Толеъномаи 5 май 2018

                                                                 Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз мушкилоти куҳнае, ки чансоли охир шуморо азоб медод ҳал мекунед.  Вазъияти иқтисодиатон низ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Кӯшиш намоед нисбати аҳли байти хеш меҳрубону ғамхор бошед ва бо суханони ноҷо дили калонсолони оиларо наозоред. Дӯсти қадимаатон дар дил нисбати шумо бахиливу нотавонбинӣ дорад, эҳтиёт бошед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Шумо бояд новобаста аз мушкилотҳои корӣ, молиявӣ ва оилавӣ барои истироҳату табобат вақт ҷудо кунед. Шояд беъзеҳо шуморо ба худхоҳӣ гунаҳкор кунанд, аммо ин муҳим нест. Фаромӯш накунед, ки мушкилоти одамизод ҳеҷ вақт тамомшудани нест то он даме, ки инсон ҳаст мушкилоташ низ ҳамроҳаш хоҳад буд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар танбалӣ нокарда ҳаммаи донишу малакаи худро ба кор баред натиҷаи хуб ба бор меоварад. Нимаи дувуми рӯз дар рафти сафар бо нафаре шинос мешавед, ки зиндагонии шуморо куллан тағйир хоҳад дод. Бо вуҷуди серкорӣ оилаатонро фаромӯш насозед.  Аз нӯшокиҳои спиртӣ имрӯз дур бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар  ба эҳсосот дода шаведу бо амри дил кор кунед дар байни дӯсту душман шарманда мешавед. Бояд эҳсосотӣ нашуда аз ақли солим кор гиред. Даромади пулӣ дар назар аст, аммо ба мушкилоте дучор мешавед ва ҳаммаи пулҳоятонро маҷбуран сарф мекунед.  Дар имзогузоштан ба ҳуҷҷатҳо ва шартномаҳои иҷтисодӣ аз машварату маслиҳати шахсони пуртаҷриба истифола баред.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аз ҷанҷолҳои маъшуқаатон дилгир шуда, ба назди оила ва фарзандонатон баргаштан мехоҳед, вале шуморо дубора  қабул кардани онҳо ба гумон аст.  Илова ба ин мушкилоти иқтисодӣ асабонияти шуморо зиёда мекунад. Беҳуда айбро ба гардани дигарон наандозед ва ба гуноҳи хеш иқрор шуда аз наздикон узр пурсед. Бо дахолати яке аз калонсолони авлод мушкилоти шумороҳиҳалли худро пайдо мекунад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Агар ҳавобаландӣ накунед ва ба маслиҳату корнамоии ҳамкори ботаҷрибаатон амал кунед ҳатмат муввафақ хоҳед шуд.  Нимаи дувуми рӯз бениҳоят эҳтиёткор бошед, зеро аз робитаи ғайриқонунии шумо ҳамсаратон огоҳӣ ёфтанаш мумкин. Шом ҳамроҳи пайвандон ба гулгашту хиёбонҳо равед. Барои зиёддтар нагардидани дарди гурдаҳо аз истеъмоли хурокҳои шур ва тунд парҳез кунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Агар талх шудани ҳаётатонро нахоҳед, ба ҳамсаратон барои рашк асос надиҳед. Коре кунед, ки аз хиёнатҳои пайдарпайи шумо огаҳӣ наёбад.  Дар коргоҳ ягон навгоние нест.  Охири рӯз аз ҷониби дӯстон ба маъракаи дилхушие даъват мешавед агар ҳамсаратонро ҳамроҳ баред хубтар мешавад. Ба вазъи саломатии волидайн бештар аҳамият диҳед акнун фурсати он расидааст, ки хизматашонро баргардонед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Ба шумо пешниҳоди издивоҷ мекунанд, аммо баҳри қабули он саросема нашавед.  Дар коргоҳ яке аз лоиаҳои асосиатонро ба анҷом расонида даромади калон ба даст меоваред. Барои рафъи миёндарде, ки хело боз шуморо азият медиҳад бояд зуд ба мутахасисон муроҷиат кунед вагарна хатари аз пойи равон маҳрум шуданатон ба миён меояд.  Шомро бо оилаатон гузаронед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Бо ягон нафар шинос шуданро тавсия намедиҳем, зеро эҳтимоли оне, ки шиноси нав дилатонро мешиканад зиёд аст. Аз корҳое, ки боиси рехтани обрӯву эътиборатон мегардад, дур бошед. Барои хариди таҷҳизоти хона фурсати мувофиқ аст. Шумо табиатан шахси поктинат ва зудбовар ҳастед, вале маҳз ҳамин хислататон ба саратон бало меоварад.  Бештари вақтатонро дар танҳоӣ гузаронед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Бемории ҷигарбанд ва набудани маблағи кофӣ барои табобати он шуморо ғамгину рӯҳафтода мекунад. Вале рӯҳафтода нашавед нимаи дувуми рӯз бо кумаки дӯсти деринаатон маблағ ба даст меоред.  Чун асабониву хотирпарешон ҳастед дар коргоҳ ба ягон муваффақият ноил намешавед. Ҳеҷ гоҳ ба ноумеди афтода даст ба корҳои ғайриқонунӣ назанед, ки мушкилотатон даҳчанд мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯз дилатон оромӣ мехоҳад. Аз даводаву такопӯҳои рӯзгор хаста шуда мехоҳед гӯшаи танҳоӣ ва оромиро ихтиёр кунед.  Аммо вазъият чунин мешавад, ки ҳатто як лаҳза ҳам барои истироҳату фароғат фурсат намеёбед. Нимаи дувуми рӯз ба сафари корӣ меравед, вале онро бобарор анҷом дода наметавонед. Боду ҳавои дигар ба организми шумо мувофиқ наомада каме нотоб мешавед. Меҳрубониву шавкати ҳамсаратон ба дарди шумо даво мебахшад

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз хиёнати азизатон зиёд гамғин мешавед ва дилатон аз оламу одам ба қавле хунук мешавад. Беҳтараш як муддат аз кор рухсатӣ гирифта, макони истиқомататонро муваққатан иваз кунед. Фаромӯш насозед, ки ҳар он чизе, ки дар зиндагии инсон рух медиҳад ба фоидаи ӯст. Барои сабук шудани дардатон бояд ҳама кинаву адоват ва рашку ҳасудро аз дил берун кунед. Барои ормиии асабҳо дар боғу гулгаштҳо пиёдагардӣ кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *