мепӯшонад. Ҷавзоҳое, ки бо тиҷорат сару кор доранд, нимаи дуюми рӯз агар шартнома банданд, ояндаи неки худро таъмин менамоянд. Бонувони бурҷашон ҷавзоро вохӯрии аҷиб ва сайругашти романтикӣ интизор аст. Аз роҳи дур як хушхабар ба гӯшатон мерасад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз барои зодагони бурҷи  саратон  айёми  гуворост. Душанбе пур аз рӯйдодҳои аҷибу ғароиб аст. Ба саратонҳое, ки аз бекорӣ хаста шуда бо тиҷорат машғул шуданиянд, маслиҳат медиҳем, ки аз тиҷорати хурд сар кунанд, вагарна пулашон ба боди фано меравад. Саратонҳое, ки орзуи бо маҳбуби дил вохӯрданро доранд, ба наздикӣ ҷуфти худро меёбанд. Бонувони зери ин бурҷ ба дунё омада шоҳзодаи орзуҳои худро нимаи дуюми рӯз тасодуфан пайдо мекунанд, вале ин вохӯрии ногаҳонӣ дари бахтро ба рӯяшон хоҳад кушод.  Барои харидани хона ва мошин айёми беҳтарин аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Имрӯз асадҳо барои ба даст овардани чизи дилхоҳашон талош мекунанд. Дар тиҷорат баъзе нокомиҳо мешаванд, вале аз ин набояд озурда гашт. Буҳрони иқтисодӣ имрӯз танҳо шуморо не, тамоми оламро фарогир аст. Меҳнат кунед, мушкилиҳои молиявӣ оҳиста-оҳиста ҳал мешаванд. Барои асадҳое, ки фикри зангириро дар сар доранд, айёми беҳтарин фаро мерасад. Арӯсе, ки ин ҳафта меёбед, шуморо ба маънои томаш хушбахт карда метавонад, вале эҳтиёт бошед, ки ба доми фиреби занҳои маккора наафтед. Асадҳои оиладор соҳиби фарзанд мешаванд ё дар ҷодаи ҳаёти оилавиашон ягон хурсандии дигар рӯй медиҳад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз ситораҳо ба зодагони бурҷи сумбула сабру тоқат карданро тавсия медиҳанд. Вазъи саломатиятон якбора бад шуда, наздиконатонро ба ташвиш меорад. Ба саломатиатон аҳамият диҳед, чунки табиби ҳар шахс худаш аст. Каме азоби бепулӣ мекашед. Меваи сабр ширин аст мегӯянд, сабр кунед, рӯзҳои наздик манбаи даромад пайдо ва мушкилатон осон мегардад. Мардҳои зери бурҷи сумбула ба дунё омада, ки дар вазифаҳои масъул кор мекунанд, имрӯз бояд теғи забонашонро нигоҳ доранд, то дари муваффақиятҳи касбиро ба рӯйи худ набанданд. Хушомадгӯӣ кардан ба сардор шарт нест, вале садоқататон самари хуб дода метавонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Ҳолати молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Даромади на он қадар калонеро ба даст меоред. Барои сарф кардани пул саросема нашавед, ин маблағ барои харидани ашёи кайҳо орзукардаатон ба шумо лозим мешавад. Мардҳои зери ин бурҷ тавлидшуда бояд рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба сар задани моҷаро ва баҳс дар коргоҳашон роҳ надиҳанд. Бо сардор муноқиша кардан ба манфиати шумо нест. Дар хона низ бояд бисёр боэҳтиёт рафтор намуд. Аз сари рашку ғурур дили маҳбубатонро озурда насозед, ки абадан шуморо тарк хоҳад кард.  Мабодо аллакай дили ёратонро ранҷонда бошед, худхоҳӣ накарда, зудтар занг занед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ҳолати молиявии ақрабҳо имрӯз муътадил боқӣ мемонад. Пайдо шудани сарчашмаи нави даромад ба гумон аст, вале шумо имкон доред, ки ба наздиконатон ёрӣ расонед. Хасисӣ накунед, дасти мадад дароз кардан ба аҳли оила ва дӯстонатон муносибати шуморо бо ин одамони бароятон дар ҳаёт бисёр зарур беҳтар хоҳад кард. Ақрабҳое, ки дар сари вазифаанд, имрӯз эҳтимол ба хориҷа сафар намоянд. Бастани шартномаҳои тиҷоратӣ манфиати калон меорад. Занҳои бурҷашон  ақрабро ин ҳафта дар ҷодаи касбӣ комёбию дар ҷодаи ишқу муҳаббат дилсардӣ интизор аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои бартараф намудани мушкилоти молиявӣ имрӯз эҳтиёткорона тамоми  ҳуҷҷатҳои  вобаста ба пулро тафтиш кунед. Худо накарда камбудие дар ҳуҷҷатгузориатон ёбанд, моҷарои калоне ба саратон омада, асабҳоятонро хароб мекунад. Барои иваз намудани намуди зоҳирӣ айёми беҳтарин аст. Шаклан каме дигаргун шудан шуморо боз ҳам зеботар гардонида, имкони ёфтани ҷуфти ҳаётиатонро дучанд месозад. Ба қавс-мардҳое, ки дар интизории пайғоме аз маъшуқи сангиндил ҳоли табоҳ доранд, маслиҳат медиҳем, ки ноумед нашаванд, дӯстдоштаатон шуморо месанҷад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аввали рӯз  даромади калон шуморо интизор аст. Маблағе, ки ба даст меоред, барои хариди ягон чизи гаронбаҳо кифоят мекунад, вале ба шумо зуд ба бозор давиданро маслиҳат намедиҳем. Нахоҳед, ки пулҳоятонро дузд барад, беҳтараш аз рафтан ба бозор худдорӣ намоед. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол дар оилаатон нофаҳмие сар занад. Ҷаддиҳои корчаллонро санҷиши ҷиддӣ интизор аст, бартариатонро нишон дода тавонед, чанд зина боло меравед, дар акси ҳол ноком хоҳед гашт. Муваффақият дари хонаи шуморо мекӯбад, агар содиқона меҳнат намоед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аввали рӯз хароҷоти калон зарбаи сахте ба  кисаатон зада, мушкилоти пулӣ шуморо хаста месозад. Озурда нашавед, нимаи дувуми рӯз даромади калони пулӣ ба даст оварда метавонед. Ҷангу ҷанҷоле, ки дар ҷойи коратон сар зада, дарди сари шумо мешавад, табъатонро андак хира хоҳад кард. Мардҳои бурҷашон давл маъшуқаи  бою бадавлат меёбанд ё бо кӯмаки кадом дӯсти сарватмандашон тиҷорати худро оғоз менамоянд. Далвҳои соҳиби курсӣ бояд дар бастани шартномаҳо эҳтиёткор бошанд. Як имзои носанҷида шуморо ба гирдоби мушкилиҳо афканда метавонад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аввали ҳафта  даромади  на он қадар калон шуморо интизор аст.  Дасткушодӣ  ҳамёнатонро ба зудӣ холӣ ва ҳолати рӯҳияатонро  хароб месозад, бинобар ин, дар сарф кардани маблағ эҳтиёткор бошед. Чоршанбе  барои ҳутҳои танҳо рӯзи бобарор аст. Дар ин рӯзи мурод шиносоии тақдирсозе ба вуҷуд меояд, ки дари бахту саодатро ба рӯйи шумо боз карда метавонад. Сари калобаатонро гум карда, барои маслиҳат ба назди ҳар касу нокас нашитобед, бадхоҳон ва душманон аз  ҳасад бахти шуморо баста метавонанд. Мардҳои зери бурҷи ҳут ба дунё омадаро имрӯз комёбии бузурге интизор аст, ба шарте, ки танбалӣ накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *